Оташдони офтобӣ, дастгоҳест барои аккумулясия ва истифода бурдани энергияи Офтоб дар пухтупаз. Унсури асосии Оташдони офтобӣ гелиоконсентратор (ҷамъоварандаи нури Офтоб) мебошад, ки аз як ё якчанд оина ва ё линза иборат аст. Гелиоконсентратори Оташдони офтобӣ аксаран дар шакли параболоид сохта мешавад. Гелиокоясентраторро ру ба самти ҳаракати зоҳирии Офтоб дошта, дастӣ …
Муфассал »Оташдон
Оташдон, ошдон, к о н у н, кӯра. м а н қ а л, д е г д о н, ҷоест, ки дар он оташ афрӯзанд. Оташдонро дар ибтидо барои хӯрокпазӣ, нонпазӣ, гарм кардани хона ва ғайра истифода мебурданд. Бо мурури замов вазифаи Оташдон тағйир ёфта, намудҳои гуногуни он, ба …
Муфассал »Оташгирак
Оташгирак, о т а ш г и р а, афзори рӯзгор барои гирифтани оташ аз оташдон, танӯр, сандалӣ ва пеш задани алав. Одатан аз тасмаоҳани яклухт месозанд. Тасмаоҳанро нимдоира қат карда, барои овехтан ҳалқа меандозанд. Дарозиаш гуногун, ду панҷа дорад, ки бараш 3—5 сантиметр ва нӯгаш тез аст.
Муфассал »Оташак
Оташак, қарҳаи з ӯ ҳ р а в ӣ, реши нарм (Ulcus нише), дарди гузарандаи зӯхравӣ ё ҷимоӣ, ки аз сирояти стрептобасиллаи Петерсен- Дюкрей-Унна асосан баъди алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меояд. Падидаҳои Оташак ба сифилис (бемории куфт ё обидам фарангӣ) шабоҳат дорад; аз ин сабаб ин ду дардро вақтҳои пеш …
Муфассал »Отанг
Отанг, як навъ олати пешинаи хоҷагии қишлоқ. Пӯсти хоми говро тасма-тасма бурида, тасмаҳоро арғамчинвор мебофанд ва ба шакли калоба меоваранд. Шотуи омочро бо Отанг ба миёнаи юғи гов баста ҷуфт меронанд, замин шудгор мекунанд. Отангро аз навдаҳои бофтаю тофтаи баъзе дарахтон масалан ирғай, низ месохтанд.
Муфассал »Оссиллограф
Оссиллограф (аз лотинӣ — мелаппам ва …графил), асбоби чен-кунандаест барои мушоҳида кардани вобастагиҳои байни ду ё якчанд бузургиҳои бо мурури замон фаврӣ тағйирёбанда (ҷараёну шиддат, басомаду кӯчиши фаза, давомату басомади такрори импулс ва ғайра). Оссиллографи электроншуоӣ бештар маъмул аст, ки дар он сигнали бузургиҳо ба лавҳаи тамоилхӯрандаи карнаи оссиллографӣ меафтад …
Муфассал »Осур
Осур (ар. — фишурдашаванда), бемориеро гӯянд, ки шахси ба он гирифтор ҳангоми бедорӣ дар сари синааш сузиш ва вазнинӣ ҳис мекунад.
Муфассал »Остонабобо
Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Каркии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар …
Муфассал »Остона
Остона, қитъаи хурди пеши дарро гӯянд, ки аз тахта, санг ва ғайра сохта шуда барои аз намӣ, рутубат ҳимоя кардани тагдарӣ хизмат мекунад. Поғундаи болотарини таги дарро низ баъзан Остона номанд.
Муфассал »Остинча
Остинча, асбоби нонпазиро гӯянд, ки аз матои пахтагӣ абраю астар бурида, бар байнаш пахта гузошта ва барқад лаганда карда’тайёр мекунанд. Остинча 40—50 сантиметр дарозӣ ва 25—30 сантиметр бар дорад. Қисми поёни Остинчаро ҳангоми нонпазӣ ба даст мепӯшанд, то ки даст насӯзад. Баъзан Остинчаро аз остини ҷомаи кӯҳна месозанд.
Муфассал »