Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи РЕЙН

Дарёи РЕЙН

rein-r

РЕЙН, дарёест дар Европаи Ғарбӣ. Тӯлаш 1320 километр, масоҳати ҳавзааш 224,4 ҳазор километр2. Дарё аз территорҳои Швейсария, Лихтенштейн, Австрия, Республикаи Федеративии Германия, Франсия, Нидерландия ҷорӣ мешавад. Рейн аз кӯҳҳои Алп бо ду шохоб сар шуда, дар наздикии шаҳри Рейхенау ба ҳам пайваст мешаванд. Пас аз кӯли Боден то шаҳри Бинген аз пастии Рейни Боло ҷорӣ мешавад, баъд ба воситаи водии танг колхозҳои Рейни Варақсангиро бурида гузашта, ба ҳамвории Европаи Миёна мебарояд. Пеш аз ба баҳри Шимолӣ  рехтанаш делта ҳосил мекунад. Шохобҳои калонтаринаш: аз чап — Ааре, Мозел, Маас; аз рост — Неккар, Майн, Рур. Рейн тамоми сол пуроб аст. Сарфи миёнаи об дар оғози делта 2500 метр*/сония, максималиаш 11000 метр/сония. Дар давоми сол ба баҳр 79 километр3 оби Рейн мерезад. Зимистон ниҳоят хунук ояд, дарё як моҳ ях мебандад. Рейн муҳимтарин роҳи обии байналхалқист; то шаҳри Базел (аз резишгоҳ 886 километр) ва сар то сари кӯли Боден мунтазам киштӣ мегардад. Тӯли умумии роҳҳои обии ҳавзаи Рейн 3000 километр аст. Каналҳо Рейнро бо дарёҳои Дунай, Рона, Марна, Везер, Элба, Эмс мепайванданд. Бандарҳои калонтаринаш: Роттердам (Нидерландия), Дуйсбург-Рурорт, Кёлн, Майнс, Людвигсхафен, Ман-гейм (Республикаи Федеративии Германия), Страсбур (Франсия), Базел (Швейсария). Пойтахти Республикаи Федеративии Германия  — Бонн низ дар соҳили Рейн ҷой гирифтааст. Дар ҳавзаи Рейн қариб 20 Гидро Электро Стансия сохта шудааст. Оби дарёро аз сар то охир партовҳои саноатӣ ифлос кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …