Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 301)

Гуногун

МОЛА

МОЛА, 1) олати хоҷагии қишлоқ; тахтаи дандонадорест, ки ба ҷуфти юн. асп ё трактор баста, замини рондашударо бо он ҳамвор ва кулӯхҳояшро суда мекунанд. Моларо аз чӯб, шох, оҳан ва ғ. месозанд. Ниг. низ Сихмола, Вал. 2) Лифи оҳардиҳии бофандагӣ.

Муфассал »

МОЛ

mol

МОЛ, маҳсули меҳнат, ки барои қонеъ гардондани талаботи инсон, фурӯш ё мубодила истеҳсол карда мешавад. Мол дар истеҳсолоти молӣ вуҷуд дошта, муносибатҳои истеҳсолии молистеҳсолкунандагонро инъикос мекунад. Дар шароити тақсими ҷамъиятии меҳнат ва мустақилияти истеҳсолкунандагон маҳсули меҳнат ба Молтабдил меёбад, ки ин боиси ба вуҷуд омадани молистеҳсолкунандагон мегардад. Дар формацияҳои токапиталистӣ …

Муфассал »

МОКША

moksha

МОКША, дарёест дар вилояти Пенза, РАСС Мордва ва вилояти Рязани РСФСР. Шохоби рости дарёи Ока. Тӯлаш 656 км, масоҳати ҳавзааш 51 ҳазор км3. Аз баландии Наздиволга ибтидо меёбад. Манбааш асосан барф. Ноябр ях бас­та, апрел яхаш об мешавад. Сарфи миёнаи об дар наздикиҳои резишгоҳ қариб 95 м3/сон. Шохоби асосиаш Цна …

Муфассал »

МОКУ

МОКУ, 1) мокуи бофандагӣ, қисми кории дастгоҳи бофандагиет, ки дар асоси бофтани матоъ дар байни риштаҳои асосӣ (пуд) риштаи сареҳ (тор) могузаронад. Моку комаи махсус дорад, ки дар он найчаи риштадор ҷойгир шудааст (ниг. расм). Моку аз чӯби дарахтҳои сахт (заранг, шамшод, зардолу, тут, ака­ция), инчунин аз пластмасса, аррамайдаи прессонида …

Муфассал »

МОКИЁН

mokiyon

МОКИЁН, ҷинси модинаи мурғи хонагӣ. Мокиён нисбат ба ҷинси наринаи мурғ (хурӯс) ҷуссаю сари хурд, гардани кӯтоҳ ва тоҷи майда дорад. Вазнаш 1,8-—4,5 кг. Рангаш сафед. сиёҳ, малла, сурх, ашхабӣ ва ғ. Аз 5-6-моҳагӣ то 10 сол (соле 180—365 дона) тухм мекунад. Мокиён одатан соле як бор (август—октябр, ҳангоми тулак) …

Муфассал »

МОНИКАҶ

МОНИКАҶ, деҳа, маркази С. Қ. Роҳатов райони Ленин РСС Тоҷикистон. Терр. колхози «Роҳатӣ». Дар сари роҳи автомобилгарди Душанбе—Орҷоникидзеобод воқеъ гаштааст. Аз Мозандарониҳо то маркази район 37 км. Аҳолиаш 1360 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, китобхона, клуб, 2 магазин, ошхона, касалхона, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ дорад. Соҳаҳои асосии …

Муфассал »

МОЗАНДАРОНИҲО

МОЗАНДАРОНИҲО, қавм, аҳолии Мозандарон. Шумораи умумиашон 1,3 млн нафар (1978). Алифбо надо­ранд; забонашон мансуби гурӯҳи забонҳои эронист. Диндорон шиамазҳабанд. Сокинони маҳалҳои кӯҳсор ба урфу одатҳои қабилавӣ риоя мекунанд. Қабилаҳои машҳуртарин: кадикӯлоҳӣ, паланӣ. Мозандарониҳо бо форсҳо қаробат доранд. Ҳоло аз ҳар ҷиҳат ба форсҳо наздик мешаванд. Бо деҳқонӣ (шоливу ғаллакорӣ) ва …

Муфассал »

МОЗАМБИК

mozambik-1

МОЗАМБИК, гулӯгоҳ дар байни ҷазираи Мадагаскар ва материки Африка. Тӯлаш қариб 1670 км, бараш то 925 км, чуқуриаш 2400—3000 Мозамбик ҷараёни об дар гул. Мозамбик асосан аз Шим. ба Ҷ. равона аст. Бандарҳояш: Мозамбик, Бейра (Мозамбик), Мадзунга (Мадгаскар).

Муфассал »

МОЖАТОШ

m

МОЖАТОШ, қабристони давраи сакоиҳо дар Помири Шарқӣ, 12 км ҷанубтар аз Қизилработ, ки дар соҳили чапи д. Оқсу воқеъ аст. Ман­суб ба асрҳои 7—3 то м. Солҳои 1958—59 кашф ва тадкик карда шудааст. Можатош аз ду қабристон иборат буда, шартан Можатоши I ва Можатоши II ном гирифтааст. Можатоши I аз …

Муфассал »

МОДУС

modus

МОДУС (лот. modus—андоза, тарз, навъ), истилоҳест дар мантиқ, ҳуқуқшиносӣ ва фалсафа. Дар мантиқи анъанавӣ анвои қиёсӣ аз рӯи шумора, шакл ва вобастагӣ муайяншавандаро Модус номанд. Ин истилоҳ дар мантиқи шаклии (математикии) имрӯза низ истифода мешавад.

Муфассал »