Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 380)

Гуногун

Озарбойҷониҳо

0

Озарбойҷониҳо (худ азарбачанлылар гӯянд), миллатест дар СССР, аҳолии асосии РСС Озарбойҷон.  Қисман дар РСС Гурҷистон, РСС Арманистон ва РАСС Доғистон, инчунин дар РСС Узбекистон ва РСС Туркманистон зиндагӣ мекунанд. Дар СССР шумораашон 5477 ҳазор нафар (1979), аз он ҷумла дар РСС Озарбойҷон 4709 ҳазор нафар. Озарбойҷониҳо берун аз ҳудуди СССР …

Муфассал »

Одамият

0

Одамият, сифати ахлоқиест, ки дар муносибатҳои ҳаррӯзаи одамон гуманизмро ифода мекунад, Одамият як қатор сифатҳо — хайрхоҳӣ, эҳтироми одамон, ҷоннисорӣ барои манфиати дигарон, инчунин инсондӯстӣ, хоксорӣ, росткорӣ, самимият ва ғайраро дарбар мегирад. Одамон дар рӯҳияи Одамият тарбия меёбанд. Одамият вобаста ба хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Дар ҷамъиятҳои истисмории синфӣ, …

Муфассал »

Огнемёт

0

Огнемёт, аслиҳаи оташфишонест, ки душманро ба воситаи ҷараёни тафсони омехтаи сӯзанда нобуд мекунад. Огнемётҳо хусусӣ (ҳамлшаванда), худгард ва рӯитанкӣ мешаванд. Огнемёт аз қисмҳои зерин иборат аст: зарфи омехтаи сӯзанда, баллони гази фишурда (ҳаво, нитроген), рӯдаи қаиш, брандспойт (думаки оташфишон), олати механикии афрӯзиш. Массаи Огнемётити замонавии америкоии ҳамлшавандаи АВС—М9—7 22,7 килограмм …

Муфассал »

Журнали «Огонёк»

0

«Огонёк», журнали оммавӣ-сиёсӣ ва адабию бадеии мусаввар. Аз соли 1923 дар Москва нашр мешавад. Муҳаррири аввалинаш М. Е. Колсов (то соли 1938), баъд дар вақтҳои гуногун Е. П. Петров, А. А. Сурков муҳаррири карданд, аз соли 1953 муҳаррири «Огонёк»—А. В. Софронов. «Огонёк» хроникаи ҳаёти ҳозира, ҳикоя, очерк, шеър, мақола ва …

Муфассал »

Газета «Овози Шарқ»

0

«Овози Шарқ»,  газета, органи Бюрои партиявӣ ва революсионии РАСС Тоҷикистон. Аз 12 августи 1924 ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ дар Душанбе нашр мешуд. Баъди якчанд шумора соли 1924 чопаш қатъ гардид.

Муфассал »

Газета «Овози Тоҷик»

0

«Овози Тоҷик» газета; дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввал ин «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 август 1924 чоп шудааст. Аз шумораи 10-ум cap карда, калимаи «камбағал» ихтисор шуд. Ин газета ав­вал ҳамчун органи КМ ПК (б) Туркистон, аз 10 декабри 1924 …

Муфассал »

Газета «Овози дӯстӣ»

0

«Овози дӯстӣ», газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pайони Рӯшон. Аз соли 1949 бо тиражи 2100 нусха ҳафтае 2 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Аввал «Рӯшони со­ветӣ» ном дошт, аз соли 1960 то 1965 чопаш қатъ гардид. Аз январи 1966 бо номи «Овози дӯстӣ» нашр …

Муфассал »

Объектив

0

Объектив, қисми ба объект ни­гарондашудаи системаи оптикӣ ё худ системаи оптикии мустақилест, ки аз якчанд линза иборат буда, тасвири оптикии ҳақиқии объектро ба вучуд меорад. Ин тасвирро бо окуляр визуалӣ мушоҳида кардан ё дар сатҳи ҳамвор (баъдан дар сатҳи каҷ) сабт намудан мумкин аст. Объектиҳо аз рӯи сохташон л и …

Муфассал »

Объекти ҳуқуқ

0

Объекти ҳуқуқ, муносибатҳои ҷамъиятие, ки онҳоро ҳуқуқ дар шароити муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба манфиати синфи хукмрон (дар ҷамъияти сотсиалистӣ ба манфиати халқ) танзим мекунад. Объекти ҳуқуқ муносибатҳои сиёсӣ, меҳнатӣ, хоҷагӣ, заминӣ ва ғайраро дар бар меги­рад. Давлат дар нормаҳои ҳуқуқ рафтори мақбули аъзоёни ҷамъият, ҳуқуку вазифаҳои органҳои давлатӣ, …

Муфассал »