Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САМСУН

Шаҳри САМСУН

САМСУН (Samsun), шаҳр ва бандарест дар шимоли Туркия, дар соҳили баҳри Сиёҳ. Маркази маъмурии вилояти Самсун. Стансияи роҳи оҳан, узели роҳҳои шоссе; аэропорт дорад. Аҳолиаш 169 ҳазор нафар (1975). Самсун маркази калони ноҳияи тамокукорист.

samsun

Ба хориҷа тамоку, ғалла, пашм ва мева мебарорад. Корхонаҳои саноати тамоку, хӯрокворӣ ва химия дорад. Нуриҳои минералӣ истеҳсол карда мешавад. Аҳоли бо моҳидорӣ низ машғул аст. Шаҳр дар асри 6 то мелод бунёд шуда, Амисус ном дошт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …