АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин (соли таваллуд тақрибан 1551 – вафот 1642, Ҳинд), муаррих ва географ. Абулҳақи Бухороӣ асосан дар хидмати салотини Темуриёни Ҳинд будааст. Абулҳақи Бухороӣ дар таърих ва география осори қобили таваҷҷӯҳе аз худ гузоштааст. Китоби «Таърихи Ҳаққӣ» аз маъруфтарин таълифоти ӯ дар илми таърих буда, шомили иттилооти фаровоне …
Муфассал »АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович
АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович (таваллуд 12. 8. 1948, Панҷакент), химик, доктори илми химия (1996), профессор (2008), академик Академияи Нию-Ёрк (1977). Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Киев (1972). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1973 дар Сарредаксияи илмии ЭСТ оғоз гардидааст. Муҳандиси Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи Илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1973 – 74). Аз …
Муфассал »АБУЛХАЙРХОН
АБУЛХАЙРХОН (1414 – 1469), хони ӯзбек, аз сулолаи Ҷуҷ. Давлати пурҳашамати ҳудудаш аз Сибири Ғарбӣ то Сирдарёро таъсис дода, дар он қабилаҳои кӯчманчии қипчоқу ӯзбек (ва ғайра)-ро муттаҳид намуд ва яке аз асосгузорони давлати феодалӣ гардид. Соли 1446 чандин шаҳру қалъаҳои гирду атрофи Сирдарёро забт карда (Оққӯрғон, Арқуқ, Ӯзганд, Сиғноқ), …
Муфассал »АБУЛФИДО Исмоил
АБУЛФИДО Исмоил (1273, Димишқ- 27. 10.1331, Ҳамо), олими эн- сиклопедиянигори араб, таърихдон, географ; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия). Асарҳои машҳуру маъмултарини Абулфидо инҳоанд: 1 ) «Ал- мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисахо, рӯйдодҳо ва воқеахои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир – «Ал-Комил …
Муфассал »АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ
АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ ибни Аҳмад (тақрибан 954 – 1024), шоҳмотбоз, файласуф. мунаҷҷим ва риёзидон. Муаллифи «Китоби шатранҷ». Нусхаи қадимии ин асар (бештар аз 300 саҳифа) соли 1313 ҳиҷрӣ дар Бухоро рӯнавис шудааст, ки он ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст. Абулфатҳи Сиҷзӣ дар аввали …
Муфассал »АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ
АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ (1856, Самарканд – 1916, ҳамон ҷо), мусиқидон, сароянда ва навозандаи тоҷик. Дар оилаи донишманд, шоир ва санъаткор ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт. Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷро мекард. …
Муфассал »АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ
АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ Ҳусайн ибни Аҳмади Нишопурӣ мулаққаб ба Ҷамолуддин (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз намояндагони машҳури фалсафаи калом ва муфассири машҳури асри 10. Авлодаш аслан сокини шаҳри Рай буда, баъдан ба Нишопур муҳоҷират кардааст. Асару тафсирҳои бисёре дорад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо тафсирҳои машҳури Абулфутӯҳи Розӣ «Рӯҳ-ул-ҷинон» ва …
Муфассал »АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ
АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ (соли таваллуд вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 12). Аслаш аз Ҳирот. Дар Нишопур низ зиндагӣ кардааст. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ бо ӯ мулоқот кардааст ва вайро дар силки шоирони Хуросони аҳди салҷуқии баъди замони султон Санҷар (ҳукмронии 1118-58) меорад. Авфӣ дар бораи Абулфазли Усмон мегӯяд: «Агарчи …
Муфассал »АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӢ
АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӢ Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 28.4.1045), донишманд, адиб ва шоири араб, яке аз намоянда- гонн Оли Микол (хонадони маъруфи тоҷик, ки дар асрҳои 9-11 мақом ва нуфуз доштанд). Дар Нишопуру Бухоро ва Макка аз донишандони бузурги давраш илми ҳадис омӯхт ва чун муҳаддиси …
Муфассал »АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ Муҳаммад ибни Хусайн
АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ Муҳаммад ибни Хусайн (таваллуд тақрибан 996, Ҳорисободи Байҳақ – вафот октябри 1077), таърихнигор ва нависандаи даврони Ғазнавиён. Дар бораи зиндагии ӯ иттилооти кофӣ мавҷуд нест. Абулфазли Байҳақӣ таҳсилоти хубе дошта, дар ҳунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст. Абулфазли Байҳақӣ дар замони ҳукумати султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба муддати …
Муфассал »