МУКАЛЛАФӢ (аз арабӣ odC* — андозпазир; комил, соҳибҳуқуқ), дар ҳуқуқи ҷиноятӣ қобилияти ба ҳаракатҳои худ баҳо додан, онҳоро идора карда тавонистани шахс, ки аз аломатҳои ҳатмии ҷиноят мебошанд. Дар ҳуқуқи ҷиноятин советӣ Мукаллафӣ— асоси гуноҳ ва ҷавобгарӣ барои кирдори ҷиноятист. Маънои ҳаракатҳои худро фаҳмида тавонистан ҳамин аст, ки шахс бояд …
Муфассал »БРАДЗОТ
БРАДЗОТ (Норвегии brad – ногаҳон ва sott – касалӣ), касалии шадиди сироятии ҳайвонот. Асосан дар гусфандон падид меояд. Брадзотро бори аввал соли 1888 олими норвегӣ Нилсен тавсиф кардааст. Онро дар Австралия «касалии сиёҳ» ва «гепатити некрозӣ» меноманд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст соли 1929 олимон К. П. Андреев дар …
Муфассал »БРАГАНСА
БРАГАНСА (braganca), сулолаи подшоҳони Португалия (1640-1853) ва императорони Бразилия (1822-1889). Дар Португалия онҳо насаби худро аз герсог Жуан Браганса, ки баъди ҷудошавии Португалия аз Испания соли 1640 бо номи Жуани IV подшоҳи Португалия эътироф гардид, шурӯъ мекунанд. Намояндагони сулолаи Браганса дар Португалия: Жуани IV (1640-56), Алфонсуи VI (1656—83), Педруи II …
Муфассал »БРАГАЛЯ Антон Ҷулио
БРАГАЛЯ (Bragalia) Антон Ҷулио (1890-1960), коргардони театрии итолиёӣ, рассом, оператори кино, мунаққид ва назарияпардози санъат. Яке аз намояндагони маъруфи футуризми Итолиё. Солҳои 1919-43 намоишгоҳи ба номи «Каза д’арте» дошт, ки дар он асарҳои рассомони пешгоми тамоми равияҳо ба маъраз гузошта мешуданд. Брагаля барои таҷдиди саҳнаи итолиёӣ, ҷорӣ намудани воситаҳои техникие, …
Муфассал »БРА
БРА (фаронсавӣ bras – даст, дасти машъалдор), қандил (ломиш)-и ороишиест, ки ба девор меовезанд. Бра аз асри 17 ба баъд маъмул гаштааст. Бра ҷузъи ороишии манзил буда, онро барои равшан кардани хона ва беруни бино, дар хонаҳои сақфашон хеле паст, равшан кардани ягон ҷиҳози ҷудогонаи хона (масалан, ойина ё расм), …
Муфассал »БОЯРКИН Василий Илларионович
БОЯРКИН Василий Илларионович (24.4.1914, Тюягански вилояти Оренбург – (12.12 1943), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944, баъди вафот), сержанти калони гвардия. Пеш аз ҷанг дар МТС-и ноҳияи Шаҳритузи вилояти Курғонтеппа тракторчӣ буд. Ноябри 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, ҳамчун командири гурӯҳи пулемётчиёни эскадрони 4-уми полки 60-уми дивизияи 16-уми корпуси 7-уми …
Муфассал »БОЯЗИДПОШО
БОЯЗИДПОШО, масҷид дар Омосия (Туркия, асри 15). Масҷид соли 1414/15 ба дастури Боязидпошо, вазири ҳалабии Султон Муҳаммади аввал (1402-21) бино шудааст. Меъморони он Яъқуб ибни Абдуллоҳ ва Туғон ибни Абдуллоҳ будаанд. Боязидпошо аз зеботарин намунаҳои масоҷиди дорои «тобхона» (ҷое барои паноҳ ва таъом додани фақирон дар зимистон) ё дорои «зовия» …
Муфассал »БОЯЗИДИ ПУРОНӢ
БОЯЗИДИ ПУРОНӢ шоир ва хаттоти тоҷик (асри 16). Аҷдодаш аз бузургони шаҳри Ҳирот шайхони шинохтаву номвар буданд. Барои такмили илму дониш ва ҳунари хаттотӣ ба Бухоро омад. Тазкиранигор Нисорӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб» аз ӯ чун хаттоти моҳир ёд кардааст. Ҳафт навъи хатро хуб менавишт. Аз навиштаҳои ӯ барои ороиши масҷидҳои Бухоро …
Муфассал »БОЯЗИДИ БАСТОМӢ
БОЯЗИДИ БАСТОМӢ, Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш «Султону-л-орифин» ва «Бурҳону-л-муҳаққиқин» (фавт 857, Бастом), мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форс-тоҷик дар асрҳои 8-9. Аҷдоди пешини Боязиди Бастомӣ пайрави зардуштия буданд ва дар давраи ҳаёти бобояш аҳли хонадон дини …
Муфассал »БОЯЗИДИ БАЁТ
БОЯЗИДИ БАЁТ яке аз муаррихон ва ходимони силсилаи Темуриёни Ҳинд (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Бародари Баҳром Саққоии Бухороӣ. Бинобар таҳаввулоти воқеаҳои сиёсии Мовароуннаҳр ба Машҳад сафар карда, дар мадрасаи он ҷо ба таҳсили илм пардохт. Боязиди Баёт дар Гардез ба хидмати шоҳзода Комрон Мирзо ворид гардида, муддате Ҳукумати Гардез, Нағаз …
Муфассал »