Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 103)

Маданият ва санъат

МУСИҚИИ КИНО

musikii-kino

МУСИҚИИ КИНО, жанри махсуси мусиқист дар кинематография. Дар ибтидои пайдоиши кино мусиқӣ бо мақсади фурӯ нишондани садои аппарати кино истифода мешуд. Баробари ба вуҷуд омадани кинои овоздор мусиқӣ яке аз ҷузъҳои асосии кинодраматургия гардид. Мусиқӣ дар филмҳои таърихӣ-тарчумаиҳолӣ (аз ҳаёти бастакорон, дирижёрон, сарояндагон), кинокомедияҳои мусиқӣ, филмҳои мултипликасионӣ, инчунин дар киноконсерт, …

Муфассал »

МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ

musikai-kameravi

МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ (аз лотинӣ camera — хона), асари мусиқист, ки барои дастаи хурди навозандагон ва сарояндагон эҷод шудааст (дуэт (дугона), трио (сегона), квартет (чоргона), соната, романс ва ғайра. Асарҳои мусиқии якканавозӣ, ки хоси асарҳои эстрада ва консерт нестанд (фуга, ноктюрн ва ғайра), низ ба Мусиқии камеравӣ тааллуқ доранд. Оромию пурнафосатӣ …

Муфассал »

МУСИҚИИ ВОКАЛӢ

vokal

МУСИҚИИ ВОКАЛӢ, мусиқиест, ки барои суруд эҷод мешавад. Ба Мусиқии вокалӣ асарҳое дохил мешаванд, ки барои яккахонӣ ё хониши бисёровоза, ансамбл, хор, капелла эҷод шуда, бо ҳамовозии созҳои мусиқӣ ва бе иштироки он иҷро мегардад. Дар ҳамаи асарҳои Мусиқии вокалӣ овози инсон мавқеи калон дорад. Мусиқии вокалиро ба жанрҳои зерин …

Муфассал »

МУСАРРАЪ

musarrah

МУСАРРАЪ (арабӣ—Дари дутабақа сохтан), байтест, ки ҳар ду мисраи он қофия дошта бошад. Баъзе шоирони қасидасаро дар дохили як қасида ду ва ё зиёда аз он байти Мусарраъ овардаанд ё ин ки таҷдиди матлаъ кардаанд. Дар қасидае, ки ду байти Мусарраъ дорад, матлаи дуюм баъд аз итмоми тағаззул оварда мешуд …

Муфассал »

МУСАММАТ

musammat

МУСАММАТ (арабӣ — дар ришта марворид кашидан), як навъи шеърист, ки аз бандҳои чудогона таркиб ёфта, мисраи охири ҳар банд бо мисраи охири банди якум ҳамқофия меояд (ааааас, бббббс…): Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст.  Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.  Он барги хазон аст, ки бар шохи …

Муфассал »

МУСАММАН

sher

МУСАММАН (арабӣ —ҳаштгона, хаштоӣ), навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик, ки ҳаштхона ё ҳашти дар ҳашт низ меноманд. Мувофиқи ин санъат шеъри ҳаштмисраиро ба ҳашт порчаи тараннумӣ чунон тақсим мекунанд, ки ҳар мисраъ дар арзу тӯл як хел хонда мешавад: Ин гуна шеър агар аз шаш мисраю (ё байту) шаш …

Муфассал »

МУСАЛЛАС

sher

МУСАЛЛАС (арабӣ— сегона, се­тоӣ), як навъи шеър аст, ки аз як­чанд банд иборат буда, ҳар бан­ди он аз се мисраъ таркиб меёбад. Мусаллас хамчун шакли мустақили шеърӣ дар назми классикии форс-тоҷик пас аз асри 15 ривоҷ ёфт. Мушфикӣ эҷодкори жанри Мусаллас дониста шудааст. Мусалласи Мушфиқӣ 14 банд дошта, ду мимраи …

Муфассал »

МУСАДДАС

musaddas

МУСАДДАС (арабӣ — шашгона, шаштоӣ), 1) навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик. Шаш мисраъ ё шаш байтест, ки агар онҳоро ба шаш порчаи тараннумӣ ё шаш рукн ҷудо карда, дар порчаи тараннумӣ ё дар шаш хонаи баробарпаҳлӯ навишта, аз чап ба рост ва аз боло ба поён хонанд, маънию шакл …

Муфассал »

МУРООТУННАЗИР

navo

МУРООТУННАЗИР (арабӣ — риоят кардан қарияи чизеро), м у- рооти назир, навъе аз санъатҳои бадеии маънавӣ, яке аз намудҳои ташбеф, ки бештар ба истиорла наздик аст. Дар Муроотунназир калимаву ибораҳои шеър мазмунан бо ҳамдигар муносибати куллӣ дошта, зикри яке дигареро тақозо менамояд. Масалан, агар дар як байт дарё зикр ёбад, …

Муфассал »

МУРОДОВ Ҷӯрабек

churabek-murodov

МУРОДОВ Ҷӯрабек (таваллуд 24. 12. 1942, деҳаи Куруди райони Аинӣ, вилояти Ленинобод), ҳофиз ва оҳангсози со­ветии тоҷик (сопранои лирикӣ). Яке аз сарояндагони намоёни сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикӣ. Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1979). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1967. Тобишҳои оҳанг, ҷиҳатҳои хоси овоз ва …

Муфассал »