Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 314)

Гуногун

МУСАЛЛАС

musallas

МУСАЛЛАС, май, навъи май, ки аз шарбати ангур, инчунин аз мавиз тайёр мекарданд. ҷозир технологияи Мусаллас такмил ёфтааст. Онро дар заводҳои майкашӣ тайёр мекунанд. Нигаред низ Май, Майкашӣ.

Муфассал »

МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР

person

МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони хилофати араб дар волигии Хуросон. Соли 780 халифа Мусайяб Ибни Зуҳайрро ҳокими Хуросон таъин намуд, то вай ба исёни Муқаннаъ, ки тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд, зарба занад. Ӯ дар Хуро­сон қувваи бисёре ҷамъ карда, ба Бухоро рафт ва …

Муфассал »

МУСАЙЛИМА

person

МУСАЙЛИМА      (номаш Мас­лама; Соли таваллуд номаълум — вафот 633), аз аҳли ханифия буда, пеш аз ислом дар нимҷазираи Арабистон тавдид (яккахудоӣ )-ро тарғиб кардааст. Роҳбари динии қабилаҳои сокини водии Ямома буд. Мусайлима дар давраи ха­лифа Абӯбакр дар ҷанги зидди ка­билаи Банӣ Ҳанифа ҳалок гардидааст. Дар адабиёти баъдинаи динӣ Мусайлимаро барои …

Муфассал »

МУСАВВАДА

chernovik

МУСАВВАДА (арабӣ— сиёҳнавис), дар матншиносӣ зери мафҳуми Мусаввада таҳрири аввали дасттависи асарҳои шоирону нависандагонро ме- фаҳманд. Ба ин маънӣ Мусаввада шакли ибтидоии асари бадеӣ ё илмист, ки мунтазири таҳриру такмил мебошад. С. Давронов.

Муфассал »

МУРҒШӮРБО

murgshurbo

МУРҒШӮРБО, як навъ таоми мил­лист. Мурғро пар канда (дар кӯҳис­тон пӯсташро канда) ба дег меандозанд ва мисли хомшӯрбо дар оташи паст мепазанд. Ба он мувофиқи табъ пиёз, сабзӣ, картошка, баъзан каме биринҷ ё угро низ ҳамроҳ мекунанд. Мурғшӯрборо аксар вақт ҳамчун таоми парҳезӣ мепазапд. М. Хомидҷонова.

Муфассал »

МУРҒПАРВАРӢ

murgparvari

МУРҒПАРВАРӢ, паррандап а р в а р ӣ, соҳаи ҳайвонотпарварӣ, ки вазифаи он парвариши паррандаҳои хоҷагии қишлоқ (мург, мурғобӣ, ғоз, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ) мебошад. Мақсади асосии М.урғпарварӣ истеҳсоли тухму гӯшт буда, истеҳсоли пар ва тибит маҳсулоти иловагии он аст. Тақрибан 3 ҳазор сол пеш аввалин бор дар Ҳиндустон …

Муфассал »

МУРҒОБӢ

????????????????????????????????????

МУРҒОБӢ, як гурӯҳ мурғҳои гуногунҷинсро гӯянд, ки ба оилаи мурғҳои обии ғозмонанд мансубанд. Вазнаш 300—1700 грамм. Ба тамоми олам паҳн шудааст. Аз рӯи сохту хусусиятҳои биологӣ ва истеҳсолӣ Мурғобӣ ҳақиқӣ, ғӯтагарак ва крохал мешавад. Мурғобии ҳақиқӣ ё дарёӣ ба об ғута за­да наметавонад. Дар хушкӣ ё ҷойҳои тунукоб хӯрок меҷӯяд. …

Муфассал »

МУРҒОБИҲО

murgobi

МУРҒОБИҲО (Anatidae), як оилаи паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба қатори қозшаклҳо мансубанд. Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панҷа- ҳои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Парҳояшон зичи сафед, ҷигарӣ, бӯр ва сиёҳ аст. Аксари Мурғобиҳо хеле хуб парвоз карда ва ба об ғута за­да метавонанд. Ба Мурғобиҳо қу, қоз, мур­ғобӣ ва казарка …

Муфассал »

МУРҒИҲО

murgiho

МУРҒИҲО (Galliformes), як қато­ри паррандаҳоро гӯянд. Дарозии та- нашон аз 12 то 235 сантиметр, вазнашов аз 45 грамм (бедонаи пакана) то 22,5 килограмм (мурғи марҷони хонагӣ) мебошад. Мурғиҳо нӯли кӯтоҳ, пойҳои бақувват, бо­ли паҳн ва парҳои зич доранд. Дар аксари онҳо диморфизми ҷинсӣ (фарқияти наринаю модина) инкишоф ёфтааст. Ранги Мурғиҳои …

Муфассал »

МУРҒИ ҲИЛОЛ

murgi-hilol

МУРҒИ ҲИЛОЛ, кабки ҳилол ҳулол (Tetraogallus), ҷинси паррандаҳои мурғмонанди мансуби оилаи тазарвиҳо, Дарозии баданаш 50- 70 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақувкат. Мурғи ҳилол дар баландкӯҳҳои Кавказ, Си­бири Ҷанубӣ, Осиёи Хурд, Миёна ва Марказӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи 5 намуди Мурғи дҳилол: кавказӣ (Т. caucasicus; асосан қаторкӯҳҳои Кавказ); каспигӣ (Т. caspius; Арманистону Кабуддоғ); …

Муфассал »