Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 126)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Давлати Ошур

Ошур давлати қадимест дар ҳудуди ҳозираи Ироқ. Дар миёнаи ҳазораи 2 то милод шаҳри Ошур ва мулкҳои он маркази Ошур шуд. Машғулияти асо­сии аҳоли чорводорӣ ва деҳқонӣ буд. Захираҳои ҷангал, санг, фулузот ба тараққиёти ҳунармандӣ мусоидагг мекарданд. Ошур аз рӯи мавқеи географӣ василаи савдои байни Байнаннаҳрайн ва Осиёи Хурд буд. …

Муфассал »

Шаҳри Ошогбо

shahri_oshogbo

Ошогбо (Oshogbo), шаҳрест дар Нигерия, дар штати Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Отун. Аҳолиаш 282 ҳазор нафар (1975). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Маркази калони ҷамъоварии қаҳва, меваи нахли равғандеҳ, пахта, тамоку. Корхонаҳои’коркарди тамоку ва пахтатозакунӣ дорад.

Муфассал »

Деҳаи Ошоба

Ошоба, деҳа, маркази Совети қишлоқи Ошобаи pайони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз де­ҳа то маркази район 14 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3320 нафар (1981), асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо. Ошоба 2 мактаби миёна, касалхона, клуб, шуъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдорӣ ва чорводорӣ. …

Муфассал »

Пиряхи Ошанин

gullai_oshanin

Ошанин, пиряхест дар Помири Ғарбӣ, яке аз калонтарин шохаҳои чапи пиряхи Бивачний. Дар болооби дарёи Селдара (нишебии шарқии қаторкӯхи Академияи Фанҳо), дар баландиҳои 3840—7000 метр воқеъ гаштааст. Тӯлаш 14 километр, масоҳат 25 километр3; хаҷми пирях 1,25 километр9. Баландии хати барф 4600 метр. Пирях ба шарафи В. Ф. Ошанин номида шудааст.

Муфассал »

Қуллаи Ошанин

gullai_oshanin

Ошанин, қуллаест дар қисми шарқии қаторкӯҳи Пётри Якум, дар яке аз шохащои шимолии он (pайони Ҷиргатол). Баландиаш 6389 метр. Дар нишебиҳояш пиряхҳои Сагран ва Фортамбек воқеанд. Қулларо аввалин маротиба алпинистони Белоруссия бо рощбарии Л. Лозовский фатщ кар­даанд. Қулла ба шарафи В. Ф. Оша­нин номида шудааст.

Муфассал »

Деҳаи Очилдӣ

Очилдӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қалъаидашти pайони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қалъаидашт-l». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 22 километр. Аҳолинаш 440 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ — боғдорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Шаҳри Охунбобоев

Охунбобоев (то 1975 — поселкаи типпи шаҳри Сӯфиқишлоқ), шаҳр, маркази райони Ҷолақудуқ, вилояти Андиҷони Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон. Аз Охунбобоев то шаҳри Андиҷон 29 километр. Аҳолиаш 15 ҳазор нафар (1981). Дар шаҳр заводи пахта, идораҳои сохтмон, иттиҳодияи районии «Узселхозтехника», комбинати хизмати маишӣ, 5 мактаби ми­ёна, мактаби мусиқӣ, касалхонаю по­ликлиника ва …

Муфассал »

Охрид

oxrid

Охрид (okhrida; ohrid), кӯлест дар Югославия ва Албания. Дар пастхамии байникӯҳӣ, дар баландии 695 метр ҷой гирифтааст. Масоҳат 348 километр2; чуқуриаш то 285 метр. Охота як қисми обашро ба воситаи роҳи зеризаминӣ аз кули Пресна мегирад. Оби кӯл ба воситаи дарёи Дрин ба баҳри Адриатика ҷорӣ мешавад. Аз кӯл зағорамоҳӣ, …

Муфассал »

Охота

oxota

Охота (аз номи дарёи Охота), б а ҳ р и Лам (ба эвенкӣ лам — баҳр), баҳри Камчатка, бахри нимкушодест дар қисми шимоли ғарбии уқёнуси Ором, ки он бо соҳили шарқии материки Осиё (аз димоғаи Лазарев то резишгоҳи дарёи Пенжина), нимҷазираи Камчатка, силсилаи ҷазираҳои Курил ва ҷазираҳои Хоккайдо, Сахалин иҳота …

Муфассал »

Деҳаи Охер

Охер, деҳаест дар Совети қишлоқи Ғознёни pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи М. В. Фрунзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 12 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1090 нафар (1981), тоҷикон. Охер мактаби миёна, клуб, касалхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу …

Муфассал »