МУНСАРЕҲ (арабӣ- осон, равон), номи яке аз баҳрҳои ф а р ъ и и арӯз. Ин баҳрро барон он Мунсареҳ меноманд, ки вазнҳои он шӯху сабук буда, рукнҳои ватабаш нисбат ва ватадаш муқаддамтаранд. Мунсареҳ рукни махсус надошта, дар асоси омезиши рукни аслии баҳри раҷаз (мустафъилун) ва рукни ч о р …
Муфассал »МУНОСИБАТ
МУНОСИБАТ, муносабат (арабӣ —бо ҳам нисбатдорӣ; алоқа, пайвастагӣ), категорияи фалсафист, ки хусусияти ҷойгиршавии унсурҳои системаи муайян ва вобастагии мутақобилаи онҳоро ифода мекунад; ифодаи мавқеи шахс нисбат ба ягон чиз; муқоисаи фикрии объектҳои гуногун ё ҷиҳатҳои объекти муайян. Материализми диалектикӣ хусусияти объективӣ ва универсалии Муносибатро ба асос мегирад. Дар олам танҳо …
Муфассал »МУНМУНАИҲО
МУНМУНАИҲО (Lycopodiaceae), як оилаи гиёҳҳои ҳамешасабз, ки пояи сербарг, барги пурраи майдаи байни ҳамдигар ва ба поя пайвастшуда доранд. Спорангияҳои муғҷамонанд ё ки нимдоираи Мунмунаиҳо дар бағали баргҳои спораҳосилкунанда ҷойгир шудаанд. 4 ҷинси Мунмунаиҳо, ки кариб 250 намудро дар бар мегирад, дар мамлакатҳои тропикӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии …
Муфассал »МУНМУНA
МУНМУНA (Lycopodium), ҷинси гиёҳҳои ҳамешасабзест аз оилаи мунмунаиҳо. Пояи хобида ва барги майдаи дарафшмонанд дорад. Дар нӯги шохчаҳои Мунмуна ду ё якчанд хӯшачаҳои спорадор, яъне стробилу мавҷуданд; хӯшача зич буда, аз тир ва спорабаргакҳои пулакчамонанд (споро- фил) иборат аст. Аз спораҳо наврустаҳои ҷудоҷинса инкишоф меё- банд. Қариб 10 Мунмуна маълум …
Муфассал »МУНАББАТ
МУНАББАТ (арабӣ — нақши растанӣ), навъи нақшест, ки ба тасвири гиёҳу растанӣ ва гулу гулдон асос ёфтааст. Дар баъзе маҳалҳо онро «кӯзачаислимӣ» мегӯянд. Нигаред низ Дарахтсозӣ.
Муфассал »МУЛҲАҚОТ
МУЛҲАҚОТ (арабӣ ҷамъи—пайвастшуда, ҳамроҳшуда), навиштаҷоте, ки дар поёни таълифоти асосӣ омадааст ва ё бо асаро дар як ҷилд муқовабандӣ шудааст. Масалан, Мирзо Салимбеки Салимӣ матни тазкираи «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳро ба чоп тайёр карда, маълумоти роҷеъ ба шоирони ибтидои асри 20-и Бухоро, чун Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарро бо намунаи …
Муфассал »МУЛӮҲ
МУЛӮҲ 1) паррандаест, ки ба воситаи вай ҳамҷинсашро ба дом ме- кашанд. Нигаред низ Милвоҳ, 2) Одаме,ки барои ба даст даровардани одами дигар олат шавад 6 фиребгаре, ки дар зоҳир бечора, содда ва номурод намояд.
Муфассал »МУЛТИ
МУЛТИ… (аз лотинӣ mulium — бисёр), қисми аввали таркибии калима- ҳои мураккаб, ки бисёрӣ ва бисёркаратаро ифода мекунад. Масалан, мултимиллионер. мултиплекс ва ғайра.
Муфассал »МУЛЛОЕВ Қурбон
МУЛЛОЕВ Қурбон (таваллуд 1905, Хуҷанд), пахтакор, Каҳрамони Меҳна- ти Сотсиалистӣ (1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС aз соли 1945. Солҳои 1929—35 коркуни шӯубаи районии хоҷагии қишлоқи Қурғонтеппа, 1936—44 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1945— 55 раис ва 1956—59 сарагрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1960—65 раиси Совети қишлоқи Калинини pайони …
Муфассал »МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ
МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мударрис ва шоири охири асри 19 ва аввали асри 20. Дар вилояти Кӯлоби ҳози- ра таваллуд ёфта, дар Бухоро илм омӯхт. Мударриси мадрасаи Хоҷа Муҳаммади Порто (Бухоро) буд. М.уллобурҳонӣ Xатлонӣ, ки аз фазлу дониш баҳраи тамом дошт, аввалҳо бо тахаллуси «Муштоқӣ» шеър мегуфт …
Муфассал »