Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 13)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Шаҳри САН-ПАУЛУ

san-paulu1

САН-ПАУЛУ, шаҳрест дар ҷануби шарқи Бразилия. Маркази маъмурии штати Сан-Паулу. Яке аз калонтарин шаҳрҳои Америкаи Лотинӣ ва ҷаҳон аст. Сан-Паулуи Калон 14 шаҳрчаи атрофро дар бар мегирад. Аҳолиаш 12708,6 ҳазор нафар (1980). Сан-Паулу маркази муҳими саноат, тиҷорат ва маданият, узели калони роҳҳои нақлиёт аст. Тақрибан 1/3 ҳиссаи маҳсулоти саноати мамлакатро …

Муфассал »

САНОАТИ БОФАНДАГӢ

Textile fabric rolls

САНОАТИ БОФАНДАГӢ, яке аз соҳаҳои қадима ва калонтарини саноати сабук, ки аз навъҳои гуногуни нахи растанӣ, пашми ҳайвонот ва нахи химиявӣ (сунъӣ ва синтетикӣ) матои бофта, трикотажӣ ва маснуоти дигар тайёр мекунад. Саноати бофандагӣ соҳаҳои омода намудани ашёи хоми бофандагӣ, матоъҳои пахтагин, катонӣ, пашмин, абрешимин, канабию ҷутӣ, тӯрӣ, бофандагию чарчинворӣ, …

Муфассал »

Деҳаи САНОАТ

САНОАТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Узуни райони Колхозобод, вилояти Қӯргонтеппа. Территорияи колхози ба номи Карл Маркс. Аз Саноат то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 11 километрм; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 850 нафар (1981), тоҷикои ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо ба …

Муфассал »

САН-МИГЁЛ

vulkan_chaparrastike

САН-МИГЁЛ, вулқони амалкунандаест дар ҷануби шарқи Салвадор, яке аз фаъолтарин вулқонҳои Америкаи Марказӣ. Баландиаш 2129 метр. Вулқон дар пастиҳои атрофаш, ки ба таҳкурсии мустаҳкам шабоҳат доранд, ҳамчун конуси алоҳида қад кашидааст. Доираи танӯраи асосиаш қариб 3 километр, чуқуриаш беш аз 150 метр. Дар нишебиҳо танӯраҳои ҷудогона ва фумаролҳо дорад.

Муфассал »

САН-МАРИНО

san

САН-МАРИНО, Р е с п у б л и к а и С а н-М а р и н о (НериЬНса (П 8ап МаНпо), давлат дар Европаи Ҷанубӣ, дар нимҷазираи Апеннин; онро территорияи Италия иҳота кардааст. Дар доманаи Шимоли шарқии кӯҳҳои АпепниниТоскано-Эмилия, дар нишебии баландии Титано (баландиаш то 738 метр) …

Муфассал »

САНДУҚЛӢ

САНДУҚЛӢ, Сандиқлӣ, биёбони резгорест воқеи вилоятҳои Қашқадарё, Бухорои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Сандуқлӣ давоми қисми ҷанубии биёбони Қизилқум буда, дар Шимол бо воҳаи Қарокӯл, дар Шарқ бо дашти Қаршӣ ва дар Ғарб бо дарёи Аму ҳамшафат мебошад. Аз Ғарб ба Шарқ ба масофаи …

Муфассал »

Шаҳри САН-ДИЕГО

san-diego

САН-ДИЕГО шаҳрест дар ҷануби ғарби Штатҳои Муттаҳтдаи Америка, штати Калифорния, дар наздикии сарҳади Мексика. Аҳолиаш 875 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш 1,5 миллион нафар). Сан-Диего бандари калони баҳрӣ ва яке аз марказҳои муҳими саноати ҳарбии ИМА (заводҳои ракетаю самолётсозӣ) мебошад. Дар шаҳр корхонаҳон радиоэлектронӣ, киштисозию таъмири киштӣ, коркарди металл, саноати …

Муфассал »

Шаҳри САНДЕРЛЕНД

sanderland_72

САНДЕРЛЕНД , шаҳрест дар Британияи Кабир, дар графии Тайн-энд-Уир. Бандари соҳили баҳри Шимолӣ. Аҳолиаш 296 ҳазор нафар (1976). Маркази калони киштисозӣ. Дар Сандерленд корхонаҳои саноати мошинсозӣ, самолётсозӣ, чӯбгарӣ, шиша, кулолӣ, коғаз мавҷуданд. Таҷҳизоти кон, асбобҳои радиоэлектронӣ, пӯлод, танобу арғамчин ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Аз наздикии Сандерленд ангиштсанг истихроҷ карда, …

Муфассал »

Деҳаи САНДАҒУНДАК

САНДАҒУНДАК, деҳаест дар Совети қишлоқи «Правда»-и райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территторияи совхози «Ӯротеппа». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то рай- он 4 километр. Аҳолиаш 625 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, пункти тиббӣ ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ зироаткорист. Заминҳо аз пармачоҳҳо ва обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд.

Муфассал »