Паронит, масолеҳи мағзибоби варақа, ки бо прессонидани омехтаи асбест, каучук ва ташкилаҳои хока ҳосил мешавад. Барои ҷафс кардани ҷойҳои пайвастҳои флансевии трубопроводҳо ба кор меравад. Барои беҳтар кардани хосиятҳои механики и Паронит баъзан ба қабати он тӯри металлӣ ҷойгир мекунанд, ки онро ферронит меноманд.
Муфассал »Пародонтоз
Пародонтоз (аз юнонӣ para — назди ва odontos — дандон), бемории бофтаи назди дандон (пародопт), ки ҳангоми он канораҳои изофаи алвеолии ҷоғ ковок шуда, боиси ҷунбидан ва афтидани дандон мегардад. Дар вақтҳои охир истилоҳи пародонтопатия, ки авчгирии иллати пародонт (бофтаҳои милки дандон)-ро ифода мекунад, маъмул аст. Парадонтопатия аксар баъди бемории …
Муфассал »Паровоз
Паровоз, локомотиве, ки муҳаррики он мошини буғӣ мебошад. Элементҳои асосии Паровоз инҳоанд: деги буғ, мошини буғӣ, қисми экипаж. Захираҳои сӯзишворӣ, об ва равғанҳои молиданиро одатан дар тендер, ки ба Паровоз қӯш аст, чойгир мекунанд. Ҳангами дар отащдони деги буғ сӯхтани сӯзишворӣ (ангишт, мазут, чуб, ва ғйра) оби дег буғ мешавад. …
Муфассал »Пармакунии замин
Пармакунии з а м и н, просесси ба шакли мудаввар кандани чуқуриҳо (пармачоқ, шурф, баъзан шурф ва шахтаҳо)-ро гӯянд. Пармакунӣ бо мақсади омӯхтани сохти геологии қишри Замин, ҷустуҷӯ, инкишоф ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин тадқиқоти инженерию геологӣ гузаронида меша-вад. Бо ёрии афзори махс ус и Пармакунӣ нақбро батадриҷ канда, ҷинси …
Муфассал »Пармакунӣ
Пармакунӣ, 1) д а р коркарди металл — просесси бо парма сӯрох кардани масолеҳи металлист. Масолеҳро дар дасттохҳои пармакунӣ, харротӣ, агрегатӣ ва ғайра, инчунин бо ёрии мошинҳои пармакунии дастӣ парма мекунанд. Бо парма сӯрохҳое ҳосил мекунанд, ки дараҷоти ҳақиқиашон 4—5 аст. Сӯрохҳои дараҷоти дақиқиашон аз ин баландро бо коркарди минбаъдаи …
Муфассал »Парламентаризм
Парламентаризм, як тартиби хоси аз тарафи буржуазия идора кардани ҷамъият. Дар Парламентаризм вазифаи органҳои қонунгузор ва иҷроия аниқ тақсим шуда, органи қонунгузор, яъне парламент нисбат ба дигар органҳои давлатӣ бартарӣ дорад. Дар Праламентаризм ҳукуматро парламент ташкил дода, он дар назди парламент ҷавобгар аст. Яъне Парламентаризм дар механизми ҳокимияти давлатӣ ва …
Муфассал »Парламент
Парламент (англисӣ parliament, Франсавӣ, parlement, аз parler —гуфтан), дар давлатхои буржуазӣ муассисаи олии намояндагӣ. Аввалин маротиба дар Англия дар асри 13 ҳамчун органи намояндагии табақавӣ ба вуҷуд омад; баъди револютсияҳои буржуазии асрҳои 17—18 аҳамияти калон пайдо кард. «Парламент» ҳамҷун номи хос ифодаи муассисаҳои намояндагӣ дар Британияи Кабир, Франсия, Италия, Япония, …
Муфассал »Паркинсонизм
Паркинсонизм, б е м о р и и Паркинсон, бемории муамини системаи асаби марказиро гӯянд, ки боиси иллати функсияи узвҳои харакат мегардад. Паркинсонизмро бори аввал духтури англис Ҷ. Паркинсон (1817) баён кардааст. Ба ин беморӣ бештар одамони миёнасол гирифтор мешаванд. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани Панкирсонизм энсефалит (иллати мағзи сар) …
Муфассал »Парки мошину трактор
Парки мошину трактор дар хоҷагик қишлоқ, мошинҳое, ки барои механиконидани киштукори растаниҳои хоҷагии қишлоқ заруранд. Парки мошину трактор аз гурӯхҳои зерин иборат аст: тракторҳо (шассихои худгард) чун воситаи энергетикии универсалӣ; мошинҳои хочагии қишлоқ, ки ба тракторҳо агрегатонида мешаванд (плугҳо, тухмипошакҳо, сихмолаҳо, култиваторҳо, алафдаравакҳо, мошинҳои гуногуни ғайрихудгарди ҳосилғундор ва ғайра); мошинҳои …
Муфассал »Паритет
Паритет дар и қ т и с о д и ё т, таносуби байни воҳидҳои пули мамлакатҳои гуногун. Дар давраи муомилоти тилло (нуқра) хамчун пул ва ҳан гоми озодона ба пули коғази иваз намудани тилло (то Ҷанги якуми ҷаҳонии 1914—18) таносуби байни манотҳои хориҷӣ аз рӯи миқдори тиллои холис (нуқра)-и …
Муфассал »