Пашанг яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии мардуми эронинажод, шоҳи Турон, падари Афросиёб. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Пашанг борҳо ёд мешавад, вале қиссаву ривоятҳои ба ӯ марбут оварда нашудаанд. Пашанг ба ҷангҳои зидди шоҳони Эрон — Нузар, Зав, Гаршосп ва дигарон писараш — Афросиёбро мефиристод. Баъди ба тахт нишастани Кайқубод Пашанг ба …
Муфассал »Пасифизм
Пасифизм (аз лотинӣ pacificus — сулдофарин, аз рах — сулҳ ва facto — мекунам), ҳаракати зидди ҷангиест, ки иштироккунандагони он эътирофу эъломи аз ахлоқ берун будани ҷангҳоро омили асосии пешгирии ҷангу ҷидол медонанд. Пасифистҳо ҳама гуна ҷанг, аз ҷумла ҷангҳои озодихоҳонаи одилонаро низ инкор мекунанд. Онҳо ба ҷои аз байн …
Муфассал »Пахтакорӣ
Пахтакорӣ, яке аз соҳаҳои асосии растанипарварӣ, ки ба парвариши пахта машғул аст. Дар СССР пахтаро дар Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон, Республикаи Советии Сотсиалисти Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалисти Туркманистон, Республикаи Советии Сотсиалисти Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалисти Қазоқистон, Республикаи Советии Сотсиалисти Қирғизистон парвариш мекунанд. Пахтакорӣ ҳанӯз пеш аз милод дар Ҳиндустон, Хитой, …
Муфассал »Газетаи «Пахтакори сурх»
«Пахтакори сурх», газета, органи комитета вилоятӣ ва шаҳрии Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон ва Комитети иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Қурғонтеппа. Аз соли 1944 то 1947 бо тиражи 4700 нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Баъди аз нав ташкил ёфтани вилояти Қурғонтеппа бо коми «Ҳақиқати Қурғонтеппа» ҳафтае 5 маротиба аз …
Муфассал »Газетаи «Пахтакор»
«Пахтакор», газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pаёони Қумсангир. Аз соли 1938 бо тиражи 5700 нусха ҳафтае 3 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр мешавад. Аввал «Борьба за хлопок» ном дошт, аз № 1 (2217) 1 янв. 1960 «Бо роҳи коммунизм» номида шуд. …
Муфассал »Газета «Пахта учун»
«Пахта учун», газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони pайони Ҷилликӯл. Аз соли 1933 то 1955 бо тиражи 769 нусха ҳафтае 2 маротиба ба забони ӯзбекӣ нашр мешуд.
Муфассал »Пахта
Пахта, ғ ӯз a (Gossypium), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулҳо; аз қадимтарин ва муҳимтарин растаниҳои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад. Пахтан навъи 108-Ф. Чун зироати нахдор фақат навъҳои …
Муфассал »Пахол
Пахол, пояи донаш кӯфта гирифташудаи зироати хӯшадор (арзан, қӯноқ, шолӣ), лӯбиёиҳо ва ғайра. Пахоли зироати ғалладонаро асосан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранад. Таркиби химиявӣ ва серғизоии Пахол ба намуди растанӣ, обу ҳаво, шароити чаьмъоварӣ, хирманкӯбӣ, нигоҳдорӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Пахол 35—45% клетчатка ва дигар ангиштобҳои мураккаби бадҳазм, …
Муфассал »Патристика
Патристика (аз юнонӣ pater — падар), исталоҳест, ки маҷмӯи таълимотҳои динӣ, фалсафӣ ва сиёсию иҷтимоии мутафаккирони асрҳои 2—8 масеҳиро ифода мекунад. Патристика дар шарояти бӯҳронӣ сохти чамъияти ғуломдорӣ пайдо шуда, дар мубориза ба муқобили гностисизм, ҳама гуна шаклҳои бидъат ва умуман дину оинҳои қадимӣ ташаккул ёфтааст. Патристика бо идеализми афлотуния, …
Муфассал »Патриархӣ
Патриархӣ, округи калисоӣ, ки дар ихтиёри патриарх аст.
Муфассал »