БОЯЗИДИ II (1447-26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481-151), писари калони султон Муҳаммади II ва ҳамзамони шоҳ Исмоили I Сафавӣ. Боязиди II аз рӯйи эътиқоди афзун ва пуштибонии тариқати динӣ лақаби «Валӣ»-ро соҳиб шудааст. Боязиди II ҳангоми рақобаташ барои тахту тоҷ бо бародараш Ҷам ба пуштибонии сипоҳиёни яккачини яничарҳо такя намуда, соли …
Муфассал »БОЯЗИДИ I Йилдирим
БОЯЗИДИ I Йилдирим (тақрибан 1347-8.3.1403), султони турк (1389-1402) аз сулолаи Усмониён. Сиёсати истилогаронаи гузаштагонашро давом дода, бо лашкаркашиҳо Сербия (1389), Булғория, Македония, Босния, Фессалия, Маҷористонро (1393-96) тобеъ намуд. Боязиди I мавқеашро дар нимҷазираи Балкан мустаҳкам карда, Румро забт намуд ва лашкараш Константинополро ба муҳосира гирифт. Шоҳи Маҷористон Сигизмунд ҷабҳаи муштараке …
Муфассал »БОЪ
БОЪ, қулоч, воҳиди қадимии дарозӣ, фосилаи байни ду дасти кушодаи марди миёнақомат аз нӯки ангӯштони миёна. Дар маъхазҳои форсӣ ба шакли «боз», «боза», «бож» ва «вишмор» («вишмори шоҳӣ», «вишмори шопурӣ») низ омадааст. Дар китобҳои фиқҳӣ Боъ чун воҳиди масофа аст (1 фарсах = 3 мил; 1 мил = 1000 Боъ). …
Муфассал »БОША
БОША, дар меъморӣ ҷузви ороишии сутунҳои чӯбӣ. сангӣ, хиштӣ ва бетонист. Баъзан сарсутун ё сари сутун ҳам мегӯянд. Боша бо шакл, андоза ва нигориш аз дигар сутунҳо фарқ мекунад ва ҳамин ҷиҳат дар санъати меъмории атиқа низ ривоҷ дошт. Чунончи, дар Юнони Қадим ва Руми Қадим се навъи Боша ионӣ, …
Муфассал »БОША
БОША (Accipiter badius), як навъ парандаи соҳибчанголи аз боз хурдтар. Дарозии танааш 30-38 сантиметр, вазнаш 190-300 грамм; Бошаи модина калонтар аст. Боли кӯтоҳу думи дарози Боша барои дар байни дарахтон зуд парвоз кардан мутобиқ шудааст. Парҳои тахтапушти Боша хокистарранг, парҳои шикамаш сафедча буда, нақшҳои зарди сурхтоб доранд. Минқору чанголаш сиёҳ; …
Муфассал »БОҶИ СУДӢ
БОҶИ СУДӢ, навъи боҷ, иборат аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда, ки ҳангоми муроҷиат барои баррасии парвандаҳо дар судҳои Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохта мешавад. Андоза ва тартиби пардохти Боҷи судӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муқаррар карда мешавад. Боҷи …
Муфассал »БОҶИ ДАВЛАТӢ
БОҶИ ДАВЛАТӢ, пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ. Супорандагони Боҷи давлатӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки Боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд. Дар Тоҷикистон Боҷи …
Муфассал »БОҶИ ГУМРУКӢ
БОҶИ ГУМРУКӢ, дар ҳуқуқ, пардохти ҳатмие, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад. Аслан Боҷи гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукӣ тибқи талаботи Кодекси …
Муфассал »БОҶ
БОҶ Бож, Боз (аз форсии қадими боҷӣ ва авестоии баҷ – тақсим кардан, қисмат кардан), навъе пардохти пулӣ, ки аз молҳои воридотӣ дар боҷхонаҳои бандарӣ ва сарҳаддии давлат ситонида мешуд. Ҳамчунин Боҷ мол ва пули нақде буд, ки ҳокимони маҳаллӣ ва амирон ба шоҳ мепардохтанд. Дар кишварҳои асримиёнагии Шарқ Боҷ …
Муфассал »БОҲТУР
БОҲТУР (Ophisaurus apodus), баҳтур, калтакалоси бепойи мормонанд. Дарозиаш то 1,5 метр; рангаш сиёҳи сурхтоб, холҳои зарди сабзгун ё сурхча дорад. Дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Қрим, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн шудааст. Онро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои кишварамон метавон дучор омад. Боҳтур дар ҳамвории доманакӯҳҳо, …
Муфассал »