БОҚИР ибни Усмон Бухории Уччӣ, Саййидбоқир, Муҳаммадбоқир ибни Усмон ибни Довуд ибни Шукруллоҳ (фавт тақрибан 1687), шоир, ориф ва фақеҳи форсизабони Ҳиндустон. Аз наберагон (бозмондагон)-и Саййидҷалолуддини Бухорӣ, маъруф ба Ҷаҳониёни Ҷаҳонгашт (1308-1383). Саййидҷалолуддин нахустин касест, ки аз Бухоро ба нимҷазираи Ҳинд кӯчид ва силсилаи содоти Бухориро дар рустои Уччаи Ҳиндустон …
Муфассал »БОҚИР Имом Боқир
БОҚИР Имом Боқир, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, мулаққаб ба Боқиру-л-улум; бо лақабҳои «Ҳодӣ» ва «Шокир» низ ёд мешавад (677 ё 678, Мадина – 732, ҳамон ҷо; мадфун дар гӯристони Бақеъ), яке аз уламои барҷастаи садри ислом ва аз ҷумлаи тобеин. Боқир ҳам аз ҷониби …
Муфассал »БОҚИМУҲАММАД
БОҚИМУҲАММАД (фавт 1605), хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён (1601-05), писари Султон Ҷонибек. Вакили Шайбониён Пирмуҳаммадхон (1598 -1601) Боқимуҳаммадро барои хидматҳои шоёнаш ҳокими Самарқанд таъйин кардааст (1599). Боқимуҳаммад баъди мавқеи худро мустаҳкам намудан ҳатто аз итоат ба Пирмуҳаммадхон саркашӣ карда, ба муқобили ӯ мешурид. Моҳи июни 1601 дар Боғи Шамоли Самарқанд …
Муфассал »БОҚИИ КАФФОШ
БОҚИИ КАФФОШ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод кардааст. Дар манбаъҳои адабӣ чун шоири маъруф, дорои табъи баланд ёд шудааст. Забони шеъраш равону шевост. Намунае аз ашъори ӯ: Сабо зи кӯи ту, ҷоно, ба расми сайр гузашт, Зи рашк ҷон ба лаб омад маро, ки ғайр …
Муфассал »БОҚИИ ДАРЗӢ
БОҚИИ ДАРЗӢ Устод Боқии Дарзии Бухороӣ, навозанда, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷики охири асри 16 – нимаи аввали асри 17. Пешааш косибӣ буда, тахаллуси «Дарзӣ» низ ва ҳамин ҷост. Маълумоти ибтидоии мусиқиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас маҳорати созандагию навозандагиро дар шаҳрҳои Самарқанду Ҳирот назди Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари …
Муфассал »БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ
БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ (1595, Нойин – 1633, Банорас), шоир ва мусиқидони форсизабони Ҳиндустон. Дар ашъораш ба тақозои вазн «Боқӣ» ва ё «Боқиё» тахаллус мекард. Пас аз касби камол ба Исфаҳон рафта, илму дониш, махсусан улуми адабиро омӯхт. Дар Ироқ аз сӯҳбати шоирону донишмандони давраш – Ҳаким Шифоӣ ва дар Хӯросон …
Муфассал »БОҚИЕВА Суфро
БОҚИЕВА Суфро (15.12.1926, деҳаи Шаҳраки ноҳияи Исфара – 3.6.2009, ҳамон ҷо), говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Устоди чорводории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1967). Солҳои 1941-54 колхозчӣ, 1954—58 сардори бригадаи пилапарварӣ, 1958-84 говдӯш, 1984-90 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи Ленин ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов …
Муфассал »БОҚИЕВА Муслима
БОҚИЕВА Муслима (таваллуд 7.11.1933, Бухоро), сарояндаи машҳури тоҷик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Боқиев Солеҳ омӯхтааст. Аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони …
Муфассал »БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович
БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович (8.3.1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор-29.5.2012, ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1988), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970-75 муаллими тарбияи …
Муфассал »БОҚИЕВ Рустам Худойназарович
БОҚИЕВ Рустам Худойназарович (таваллуд 21.1 1978, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба дзюдо (2003) ва гӯштини миллии қураш (2006), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо ва қураш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007). Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – …
Муфассал »