Паҳншавии радиомавҷҳо, просессҳои паҳншавии мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон (дарозии мавҷашон аз 100 мкм бештар) дар атмосфера, фазои кайҳонӣ ва қабатҳои Замин. Паҳншавии радиомавҷҳо асосан ба дарозии мавҷ, мунавварии атмосфераи Замин бо шуоъҳои Офтоб ва як қатор омилҳои дигар вобаста аст. Дар муҳити якҷинса радиомавҷҳо чун шуоъҳои рӯшноӣ бо суръати доимӣ ростхатта …
Муфассал »Паҳлавиён
Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон …
Муфассал »Пақавзал
Пақавзал, ниг. Ранда.
Муфассал »Пашшахӯрда
Пашшахӯрда, як намуди лейшманиоз.
Муфассал »Пашшахона
Пашшахона, пардаи тунукест, ки чодарвор кашида, шабҳои тобистон дар даруни он мехобанд, то ки аз ҳуҷуми пашша эмин бошанд. Пашшахона дар байни халқҳои Осиёи Миёна. аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём маълум буда, онро асосан аз дока, хоса, баъзан аз хомсуф медӯзанд. Пашшахона одатан 4 м дарозӣ, 2,5 м бар ва …
Муфассал »Пашша
Пашша, як хел ҳашароти паррандаест. Намудҳои гуногуни Пашша, ки аз ҷумлаи дуболаҳои мӯйлабдароз мебошанд, дар биология зерқатори дуболаҳои одди (Nematoceria)-ро ташкил медиҳанд. Тану болҳои аксари Пашшаҳо дарозу бориканд. Пашша дар об, хокҳои нам, бофтаи растаниҳо ва ғайраҳо. зиндагӣ мекунад. Шираи растанӣ, нектар, хуни одаму ҳайвонро мемакад. 335 оилаи Пашша, ки …
Муфассал »Пашмторошӣ
Пашмторошӣ, тарошидани пашми ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ (гӯсфанд, буз, шутур) барои гирифтани пашм, инчунин нигоҳубину табобати пӯст ва ғайра. Пашми гӯсфандҳои маҳин ва ниммаҳинпашмро соле як маротиба (баҳорон) ва гӯсфандҳои дурушту нимдуруштпашмро ду бор (баҳору тирамоҳ) метарошанд. Дар мамлакатҳое, ки бузу гӯсфандпарварӣ тараққӣ кардааст, Пашмтарошӣ асосан механиконида шудааст. Дар СССР қариб …
Муфассал »Пашмикӯҳна
Пашмикӯҳна, ёдгории археологии ибтидои асрҳои миёна дар қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Дар мавзеи байни дарёҳои Ширкент ва Қаротоғ воқеъ аст. Соли 1980 экспедитсияи якҷояи УДТ, институтҳои таърих ва геологияи АФ Тоҷикистон ба тадқиқоти он ибтидо гузошт. Масоҳати Пашмикӯҳна 15 км2 буда, ба 4 қисм тақсим шудааст. Аз он қариб 50 …
Муфассал »Пашмак
Пашмак 1) як навъ ҳалвоест, ки дар Осиёи Миёна ва баъзе мамлакатҳои Шарқ аз қадим машҳур аст. Пашмакро аз шакар, орд, ҷавҳари лиму ва равған тайёр мекунанд. Ба дег шакар ва об (миқдори об назар ба шакар 30—40% камтар) андохта меҷӯшонанд. Ба қиёми тайёршуда ҷавҳари лиму илова карда, то 1,4—1,8% …
Муфассал »Пашм
Пашм 1) мӯи бадани ҳайвоноти ширхор, ки сифатҳои ресандагӣ дорад; 2) яке аз нахҳои табиии асосин бофандагӣ. Миқдори зиёди Пашми саноатро Пашми гӯсфанд ташкил медиҳад; миқдори нисбатан ками онро аз буз, шутур, гажгов (кутос), харгӯш, заргуш, асп, гов, гавазн, саг ва дигар ҳайвонот мегиранд. Пашмро барои истеҳсоли матоъ, маснуоти ҷулоҳи …
Муфассал »