Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 279)

Гуногун

АБУЛФАВОРИСИ ФАНОРӮЗӢ Хоҷа Амид

nomalum

АБУЛФАВОРИСИ ФАНОРӮЗӢ Хоҷа Амид (соли таваллуд  ва вафот номаъ­лум), нависанда ва мутарҷими форс- точик (асри 10). Дар Фанорӯз ном деҳе аз деҳоти атрофи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар солҳои 950 – 51 Абулфавориси Фанорӯзӣ «Синдбоднома»-ро аз забони паҳлавӣ ба форсии дарӣ (тоҷикӣ) гардонд. Тарҷумаи Абулфавориси Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. …

Муфассал »

АБУЛМУЗАФФАРИ ТОҲИР иб­ни Фазл

odami_nomalum

АБУЛМУЗАФФАРИ ТОҲИР иб­ни Фазл (соли таваллуд номаълум — вафот 987), шоир ва сиёсатмадори форс- тоҷик. Аз хонадони Чағониён. Дар сарчашмаҳои адабӣ абёти парокан­да, порчаҳои шеъри А.булмузаффари Тоҳир боқӣ мондаанд, ки аз ҷиҳати мавзӯъ, услуб, тарзи нигориш гувоҳи маҳорати ба- ланди шоирии ӯ мебошанд. Дар ғазалиёт ва рубоиёташ ишқу муҳаббат, манзараҳои …

Муфассал »

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНҶАДӢ

odami_nomalum

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНҶАДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 11). Дар манбаъҳое, ки дар бораи ин шоир маълумот додаанд, масалан, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ, ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомада- аст. Дар ҳамии манбаъ баробари тавсифи ӯ чун шоири моҳиру тавоно се қитъа (12 байт) аз эҷоди ӯ оварда шу­дааст. Абулмузаффарӣ  Писанҷидӣ дар …

Муфассал »

Абулфазл ибни Муборак

abulfazl-muborak

АБУЛФАЗЛ ибни Муборак (1550, Аграи Ҳиндустон -1602), адиб ва шо­ири форсизабони Ҳиндустон, бародари Файзии Даканӣ. Падараш – Шайх Муборак аслан аз мардуми Яман буд. Абулфазл дар ҷавонӣ илмҳои маъмули замонашро мукаммал омӯхта, чанд муддат дар дарбори подшоҳи Ҳиндустон – Ҷалолуддин Акбар (ҳукмронии 1542 – 1605) вазифаи дабириро иҷро кард. Дар …

Муфассал »

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ

odami_nomalum

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ, Абулфазл Аҳмад ибни Муҳам­мад ибни Зайди Суккарии Марвазӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири арабизабони аҳди Сомониён (асри 10). Дар шаҳри Марв зиндагӣ ва эҷод ме­кард. Дар эҷодиёташ суннати корбасти зарбулмасалу мақолҳои фор­сии тоҷикиро дар шеъри арабизабон, ки шоири арабизабони эронинажод Солеҳ ибни Абдулқуддус (вафот 783) оғоз …

Муфассал »

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗӢ

nomalum

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗӢ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 946), аз фақеҳони маъруфи ханафӣ ва вазири амир Нуҳ ибни Наср. Абулфазл Сулламии Марвазӣ аслан Марвӣ буд ва дар шаҳрҳои Марв, Нишопур, Рай, Бағдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машҳури он рӯзгор таълим гирифта, баъдҳо машоих ва бузургони Хуросон …

Муфассал »

АБУСАИД МАХДУМ

nomalum

АБУСАИД МАХДУМ (соли таваллуд номаълум – вафот 1910, Самарқанд), хаттот ва кишваршиноси тоҷик, гирдоварандаи дастнависҳои шарқӣ ва осори атика. Аз оилаи мударрис. Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар Мадраса бисёр асарҳои таърихиро …

Муфассал »

АБУСАИД БАҲОДУРХОН

nomalum

АБУСАИД БАҲОДУРХОН, охирин хони муғул аз силсилаи Элхонҳо. Абусаид пас аз марги падараш Ӯлчойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, кудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай киём ме- бардоштанд. Окибат соли …

Муфассал »

АБУСАЙД

nomalum

АБУСАЙД (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), ҳокими Самарқанд (1530 — 33), писари Кӯчкинчихон аз сулолаи Шайбониён, бародари Абдуллоҳхони I. Бо супориши Абусайд дар ҷануби Регистни Самарқанд мадрасаи кабудгунбази «Чилдухтарон»-ро бино кардаанд, ки дар он Кӯчкинчихон бо се писараш, аз ҷумла Абусайд ва се наберааш дафн шудаанд. Ҳоло санги мармари ниҳоят …

Муфассал »

Абуусмон Саид ибни Мусаҷҷаҳ

nomalum

АБУУСМОН САИД ибни Мусаҷҷаҳ (соли таваллуд номаълум- 720, Димишқ), мусикишинос ва ҳофизи форс-тоҷик. Ӯро ҳоким Абдуллоҳ Ибни Забир ҳамроҳи ғуломон аз Ироқ оварда буд, Абуусмон Саид дар баробари иштирок дар тармими Каъба суруду оҳангҳои ҳамкорони  форсашро омӯхта, лаёқати хуби ҳу-нарварӣ пайдо кард ва баъд барои истеъдоди баланди ҳунарвариаш аз ғуломӣ …

Муфассал »