Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 125)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Оқмазори поён

Оқмазори поён, дехаест дар Совети қишлоқи Чӯбаки pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то мар­кази Совети қишлоқ 6 километр, то район 10 километр; роҳ асфалтпӯш. Ахолиаш980 нафар(1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешававд.

Муфассал »

Оқмазори боло

Оқмазори боло, деҳаест дар Совети қишлоқи Чӯбаки райони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози “Правда”. Аз деҳа то марказ то маркааи Совети қишлоқ 3 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1370 нафар. (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, шуъбаи алоқа, магазин ва муассисаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои …

Муфассал »

Деҳаи Оқмазор

Оқмазор, деҳаест дар Совети қишлоқи Ра­бота pайони Турсунзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 4 километр, то район 17 километр; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 410 нафар. (1981), ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Аҳолӣ асосан бо ғаллакории лалмӣ машғул …

Муфассал »

Кӯли Оқкӯл

Оқкӯл, кӯлест дар Помири Ғарбй, дар ҳудуди pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ.  Дар нишебии шимоли канори шарқии қаторкӯҳи Шуғнон, дар саргади дарёи Упалисой (шохоби рости дарёи Тӯққузбулоқ, ҳавзаи Ғунд) воқеъ гаштааст. Оби кӯл ширин ва мусаффо буда, зимистон ях мебандад. Баландии кӯл аз сатҳи баҳр 4450 метр. Оқкӯл дар …

Муфассал »

Деҳаи Оқбулоқ

Оқбулоқ, деҳа, маркази Совети қишлоқи «Тоҷикистон», pайони Ховалинги вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Восеъ-2». Аз Оқбулоқ то маркази район 35 километр. Аҳолиаш 390 нафар (1981). Мактаби 8-сола, касалхона, дорухона, магазин, кассаи амонатӣ, цехҳои либосу пойафзолдузӣ. 2 фермаи чорвои наслдеҳ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакорй, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Сокинони деҳа аз оби …

Муфассал »

Оқбешим

okbeshim

Оқбешим, димнаест дар райони Чуи Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон Онро соли 1894 В. В. Бартолд кашф карда, ба пойтахти давлати Қарахониён (асрҳои 10—12) — Баласағун айният дод. Дар Оқбешим солҳои 1938—40 А. Н. Вернштам ва 1953—54 Л. Р. Кызласов ҳафриёти археологӣ гузарониданд. Оқбешим аз шаҳристон (бо куҳандиз), работ ва девори …

Муфассал »

Оқбайтали Шимолӣ

okbaytali_shimoli

Оқбайтали Шимолӣ, дарёест дар қисми марказии Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), шохоби чапи дарёи Музқӯл (ҳавзаи Қарокӯл). Тӯлаш 30 километр. Оқбайтал аз нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Музқӯл cap шуда, аз Ҷануб ба Шимол дар водии васеъ ҷорӣ мегардад. Манбааш пиряху барф. Аз сабаби сарду хушк будани иқлим дарё …

Муфассал »

Оқбайтал

ogbaytal

Оқбайтал, ағбаест дар Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), дар байни қаторкӯҳҳои Музқӯл ва Сариқӯл. Баландиаш 4655 метр. Аз Оқбайтал роҳи автомобилгарди Уш — Хоруғ мегузарад.

Муфассал »

Деҳаи Оқариқ

Оқариқ деҳаест дар Совети қишлоқи Унҷии pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3415 нафар (1981), тоҷикон. Оқариқ мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, ошхона, 2 мага­зин, меҳмонхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — …

Муфассал »

Шаҳри Ошур

Ошур шаҳре дар давлати Ошур (ҳозира димнаи Қалъат-Шарғат дар Ироқ). Қабатҳои маскун ба ҳазораи 4 то милод мутааллиқанд. Охири ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то милод Ошур шаҳр — давлат ва маркази калони маданӣ ва тиҷоратӣ будааст. Аз миёнаи ҳа­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро …

Муфассал »