СВАЗИЛЕНД (Swazilend). Шоҳии Свазиленд, давлатест дар ҷануби Африка. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ, 17,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 650 ҳазор нафар (1984), асосан свазиҳо. 40%-и аҳолӣ ба динҳои анъанавии маҳаллӣ ва боқимонда ба дини масеҳия эътиқод доранд. Пойтахт шаҳри Мбабане. Сардори давлат —шоҳ. Релеф аз пуштакӯҳи Велд, ки ба Ғарб …
Муфассал »САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ
САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ, сарзаминест дар шимоли ғарби Африка. Масоҳаташ 266 ҳазор км2. Аҳолиаш тақрибан 75 ҳазор нафар (1982 аз рӯи маълумоти Марокаш, мувофиқи маълумоти ПОЛИСАРИО қариб 1 миллион нафар), асосан маврҳо, арабҳо ва барбарҳои бодиянишин. Забони расмӣ — арабӣ. Дини асосӣ — ислом. Маркази маъмуриаш Ал-Аюн (қариб 50 ҳазор нафар, …
Муфассал »САҲРОИ КАБИР
САҲРОИ КАБИР биёбонеет дар Африкаи Шимолӣ, калонтарин биёбони тропикии кураи замин (қариб 1/4 ҳиссаи қитъаи Африкаро ишғол мекунад). Дар ҳудуди ноҳияҳои ҷазираи Марокаш, Тунис, қисми зиёди Алҷазоир, Мавритания, Республикаи Мисри Араб, Либия, ноҳияҳои шимоли Мали, Нигерия, Чад ва Судон воқеъ гардидааст. Биёбон аз Ғарб ба Шарқ 5700 км, аз Шимол …
Муфассал »Деҳаи Абдусамад
АБДУСАМАД, деҳа дар чамоати деҳоти Саразми ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд. Аз деҳа то маркази ноҳия 12 километр; ‘роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1450 нафар (2018), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгохи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ; боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашма обёрӣ мешаванд. Макон дар харита
Муфассал »Деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон
Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон. Аз Абдураҳмон то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4102 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа дорои гимназия, 3 дорухона, дармонгоҳ, беморхона, китобхона, кохи фарҳанг, нуқтаҳои хизмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, ошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ …
Муфассал »Деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Тӯғалони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Аз деҳа то маркази ноҳия 5 км, то маркази вилоят 30 км; роҳ асфалтпғш. Аҳолиаш 2728 нафар (2009), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказӣ саломатӣ, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: растанипарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз …
Муфассал »Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳия дар вилояти Хатлон. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 682 км2. Аҳолиаш 135,4 ҳазор нафар (2009), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, рӯсҳо, тоторҳо ва ғайра Зичии аҳолӣ дар 1 км2101 нафар. Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа 36 км, то шаҳри Душанбе 86 км, то …
Муфассал »Деҳаи Абдурасулӣ
Абдурасулӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови тобеи шаҳри Ваҳдат. Аз Абдурасулӣ то шаҳри Ваҳдат 10 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1155 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо асосан аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ …
Муфассал »Деҳаи Абдулфаёз Дӯстов
Абдулфаёз Дӯстов, деҳа дар Ҷамоати деҳоти Тӯғалони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Аз Абдулфаёз то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2800 нафар (2009), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобҳо на ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз канали Қумсангир …
Муфассал »Деҳаи Абдуллообод
Абдуллообод, деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ (тобеи шаҳри Ваҳдат). Аз Абдуллоев то маркази шаҳр 12 км; роҳ ав- томобилгард. Аҳолиаш 727 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Муфассал »