Обдаста, о ф т о б а, зарфи рӯзгор аст, ки ба он об андохта, дасту рӯи шӯянд. Ғунҷонши Обдаста то 3 -литр буда. даҳонаш хурд (баъзан сарпӯшдор аст), гардан, даста ва ҷуммак (нӯл) дорад. Дар замонҳои кадим аз мис, сафол, биринҷӣ, баъдтар аз чӯян месохтанд. Обдаста вобаста ба намуд …
Муфассал »Обгардон
Обгардон, зарфи рӯзгор аст, ки барои гирифтани об, равған ва ғайра, инчунин ба сифати паймона (барои муайян намудани миқдори масолеҳ: орд, биринҷ ва ғайра) истифода меборанд. Шаклан ба кафлез, чойкаш, обгирак монанд буда, ҳаҷман аз ин зарфҳо калонтар аст ва дар он 1—3 литр об меғунҷад. Аз биринҷӣ ё мис …
Муфассал »Нуқтаи сабзиш
Нуқтаи сабзиш дар растакиҳо, нӯги лӯндаи навдаест, ки аз мерстемаи апикалӣ ҳосил шудааст. Табақаи меристемагии решаро виз уқтаи сабзиш меноманд.
Муфассал »Нуқтавия
Нуқтавия (ар. — аз нукта ҷараёни динии бидъатиест, ки соли 1398 дар Эрон аз тарафи Маҳмуди Пасехонӣ (Гелонӣ) таъсис шудааст. Маҳмуди Пасехонӣ пайдоиш ва зухури ҳама чизро аз як нуқта (хок) медонист ва пайравони ӯ бо номи аҳли Нуқтавия маъмул гаштанд. Аҳли Нуқтавия ба таносух бовар доранд. Ба ақидаи онҳо …
Муфассал »Нуқра
Нуқра (сими холиси гудохста, лотинӣ Argentum), Ag, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Мендалеев, рақами ат. 47, массаи ат. 107,868. Нуқраи табиӣ аз 2 изотопи собит ,07Ag ва ,09Ag иборат аст. Аз изотопҳои радиоактивиаш ,I0Ag (давраи нимкоҳишаш 253 шаборӯз) аҳамияти амалӣ дорад. Нуқра дар Миср, Эрон ва Хитой аз қадим …
Муфассал »Нуфузи иҷтимоӣ
Нуфузи иҷтимоӣ, бахо ва тавадҷӯҳест, ки дар шуури ҷамъиятӣ ба ҷабҳаҳои мухталифи фаъолияти одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ нисбат дода мешавад. Мавзӯи Нуфузи иҷтимоӣ аксаран мақомоти иҷтимоӣ (масалан, касб, мавқеъ дар ташкилот), фаъолияти одамон (масалан, дар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва маишӣ), сифатҳои психологӣ (ташаббус, ҷасорат, матонат, заковат, зебоӣ ва ғайра), фаъолияти …
Муфассал »Нусхабардорӣ
Нусхабардорӣ просесси тайёр кардана нусхаи хуҷҷатҳои гуногун аст. Нусхабардорӣ яке аз зинаҳои асосии тайёр кардани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ, информатсионӣ, идоравӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Усулҳои зерини Нусхабардорӣ бешеар маъмуланд: диазонусхабардорӣ, фотонусхабардорӣ, нусхабардории электрографӣ, нусхабардории электронӣ, термонусхабардорӣ, микронусхабардорӣ. Диазонусхабардорӣ яке аз усулҳои бештар маъмул ва арзони тайёр намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ …
Муфассал »Нурӣ
Нурӣ, моддаҳои органикӣ ва ғайририорганикиест, ки барои ҳосилхез намудани хок ва баланд бардоштани сифати зироати хоҷагии қишлоқ ба замин меандозанд. Вобаста ба таркиби химиявии худ нуриҳои органикӣ (пору, компост, нуриҳои сабз ва ғайра), нуриҳои минералӣ (нуриҳои нитрогендор, нурҳои (фосфордор, нуриҳои калийдор, нурҳои комплексӣ, нуриҳои оҳакдор, микронурҳо) мешаванд. Нурҳои. бактериявӣ низ …
Муфассал »Нуриҳои фосфордор
Нуриҳои фосфордор, моддаҳои минералиеро гӯянд, ки чун манбаи ғизои растани истифода мешаванд. Нуриҳои фосфордорро асосан дар саноат аз апатит ва фосфоритҳо истеҳсол мекунанд. Моддаҳои органикӣ (орди устухон, пору, фосфатдажғол ва ғайра)- ро низ чун Нуриҳои фосфордор истифода мебаранд. Нуриҳои фосфордор яке аз аввалин нуриҳои минералӣ, ки дар саноат ҳосил кардаанд. …
Муфассал »Нуриҳои сулфурдор
Нуриҳои сулфурдор, пайвастҳои сулфурдорест, ки чун нурӣ истифода мешаванд. Масалан, сулфатҳои калий, магний, фосфор, гипс ва дигар ҷинсҳои сулфурдор. Нуриҳои сулфурдор махсусан барои зироати лубиёиҳо, мураккабгулҳо, чилликгулҳо, ки одатан ба сулфур эҳтиёҷи зиёд доранд, истифода бурда мешавад. Нуриҳои сулфурдор ишқори хокро кам карда, ҳалшавии фосфатҳоро метезонанд. Нуриҳои сулфурдорро ба хок …
Муфассал »