Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 318)

Гуногун

МУРАҚҚАЪ

murakka

МУРАҚҚАЪ (арабӣ — руқъа- руқъа, пора-пора ба ҳам ҷамъ кар- дашуда), маҷмӯаҳое, ки аз қитъаҳои хати хушнависон ва минётурҳои рассомони гуногун тартиб дода мешуданд. Мураққаъ аз асри 16 cap карда, махсусан дар замони Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд ривоҷ ёфт. Ҳоло дар музею китобхонаҳои олам зиё­да аз 10 Мураққаъ нигоҳ дошта …

Муфассал »

МУРАККАБ

murakkab

МУРАККАБ (ар. — таркибёфта, таркибӣ, омехта), сиёҳии махсус барои навиштан. Дар гузашта аз он мардуми машрикзамин истифода мебурданд. Бо Мураккаб олимону адибони араб ва форс-тоҷик китобат мекарданд.

Муфассал »

МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Иванович

sergei_ivanovich_muraviev-apostol

МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Ива­нович (9. 10. 1796, Петербург — 25. 7. 1826, ҳамон ҷо), декабрист, под­полковник. Аз оилаи дипломат ва нависанда. Институти инженерони роҳҳои алоқаи Петербургро хатм карда­аст (1811). Иштирокчии Ҷанги ватанӣ (1812) ва юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Январи 1825 аз тарафи П. И. Пестел ба ҳайати Ҷамъияти ҷанубии декабристон …

Муфассал »

МУРАВЁВ Никита Михайлович

muravjov-nikita

МУРАВЁВ Никита Михайлович (30. 7. 1796, Москва — 10. 5. 1843, деҳаи Урики pайони Иркутски вилояти Ир­кутск), декабрист, капитани гвардия (1825). Дар Университети Москва таҳсил кардааст. Аз соли 1813 дар хизмати ҳарбӣ буд. Иштирокчии юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Чан­де дар Париж зистааст. Аз рӯи ақидааш республикачӣ. Аз соли 1821 …

Муфассал »

МУРАББО

murabbo

МУРАББО, навъи ширинӣ, меваи дар шира пухташуда. Асосан аз мева, ғуҷуммева, сабзавот ва шакар мепазанд. Хелҳои зиёд дорад. Масалан, Мураббоҳои биҳӣ, анҷир, нок, ангур, харбуза, шалғам, каду, гелос, олу, олуча, сиёҳолу, тут, шоҳтути заминӣ, сабзӣ ва ғайра. Мураббои биҳӣ, биҳиро чор ҳисса карда, тухмашро мегиранд ва реза (ғаф- сиаш 0,5 …

Муфассал »

МУРАББАЪ

chorgona

МУРАББАЪ (ар. c— чоргона, чоркунҷа), 1) як санъати бадеии лафзӣ. Шоир чаҳор мисраъ ё чаҳор байтро ба тариқе мегӯяд, ки агар онҳоро ба чаҳор пора ҷудо карда, ҳар пораро дар чаҳор хонача навишта, аз чап ба рост (дар хатти арабӣ аз рост ба чап) ё аз боло ба поён хонем, …

Муфассал »

МУРАББАИ РОСТИ МИРЗО

mirzo

«МУРАББАИ РОСТИ МИРЗО» яке аз қисмҳои «мушкилот»-и мақоми «Рост» дар таркиби Мақомҳои Хоразм. «Мураббаи Рости Мирзо» дар қисмати 8-уми «мушкилот»-и мақоми «Рост» ҷой гирифтааст. Мусаннифаш Муҳаммадрасул (мутахаллис ба Мирзо, 1840—1922)— писари Комили Хоразмист.     Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МУРАББАИ КОМИЛ

komil-khorazmiy

«МУРАББАИ КОМИЛ»  яке аз қисмҳои «мушкилот»-и мақоми «Рост» дар таркиби Мақомҳои Хоразм. «Мураббаи Комил» дар асоси зарбу усул ва тобишҳои ҳавои мақоми «Рост» ба вуҷуд омадааст. Мусаннифаш Комили Хоразмӣ буда, дар таснифи он аз усулу зарби баҳрӣ арӯз («Баҳри комил») истифода бурдааст. Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МУОВИЯ ибни Абӯсуфён

person

МУОВИЯ ибни Абӯсуфён (соли таваллуд ва вафот номаълум), асосгузори сулолаи Умавиён (661—750) дар хилофати араб. Муовия дар ҷавонӣ яке аз котибони Муҳаммади пайғамбар будааст. Баъди вафоти Муҳаммад (632) Муовияро халифа Абӯбакр (632— 634) дар Шом сарлашкар ва волӣ таъин кард. Ҳамин тавр, Муовия дар нимаи аввали асри 7 ҳукмрони комили …

Муфассал »

МУНТАСИР Абӯиброҳим Исмоил Ибни Нӯҳ

person

МУНТАСИР Абӯиброҳим Ис­моил Ибни Нӯҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1005), бародари ду амири охирини сулолаи Сомониён — Мансури П ибни Нӯҳ (997—999) ва Абдулмалик ибни Нӯҳ. Ӯ ба воридшавии туркҳои қарохонӣ ба Мовароуннаҳр ва тақсими мулкҳои Сомониён байни давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиён зид буд. Баъди забти Бухоро (999) қарахониён …

Муфассал »