Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 336)

Гуногун

БОЙМАТОВ Пирмат

images

БОЙМАТОВ Пирмат (1910, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ – 1984, ҳамон ҷо), сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), Муаллими хидматнишондодаи мак­таби ҶШС Тоҷикистон (1960). Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент (1941) ва Институти муаллимии Самарқанд (1954). Бойматов баробари таълими фанҳои гуногун солҳои зиёд ба маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб роҳбарӣ …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич

images

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич (24.6.1950, деҳаи Домбраи ноҳияи Восеъ – 4.2.2006, Душанбе), риёзидони тоҷик, академики АИ Тоҷикистон (2001). Хатмкар­даи факултаи механикаву математикаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломо­носов (1971), солҳои 1971-74 аспиранти ҳамин университет буд. Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асимптотикаҳои спектралии операторҳои …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович

images

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович (таваллуд 12.6.1945, Ленинобод), иқтисоддон, профессор (1991), доктори иилмҳои иқтисод (1998). Хатмкардаи УДТ (1966). Солҳои 1966-84 корманди илмӣ, мудири шуъба ва директори Филиали тоҷикистонии Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши талабот ва вазъи савдо дар шаҳри Душанбе, 1984- 2001 ходими илмӣ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ …

Муфассал »

БОЙЛ Ҷон Эндрю

images

БОЙЛ Ҷон Эндрю ( 10.3.1916-19.11.1978, Манчестер), шарқшиноси англис. Профессори Донишгоҳи Манчестер (1966). Падараш китобфурӯшу китобшинос буд, осори адабиро аз забонҳои лотинӣ, фаронсавии қадим, испониёӣ, пор- тугалӣ ба англисӣ тарҷума мекард. Бойл таҳсили ибтидоиро дар назди падараш оғоз  карда, забонҳои лотинӣ ва юнониро омӯхт. Дар Донишгоҳи шаҳри Бирмингем як сол забони …

Муфассал »

БОЙЛ Роберт

robert-boyl

БОЙЛ Роберт (25.1.1627, Лисмор, Ирландия – 30.12. 1691, Лондон), физик ва кимиёдони англис. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солагӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Женева фиристода шуда, сипас, дар вақти саёҳат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун …

Муфассал »

БОЙКОТ

botkot

БОЙКОТ (англисӣ Boycott – гирифта аз исми шахсе бо номи Бойкот), яке аз шаклҳои муборизаи сиёсӣ ва иқтисодист, ки пурра ё қисман қатъ намудани муносибат нисбат ба шахсони алоҳида, ташкилот ва ғайраро пешбинӣ ме­кунад. Масалан, нахаридани маҳсулоти корхонаи муайян, худдорӣ аз кор кардан ва ғайра. Унвони Истилоҳи мазкур аз номи …

Муфассал »

БОЙДУХОН

images

БОЙДУХОН (фавт 4.10.1295), шашумин хони Элхонони Эрон аз сулолаи Ҳулогуиҳо. Писари Тарағай ва набераи Ҳулогу. Баъд аз кушта шудани Гайхотухон (24 марти 1295) бо ёрии Тағоҷор ба тахти подшоҳӣ нишаст. Аммо шохзода Ғозон ба хотири интиқоми хуни амакаш Гайхо­тухон бо ёрии амири Наврӯз аз Хуросон бар зидди Бойдухон бархост. Ҷанг …

Муфассал »

БОЙГОНӢ

archiv

БОЙГОНӢ, архив, бойгон, муассисаи мустақил ё сохтори мақомоти давлатӣ (ташкилот, муассиса, корхона), ки ҳуҷҷатҳои ба таркиби Хазинаи бойгонии миллӣ дохилкардашуда, инчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ (ташкилот, муассиса, корҳона) ва шахсони алоҳида пайдошударо ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мекунад, барои баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ тартиб медиҳад, истифодаи минбаъдаи …

Муфассал »

БОИС

bois

БОИС (сабаб, мӯҷиб), номи яке аз баҳрҳоест, ки арӯзиёни форс-тоҷик Баҳромии Сарахсӣ ва Бузурҷмеҳри Қоинӣ баъди Халил ибни Аҳмад ихтироъ кардаанд. Сабаби Боис ном гирифтани ин баҳр он аст, ки доираи Мунғалата аз он оғоз  ёфта, бо он ба охир мерасад. Рукнҳои асосии Боисро аз ҷузви якуми рукни аввали дои­раи …

Муфассал »

БОЗУБАНД

bozuband

БОЗУБАНД, маснуоти ороишии заргарӣ, дастбанди ҳалқашакли зинатӣ, ки заргарон аз тило, нуқра, мис ва дигар ашёи гаронбаҳо дар шакли давра месозанд ва онро занон (бештар) ва мардон ба гардан ё бозу меовезанд. Дар замонҳои пеш ҳар чизи ҳалқашакли ороишёфта ва беороишро, ки дар бозу бас­та шавад, Бозубанд меномиданд. Бозубанди занон …

Муфассал »