Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 395)

Гуногун

Наво

Тахаллуси адабии шоир ва таърихнигори тоҷики асри 19 Абӯтоҳирхоҷа ибни Абусаиди Садри Самарқандӣ.

Муфассал »

Навмустамликадорӣ

Навмустамликадорӣ, нео­колониализм, системаи муносибатҳои нобаробари иқтисодӣ ва сиёсиест, ки давлатҳои империалистӣ нисбат ба мамлакатҳои соҳибихтиёри рӯ ба тараққӣ ниҳодаи Осиё, Аф­рика ва Америкаи Лотини истифода мебаранд. Навмустамликадорӣ дар вазъияти нави байналхалқӣ давоми сиёсати анъанавии мустамликадории империализм мебошад. Навмустамликадорӣ барои истисмор ва ба им­периализм тобеъ намудани халқҳои ба истиқлолияти иҷтимоию миллӣ …

Муфассал »

Навигатсияи ҳавоӣ

1

Навигатсияи ҳавоӣ, аэрона­вигатсия, илм дар бораи усул ва воситаҳои ровдани аппаратҳои париш (АП)—самолётҳо, вертолётҳо ва ғайраҳо; маҷмӯи амалиёт барои муайян кардани унсурҳои навигатсия аз тарафи пунктҳои рӯизаминии идораи парвоз ё дар борти АП ва истифодабарии онҳо дар рондани АП. Ғайp аз он Навигатсияи ҳавоӣ масъалаҳои чузъии нави- гатсионӣ — дар байни …

Муфассал »

Навигатсияи кайҳонӣ

2

Навигатсияи кайҳонӣ ба маънои васеаш — идора кардани ҳара- кати аппарати кайҳонӣ, ба маънон маҳдудаш — муайян намудани мавқеи он, пешбинии ҳаракати он чун нуқтаи материалӣ ва бадо додан ба натиҷаи ин пешбинӣ аз рӯи иҷрои вазифаи асосӣ. Системае, ки ин вазифаҳоро иҷро мекунад, василаҳои ҳам бортӣ ва ҳам рӯизаминии …

Муфассал »

Навигатсия

2

Навигатсия (лот. navigatio, аз navigo — дар киштӣ шино мекунам) 1) баҳрнавардӣ, киштигардӣ; 2) дав­ри муайяни сол, ки дар он вобаста ба иқлими маҳал киштигардӣ имконпазир аст; 3) фасли асосии киштиронӣ, ки дар он асосҳои назарӣ ва усулҳои амалии рондани киштиҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Навигатсияи  баҳрӣ давраҳои қадим cap …

Муфассал »

Навбаҳорӣ

2

1)суруди маросимӣ-мавсимӣ, ки Борбади Марвӣ ба шарафи иди Наврӯз эҷод наму­дааст. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки он яке аз қисматҳои муҳими шӯъбаҳои «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Аҷам» мебошад.

Муфассал »

Набот

2

Як навъ ширинии зардчатоб ё шаффофест, ки аз кристаллҳои калон иборат аст. Дар мамлакатҳои Осиёи Наздик ва Миёна маъмул аст. Дар таркибаш 99,75% сахароза дорад. Намиаш то 1%. Барои ҳосил шудани 10 кг Набот 24,9 кг шакар, 0,01 кг сафеда, 0,004 кг декстрин лозим аст. Технологияи инстеҳсолӣ Набот: 2 ҳисса …

Муфассал »

Набаш

2

Набаш (ар. — чуқурӣ кандан), нуқтаи сафедест, ки дар рӯи нохун афтад. Инро моҳаки нохун ҳам мегӯянд.

Муфассал »

Мӯтасиб

1

Мӯтасиб (ар.—возир), дар гузашта дар мамлакатҳои исломӣ амалдоре, ки аз авлоди сайидон таъин мешуд. Мӯтасиб ба иҷрои аҳкоми ислом, риояи тартибу қоида дар бозор, ба дурустии сангу тарозу, нарху наво назорат мекард. Асрҳои 19— 20 Мӯтасибро дар Бухоро раис меномиданд.

Муфассал »