Маълумоти охирин

Набот

Як навъ ширинии зардчатоб ё шаффофест, ки аз кристаллҳои калон иборат аст. Дар мамлакатҳои Осиёи Наздик ва Миёна маъмул аст. Дар таркибаш 99,75% сахароза дорад. Намиаш то 1%. Барои ҳосил шудани 10 кг Набот 24,9 кг шакар, 0,01 кг сафеда, 0,004 кг декстрин лозим аст.

Технологияи инстеҳсолӣ Набот: 2 ҳисса шакар ва 1 ҳисса обро (масалан, ба 10 кг шакар, 5 литр об) ба дег андохта оҳиста меӯҷӯшонанд, ки дар натиҷа шарбат ҳосил мешавад. Шарбатро нағз омехта то пайдо шу­дани кафк меҷӯшонанд, кафкро гирифта ҷӯшонданро қатъ менамоянд. Ба шарбат тухм (ба 80—100 кг шар­бат 1 л об ва якто тухм) меандо- аанд. Шарбатро боз чушонда кафкашро гирифта меистанд. Баъд дар деги махсус 3—4 қатор ресмони са- федро параллел мекашанд. Нӯкҳои ресмонро ба дег бо ширеш мечаспонанд. Шарбати дар дигар дег ҷӯшидаро ба деги ресмонкашидашуда ме­резанд, баъди як соат дар рӯи шар­бат парда ҳосил мешавад. Дегро бо сарпӯши махсус пӯшида 3 шаборӯз дар ҳамон ҳолат мегузоранд. Дар ин муддат дар атрофи ресмонҳо кристаллҳо ба вуҷуд омада, ҳаҷман ка­лон шудан мегиранд. Баъди 3 шабо­рӯз сарпӯши дегро гирифта, шарба­ти дар дег боқимондаро ба зарфи дигар мерезанд, ки онро дар қанноди истифода мебаранд. Наботи дар таги дег часпидаро ҳам истеъмол менамоянд. Шушаҳои ба ресмон часпи­даро аз дег гирифта дар рӯи миз мехушконанд ва Набот тайёр мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …