САНГБУРОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Понғози райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Пратия Советского Союза КПСС». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 11 километр. Аҳолиаш 175 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, фермаи чорво дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш …
Муфассал »Шаҳри САН-АНТОНИО
САН-АНТОНИО , шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка (штати Техас); Аҳолиаш 783 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш 864 ҳазор нафар). Дар водии Сан-Антонио — маркази округи калони хоҷагии қишлоқ ва ноҳияи нефту газдор воқеъ аст. Узели муҳими нақлиёт дар сари роҳи Мексика ва ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка. Соҳаҳои саноат: хӯрокворӣ …
Муфассал »Қаторкӯҳи Самур
САМУР (қаторкӯҳи Самур), қаторкӯҳи Кавкази Калон дар ҷануби РАСС Доғистон. Ба силсилаи қаторкӯҳи Паҳлӯӣ мансуб буда, аз қаторкӯҳи Дюлтидоғ ба самти Шарқ ва Ҷанубу Шарқ қад-қади соҳили чапи дарёи Самур ба 115 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 3801 м (кӯҳи Алахундоғ). Асосан аз вараксангҳои гили таркиб ёфтааст. Дар теғаҳояш растанӣ …
Муфассал »САМУМ
САМУМ (арабӣ), боди гармсели сӯзонест, ки ба самти ғарб ё ҷанубу- ғарбӣ, дар биёбонҳои Африкаи Шимолӣ ва нимҷазираи Араб мевазад. Одатан баҳорон ва тобистон ба самти ғарб ё ҷанубу-ғарбӣ кӯтоҳмуддат вазида, чангу хоки зиёдеро мебарорад.
Муфассал »САМТҲОИ ОЛАМ
САМТҲОИ ОЛАМ, тарафҳои уфуқ, чор нуқтаи асосии уфуқ: шимол, ҷануб, шарқ ва ғарбро гӯянд. Баъзаи чоряки тарафҳои мувофиқи уфуқро низ Самтҳои олам меноманд: шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбӣ. Самтҳот оламро мувофиқан ин тавр ишорат мекунанд: Шимол, Ҷануб, Шарқ ва Ғарб ё худ N, S, О (Е) ва W.
Муфассал »Шаҳри САМТРЕДИА
САМТРЕДИА, шаҳрест (аз 1921) дар РСС Гурҷистон, маркази pайони Самтредиа. Дар пастии Колхида, соҳили рости дарёи Риони, 244 км шимолу ғарбтар аз Тбилиси воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 23,4 ҳазор нафар (1975). Корхонаҳои нақлиёти роҳи оҳан, саноати хӯрокворӣ, (комбинатҳои консерв, гӯшти чорво ва парранда, фабрикаҳои чой …
Муфассал »Шаҳри САМСУН
САМСУН (Samsun), шаҳр ва бандарест дар шимоли Туркия, дар соҳили баҳри Сиёҳ. Маркази маъмурии вилояти Самсун. Стансияи роҳи оҳан, узели роҳҳои шоссе; аэропорт дорад. Аҳолиаш 169 ҳазор нафар (1975). Самсун маркази калони ноҳияи тамокукорист. Ба хориҷа тамоку, ғалла, пашм ва мева мебарорад. Корхонаҳои саноати тамоку, хӯрокворӣ ва химия дорад. Нуриҳои …
Муфассал »САМОСВЕТ
САМОСВЕТ, курорти муолиҷаи иқлимию лойқавӣ дар Урали Миёна. Дар pайони Алапаеви вилояти Свердлов, 5 км дуртар аз стансияи Самосвет воқеъ гардидааст. Тобистонаш гарми мӯътадил ( ҳаpopати миёнаи июл 17°С), зимистонаш нисбатан хунук (ҳарорати миёнаи январ —16°С); боришоти солона 400 мм. Воситаи муолиҷа: климатотерапия, лойқаи кӯли Молтаево. Дар курорт иллати банду …
Муфассал »Кони Самотлор
САМОТЛОР (кони Самотлор), кони нефт дар вилояти Тюмени РСФСР (Ҳавзаи нефту газдори Сибири Ғарбӣ). Кон соли 1965 кашф шуда аст. Нефтро аз чуқуриҳои 1,6—2,6 км истихроҷ мекуганд. Дебити нахуст¬ини пармачоҳҳо дар як шаборӯз 42,5 —170 т. Зичии нефт 0,85 г/см3. Дар таркибаш 0,68—0,98% сулфур дорад.
Муфассал »Деҳаи САМОНЧӢ
САМОНЧӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Деҳқонариқи райони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «40-солагии Октябр». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 км, то рай¬он 23 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2080 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, 3 китобхона, пункти тиббӣ, 2 магазин, чойхона, ҳаммом ва осиёб дорад. Со¬ҳаҳои …
Муфассал »