Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 360)

Гуногун

Офтобӣ

oftobi

Офтобӣ, офтобпарвард, офтобпарварда, мавиз ва дигар ме­ваҳои дар офтоб хушконидаро гӯянд.

Муфассал »

Офтобзанӣ

oftobzani

Офтобзанӣ, с а м ҳ, задани офтоб, о ф т о б з а д а гӣ, беморин шадиди одам ва ҳайвонот, ки ҳангоми таъсири бевоситаи нурҳои офтоб ба сар фаъолиятн майна вайрон мешавад. Дарди cap, қай, беҳолӣ, ҳарорати баланд (баъзан зиёда аз 40° Селсия), ихтилоли набз, нафаскашӣ, ташаннуҷ, ҳаяҷон …

Муфассал »

Офтоб

oftob

Офтоб (аз оф — ҷирм ва тоб тобанда, тобоӣ), Шамс, Меҳр, X у р ш е д, наздиктарин ситораест, ки дар маркази системаи Офтоб воқеъ буда, аз плазмаи тафсон таркиб ёфтааст. Аломати астрономиаш 0фтоб. Массам Офтоб 1,990*1030 килограмм буда, аз массам Замин 332958 маротиба зиёд аст ва 99,866 % -и …

Муфассал »

Офорт

ofort

Офорт (аз франсавӣ eau-forte — туршиҳои нитрогенӣ), як навъи маъмули ҳаккокӣ дар фулузот, Ки тасвирро бо ёрии туршиҳо (кислота) меофаранд. Рӯи мис ё сурби суфтаро пок мекунанд. Сипас, бо ёрии сӯзани ҳаккокӣ нақш мебароранд ва ба рӯи он турши мерезанд. Ҷои нақш аз таъсири туршӣ чуқуртар шуда. тасвир ҳосил мегардад. …

Муфассал »

Офисернӣ Советӣ

ofiserni_soveti

Офисернӣ Советӣ,  пиряхи водигии мураккабест дар Помири Шарқӣ (pайонини Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ). Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Музқӯл, дар саргаҳи дарёи Бӯйбайтал (шохоби чапи Кӯкуйбелсу, ҳавзаи Бартанг) воқеъ гаштааст. Тӯли пирях 7,8 километр, масоҳати умумиаш 13,6 километр2, ҳаҷми он 1,35 километр3. Нуқтаи баландтарини пирях 6060 метр, пасттаринаш 4520 метр. …

Муфассал »

Офисерони Советӣ

ofiseroni_soveti

Офисерони Советӣ, номи қулла дар қисми марказии қаторкӯҳи Музқӯл (Помири Шарқӣ). Баландиаш 6233 метр. Дар атрофи қулла қисми зиёди пиряхҳои қаторкӯҳи Музқӯл ҷойгир шудаанд, ки шохоби дарёҳои Мурғоб па Кӯкуйбелсу аз он оғоз меёбанд.

Муфассал »

Офисер

ofiser

Офисер (немисӣ Offizier — шахси вазифадор), аҳли фармон ва сардор дар қувваҳои мусаллаҳ, милисия ва полисия. Офисер рутбаи ҳарбӣ дорад. Аввалҳо онҳоеро, ки вазифаҳои давлатӣ доштанд, Офисер меномиданд. Дар армияи рус мансабҳои офисерӣ якумин бор дар «полкҳои шакли нав» (асри 16) ҷорӣ шуд. Дар Россия аз аввали асри 18 Офисер …

Муфассал »

Отус

Отус (арабӣ — атсаовар), давоеро гӯянд, ки бӯндани он атса оварад. Инро муаттис хам меноманд.

Муфассал »

Отряди экспедисионии Ҳисор

Отряди экспедисионии Ҳисор (номи пуррааш Отряди ҳарбию экспедисионии Ҳисор), отряди ҳарбӣ-сиёсӣ, ки октябри 1920 бо фармони М. В.  Фрунзе барои муборизаи зидди қувваҳои контрреволютсионии амир Олимхон ва озод намуда ни Бухорои Шарқӣ аз ҳисоби қушунҳои Фронти Туркистони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ва қӯшунҳои Республикаи Халқиии СБ бо сардории А. …

Муфассал »