Обсервасия (аз лотинӣ obsemtio—назорат кардан), тадбирест, ки ҳангоми муҳофизати санитарии сарҳад гузаронида мешавад. Барои ин ҳамаи одамоне, ки ба маҳалҳо ва мамлакатҳои хориҷа равуо доштанду дар он ҷойҳо эҳтимоли касалиҳои вабо, нағзак, тоун, вараҷа ва ғайра вуҷуд дорад, дар муддати муайян дар хонаҳои махсус зери назорат нигоҳ дошта мешаванд. Давомнокии …
Муфассал »Обсанҷ
Обсанҷ, (водомер) пункти о б с а н ҷ ӣ, асбобест барои муттасил чен кардани сатҳи оби дарё, баҳр, кӯл, канал ва ғайра. Аз асбоб барои ҳисобу китоб кардани сатҳи об ва реперҳо (иншооти геодезиест, ки мавқеи нуқтаи баландиаш муайянро маҳкам медорад) иборат аст. Обсанҷи д а р ё ӣ …
Муфассал »Обрӯ
Обрӯ, нуфуз, эътибор, ҳукм, дар соҳахои гуногуни ҳаёти ҷамъият аз тарафи умум эътироф шудани нуфузи шахс ё ташкилот; иродаи тағйири таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба нормаҳои мавҷуда тобеъ гардондани ахлоқи одамон. Обрӯ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию истеҳсолӣ зоҳир гашта, бо тағйири ин соҳаҳо доираи татбиқи он дигар мешавад. Дар …
Муфассал »Оброк
Оброк, андозест, ки деққонони крепостной ба феодалон дар намуди маҳсулот ё пул медоданд; як навъи рентаи феодалии замин. Оброки молӣ аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ: ғалла, шароб, сабзавот, инчунин маснуоти ҳунармандӣ ва Оброки пулӣ бошад аз даромаде, ки деҳқонон баъди фурӯхтани ҳосил ба даст меоваранд, супорида мешуд. Дар давраи тараққиёти феодализм …
Муфассал »Обрез
Обрез, 1) чоқ ё чуқуриест, ки обҳои истифодашудаи хонаро мерезанд. Обрез дар даҳлез сохта мешавад. 2) Қисми баромадаи девори сангӣ ё хиштини дар биноҳои калон.
Муфассал »Обмӯрӣ
Обмӯрӣ ҷӯяк, нова, қубури махсусест, ки барои аз таги девор, бино, иншоот гузаронидан, инчунин бо мақсади аз ҳавлӣ, хона ва ғайра берун кардани об месозанд. Одатан, ба таг ва тарафҳои Обмӯрӣ санг/хишти пухта чида болояшро бо санг, хишт ва ғайра мепӯшанд. Ҳоло асосан аз ғӯлбаҳои филизӣ, асбестӣ ва баъзан чӯбину …
Муфассал »Обмонӣ
Обмонӣ, обдорӣ, обёрӣ, обдиҳии заминҳои кишт, чарогоҳ ва ғайра. Усулҳои Обмонӣ (вобаста ба тақсими об дар замин ва онро аз худ кардани хок) ҷӯякӣ (обро ба ҷӯякқо cap медиҳанд), палакӣ (оби ба палҳои дароз сардодашуда баробар паҳн мешавад) ва обкӯлкунӣ мешавад. Обмонии ҷӯякиро ҳангоми кишти пахта, лаблабуи қанд, ҷуворимакка, сабзавот …
Муфассал »Обмонии пеш аз кишт
Обмонии пеш аз кишт, обмонии киштзор пеш аз кишт барои нам кардани сатҳи болоии хок, бо мақсади пурра сабзонидани тухмӣ ва инкишофи хуби растанӣ дар давраи якуми нашв. Нигаред низ Обмонӣ.
Муфассал »Чашмаи Обишир
Обишир, чашмаи минералии обаш хунук дар водии дарёи Дижикрӯди райони Айнии вилояти Ленинобод. Чашма дар зонаи тектоникӣ (рӯғеҷаи байни ҷинсҳои палеозой — аз боло ва таҳнишастҳои мезозой — аз поён) ҷой гирифта, дебиташ 0,3 литр/сония ва ҳарорати обаш 11° Селсия аст. Обишир ба гурӯҳи обҳои гази карбонатдор, сулфиди гидроген, силикат, …
Муфассал »Обишир
Обишир, мағораҳоест дар давраи мезолит, ки дар маҷрои қадимаи дарёи Сӯх, соҳили рости сои Обишир. вилояти Фарғона воқеъ аст. Соли 1966 отряди археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои РСС Узбекистон дар Обишир хафриёт гузаронд. Мағораҳои 1 ва 5 ба ҳазораи 8 то милод тааллуқ доштаанд. Обишири 1—25,5 метр паҳноӣ, …
Муфассал »