Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 51)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Шаҳри РЕСИФӢ

resifi

РЕСИФӢ (Несие), Пернамбуку (РегпашЬисо), шаҳрест дар шимоли шарқи Бразилия. Маркази маъмурии штати Пернамбуку. Дар соҳили уқёнуси Атлатик қисман дар материк ва қисман дар ҷазираҳои марҷонии назди соҳил ҷойгир шудааст. Ресифӣ муҳимта-рин бандари баҳрӣ ва маркази иқтисодии шимоли шарқи мамлакат аст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Аэропорт дород. Аҳолиаш 1250 …

Муфассал »

Мамнӯъгоҳи РЕПЕТЕК

m-repetek

РЕПЕТЕК, мамнӯъгоҳест дар қисми марказии Қароқуми Шарқӣ. 70 километр ҷанубтар аз шаҳри Чорҷӯй воқеъ аст. Соли 1928 бо мақсади муҳофизат ва омӯхтани комплекси табиии биёбони регзор дар стансияи Репетек (1912) ташкил карда шуд. Яке аз ҷойҳои гарм-тарини Союз Советских Социалистических Республик СССР (ҳарорати баландтаринаш 50 Селсия; боришоти миёнаи солона 114 …

Муфассал »

Шаҳри РЕНН

renn-c

РЕНН (Кеппез), шаҳрест дар шимоли ғарби Франсия, дар Бретан, маркази маъмурии департаменти Ил-и-Вилен. Аҳолиаш 198 ҳазор нафар (1975). Узели калони роҳи оҳан ва роҳҳои авто-мобилгард. Тавассути канали Иль-Ранс бо халиҷи Сен-Мало (Ла-Манш) алоқаманд аст. Дар Ренин корхонаҳон саноати мошинсозӣ (автомобил, мо-шинҳои хоҷагии қишлоқ) ва электротехникӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, полиграфӣ мавҷуданд. …

Муфассал »

Деҳаи РЕМОН

РЕМОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Анзоби райони Айнӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Россия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 52 километр. Аҳолиаш 590 нафар (1981), тоҷикон. Ремон мактаби 8-сола, клуб ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ, тамокукорист. Заминҳо аз сои Тагиях обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

РЕЛЕФ дар география

relef-2_4

РЕЛЕФ (франсавӣ, аз лотинӣ — мебардорам), дар география, маҷмӯи ноҳамвориҳои хушкӣ ва қаъри баҳру уқёнусҳоро гӯянд, ки аз ҷиҳати тарҳ, андоза, пайдоиш, синн ва таърихи инкишоф ниҳоят гуногунанд. Шаклқои Релеф мусбат ё ки барҷаста (баландиҳо, кӯҳҳо ва ғайра) ва манфӣ ё фурӯхамида (хамиҳо, водиҳои дарё ва ғайра) мешаванд. Релефро вобаста …

Муфассал »

Дарёи РЕЙН

rein-r

РЕЙН, дарёест дар Европаи Ғарбӣ. Тӯлаш 1320 километр, масоҳати ҳавзааш 224,4 ҳазор километр2. Дарё аз территорҳои Швейсария, Лихтенштейн, Австрия, Республикаи Федеративии Германия, Франсия, Нидерландия ҷорӣ мешавад. Рейн аз кӯҳҳои Алп бо ду шохоб сар шуда, дар наздикии шаҳри Рейхенау ба ҳам пайваст мешаванд. Пас аз кӯли Боден то шаҳри Бинген …

Муфассал »

Шаҳри РЕЙКЯВИК

block_148968

РЕЙКЯВИК (аз исландӣ Неук]’ау1к — халиҷани дудкунанда), пойтахти Исландия, маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Пойтахти шимолтарини ҷаҳон. Дар соҳили ҷануби ғарбии ҷазираи Исландия, дар халиҷи  Фахсафлоуин уқёнуси Атлантик, дар баландии 150 метр воқеъ гаштааст. Иқлимаш субарктикии баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи январи 0,4°Селсия, июл 11—12°Селсия. Боришоти солона 800 миллиметр. Аҳолиаш 90 …

Муфассал »

Шаҳри РЕЙМС

reims

РЕЙМС (Ке1шз), шаҳрест дар шимоли шарқи Франсия, дар департаменти Марна. Аҳолиаш 178 ҳазор нафар (1975). Узели муҳими нақлиёт. Ба воситаи каналҳои киштигард бо дарёҳои Марна ва Эна алоқаманд аст. Реймс— маркази саноати пашмина ва истеҳсоли виноҳои шампан. Корхонаҳои саноати мошинсозӣ (махсусан асбобҳои электрии рӯзгор), дӯзандагӣ ва қаннодӣ низ ҳаст. Университет …

Муфассал »

РЕЗИШГОҲ

rezishgoh

РЕЗИШГОҲ, ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ Резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ  якчанд  хел аст: Резишгоҳи о д д ӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (масалан, дарёи Тибр);  д е л  т а …

Муфассал »

РЕЗЕРВАТСИЯҲО

rezerbatsiyaho

РЕЗЕРВАТСИЯҲО, резерватҳо (аз лотинӣ гезегуо — эҳтиёт мекунам, нигоҳ медорам), ҷойҳои  барои зисту зиндагонӣ номусоидро номанд, ки махсус барои аҳолии тагҷоии мамлакат ҷудо карда мешавад. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада ва Бразилия ҳиндиён, дар Иттифоқи Австралия аборигенҳо ва дар РАҶ африкоиҳоро маҷбурӣ ба Резерватсияҳо кӯчонанд.

Муфассал »