Парик (аз франсавӣ perrugue), мӯи сохта, ороятӣ, аз мӯй, пашми ҳайвон ё нахҳои сунъй, ки ба рӯи матоъ (монтюр) дӯхта шудааст, тайёр мекунанд. Парик аз давраҳои қадим маъмул буда (Миср, Бобулистон, Ошур, Юнон ва Рими Қадим), дар асри 18 ороиши ҳатмии дворянҳо хисоб меёфт. Минбаъд аз байн рафта. охири соли …
Муфассал »Парадигма
Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклҳои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз рӯи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рӯи ҷинс, шумора, падеж тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши (сурати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ — тасрифи исмҳо, таорифи феълҳо. Шаклҳои воҳидҳои забон …
Муфассал »Парагнейс
Парагнейс (аз пара… ва гнейс), ҷинси кӯҳии метаморфиест, ки дар қаъри қишри Замин дар натиҷаи тағйир ёфтани ҷинсҳои таҳшинӣ ба вуҷуд меояд. Асосан ҷинсҳои терригенӣ (регсанг, алевролит, варақсангҳои гилӣ ва ғайра) аз таъсири фиҳори зӯр ва ҳарорати баланд хусусиятҳои физикию химиявии худро тағйир дода, ба арагнейс табдил меёбанд. Парагнейс дар …
Муфассал »Парагенезиси минералҳо
Парагенезиси минералҳо (аз пара… ва генезис), дар қишри Замин қонунан якҷоя воқеъ будани минералҳоро гӯянд, ки дар шароити муштарак ба вуҷуд омадаанд. Истилоҳи «Парагенезиси минералҳо» бори аввал соли 1849 истифода шудааст. Мафҳуми «Парагенезиси минералҳо» бошад, солҳои 20 асри 20 дар асарҳои В. И. Вернадский инкишофи комил ёфт. Муҳимтарин омилҳое, ки …
Муфассал »Папирусҳои математикӣ
Папирусҳои математикӣ, ёдгориҳои илмии Мисри Қадим, ки ба асрҳои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини Папирусҳои математикӣ папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музеи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст. Папируси Риндаз номи соҳиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи математики немис …
Муфассал »Папирус
Папирус, як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ материал тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ Папирос гӯянд. Папирос чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри …
Муфассал »Папиллома
Папиллома (аз лот. раilla — нӯки пистон ва юн. оmа — суффикси мансуб ба номҳои варам), як навъ вара мест, ки дар рӯи пӯст ва баъзан пардаи луобии одам ва ҳайвон пайдо мешавад. (Табиатан аз варами саратон фарқ, дорад). Афзунии Папилломаро папилломатоз меноманд. Папиломаии одам модарзодӣ шуданаш мумкин. Як қатор …
Муфассал »Папаи Рим
Папаи Рим, ҳокимияти Папаи Р и м, маркази динии калисои католикист. Ҳокимияти Папаи Рим дар натиҷаи дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ паҳн шудани масеҳият ва таъсири калисоя католикӣ ба вуҷуд омад. Барои ҳокимияти калисои католики байни епископҳо (папаҳо)-и Рим муддати дароз муборизаи шадид давом дошт. Барои хақ баровардани ин мубориза онҳо …
Муфассал »Панҷшоха
Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд. Шохаҳоро аз сӯрохиҳои …
Муфассал »Панҷараи кристалӣ
Панҷараи кристалӣ, шакли фазоиест, ки дар кристаллҳо ва ҷисмҳои кристаллӣ ботартиб ҷойгир шудани атомҳо, ионҳо ва молекулаҳоро нишон медиҳад. Панҷараи кристалӣ аз ячейкаҳои элементарие иборат аст, ки дар се самт даври такрор мешаванд ва сохти томи кристаллро ба вуҷуд меоранд. Ячейкаи элемеитарӣ вобаста ба симметрияи кристалл шакли параллелепипеди каҷкунҷа ё …
Муфассал »