Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 324)

Гуногун

БОХТАРИҲО

baktriysi

БОХТАРИҲО, сокинони Бохтар, яке аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Бохтари Қадим, ки минтақаи шимоли Афғонистон, қисматҳои марказу ҷанубии Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистони кунуниро фаро мегирифт, зиндагӣ мекарданд. Маркази асосиашон шаҳри Балх буда, онҳо нахустин давлати аҳди қадими маҳаллӣ – давлати Каё­ниён ва тамаддуни қадимии Бохтару Марғушро бунёд гузоштаанд. …

Муфассал »

БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН

maxresdefault

«БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН», ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ) оид ба истеҳсоли нахи пахта дар деҳаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар. 5 июли соли 2013 ба истифода дода шуд. «Бохтар Инвест Коттон» бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, соле то 20-25 ҳазор тонна пахтаро мересад. Дастгоҳҳои корхона каммасраф буда, имкон медиҳанд, ки …

Муфассал »

БОХТАР

bokhtar

БОХТАР, ҳамвории доманаи кӯҳӣ дар шимоли Афғонистон, дар соҳили чапи дарёи Ому. Дарозиаш қариб 400 километр, бараш то 140 километр. Баландиаш аз 250-600 метр дар ҷануб то 250 метр дар шимоли ғарбӣ Бохтар дар пастхамии тектоникӣ воқеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обовард ва зардхок пӯшида аст. Иқлимаш хушки …

Муфассал »

БОХАРЗӢ Сайфуддини Бохарзӣ

images

БОХАРЗӢ Сайфуддини Бохарзӣ, Абулмаолӣ Сайфуддин Саъид ибни Матҳар ибни Саъид (1190, Бо­харзи Хуросон 1261, Фатҳободи Бухоро), машҳур ба Шайхи Олам, Хоҷаи Фатҳободӣ, муҳаддис, ориф ва шайхи маъруфи тариқати кубравия. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас ба сафар баромад ва фиқҳу ҳадисро дар Ҳирот, Нишопур ва Бағдод аз фақеҳону муҳаддисони бузург, …

Муфассал »

БОФАНДАГӢ

bofandagi

БОФАНДАГӢ, ҷулоҳӣ, ҷулоҳагӣ, тарзи суннатии аз ресмон бофтани матоъ, карбос ва амсоли инҳо дар дастгоҳи Бофандагӣ, ки тавассути бофанда сурат мегирад. Дар Бофандагӣ тору пудро ба якдигар ворид карда, онҳоро бо ҳам мебофанд. Дар Бофандагӣ ду дастаи риштаҳо (абрешимӣ, пашмӣ, пахтагӣ, канаб, ҷут ва ғайра)-ро аз арзу тӯл лобалои ҳамдигар …

Муфассал »

БОТУХОН

botukhon

БОТУХОН (1206-1255 ё 1256), сипаҳсолор, хони муғул. асосгузори давлати Урдаи Тилоӣ (соли 1243). Писари Ҷуҷӣ ва набераи Чингизхон. Пас аз падараш (фавт 1227) сарвари улусиҶуҷӣ шуд. Ботухон соли 1235 аз ҷониби Уқтой барои забти кишварҳои Аврупои Шарқӣ сарфармондеҳи нерӯҳои муғул таъйин гардид. Баъди забти Булғория (соли 1236) дар иттифоқ бо …

Муфассал »

БОТЛОҚ

boloto

БОТЛОҚ, қисми сернаму оби сатҳи Замин, ки дар он моддаҳои табиии напӯсида ҷамъ мешаванд ва баъдан ба торф мубаддал мегарданд. Оби Ботлоқ хокро сернам нигоҳ медорад. Дар чунин шароит дар ботлоқ набототи намидӯст месабзанд. Ботлоқ намиро нигоҳ дошта, кам бухор ме­кунад. Он бар асари васеъшавии ҳавзҳои об ва сернамшавии заминҳои …

Муфассал »

БОТ

bot

БОТ (англисӣ boat — киштӣ), киштии миёнаҳаҷми яксутунаи боркашони ғунҷоишаш то 60 тонна (дар замони киштиҳои бодбонӣ), ки 6-8 тупи қутраш хурд дошт. Ботҳо ба­рои сафарҳои баҳрӣ аршадор ва сафарҳои наздисоҳилӣ беарша мешуданд. Дар замони киштиҳои буғӣ Ботҳои бодбонӣ, бодбонию белдор ё муҳаррикдори ғунҷоишашон то 15 тонна вуҷуд доштанд, ки …

Муфассал »

БОСФОР

bosfor

БОСФОР, Боспор, давлати ғуломдории даврони атиқа, ки дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар натиҷаи иттиҳоди шаҳрҳои Юнон дар нимҷазираҳои Кирчу Таман (тақрибан соли 480 то милод) бунёд ёфта буд. Пойтахташ Пантикоп (Кирчи ҳозира), шаҳрҳои калонтаринаш Фанагория, Гермонасса (Тамани ҳозира), Феодосся, Тиритака, Нимфей ва Горгиппия (Анапаи ҳозира) буданд. Аз охири асри 5 …

Муфассал »

БОСНАВӢ Саройӣ

images

БОСНАВӢ Саройӣ, Муҳаммад ибни Мусо (1595, Сараево – 1635 ё 1636, Румайло, Туркия), мулаққаб ба Алломак, муфассир ва фақеҳи босниёӣ. Таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи Қозӣ Хусравбеки Сараево гирифта, сипас барои такмили таҳсилот ба Истанбул рафт. Дар он ҷо ҳамзамон бо таҳсил ба шарҳи осори гузаштагон низ машғул буд, то ин …

Муфассал »