Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 277)

Гуногун

АБУЛҲАСАНИ ХАРАҚОНӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ХАРАҚОНӢ Шайх Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Хараконӣ (соли таваллуд  номаълум – вафот 1034), ориф, шайхи мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик. Пас аз таҳсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машғул шудааст. Бо касби деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Дар замони зиндгиаш дар байнн хосу ом шӯҳратёр гардида буд. Мувофиқи …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ СИМҶУРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ СИМҶУРӢ Му­ҳаммад ибни Иброҳим ибни Абиум- рон (соли таваллуд  номаълум – вафот 989, Ни­шопур), сипаҳсолори Хуросон дар ахди Сомониён. Абулҳасани Симҷурӣ маҷмӯаи наздик ба сӣ сол дар мақоми сипаҳсолории ҳукумати Хуросон буд. То замони интихоби ӯ ба вазифаи шаҳнагии Нишо­пур (954) дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз қатли …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ Алӣ ибни Аҳмад ибни Саҳл (сол ва ҷои таваллуд  номаълум – 959, Нишопур), ориф ва зоҳиди Хуросон. Аз аҳли Пушангӣ Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишо­пур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ОМИРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ОМИРӢ Муҳам­мад ибни Абизари Нишопурӣ (Ни­шопур, 913 – 992, ҳамон ҷо), файласуф, мантиқшинос ва мутасаввифи Хуросонӣ. Дар зодгоҳаш ба таҳсили улуми динӣ пардохта, баъдҳо ба Балх сафар кард ва назди донишманд Абуязиди Балхӣ ба омӯзиши фалсафа пардохт. Баъди марги устодаш ба Бухоро ва аз он ҷо ба Чоч омад …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ОҒОҶӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ОҒОҶӢ Алӣ ибни Илёс, маъруф ба Огоҷӣ ё Агаҷӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар зодгоҳаш Бухоро гузаштаасг. Баъди дар илму дониш ва шоирӣ шӯҳрат ёфтан, ӯро соли 977 ба  дарбори шоҳи сомонӣ – Нӯҳ ибни  Мансур (ҳукмронии …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ НУРӢ

АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон

АБУЛҲАСАНИ НУРӢ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба «Амирулқулуб» ва «Қамаруссуфия» (cоли таваллуд номаълум – вафот 907), яке аз мутасаввифони машҳури форс-точик (асри 10). Бо Ҷунайди Бағдодӣ низ аз наздик шинос будааст. Абулҳасани Нурӣ табъу баёни шоирона доштааст. Сулламӣ дар «Ҳадоиқ-ут-тафсир» аз аҳволи ӯ зикр кардааст. Баъзе суханҳои Абулҳасани …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ НАСАВӢ

abulfazl-muborak

АБУЛҲАСАНИ НАСАВӢ (соли таваллуд  номаълум – вафот такқрибан 1030), риёздони асри 11 форс-тоҷик. Дар сарчашмаҳо бо шакли навишти арабии Абул-Ҳасан Алӣ ибн Аҳмад ан-Насавӣ вомехӯрад. Абулҳасанӣ Насавӣ шогирди Ҳушёри Гелонӣ (Ҷилӣ) буд. Фаъолияти илмиаш асосан дар шаҳрҳои Рай ва Исфаҳон дар дарбори султони сулолаи Бувайхиён Маҷдуддавла ва дар шаҳри Ғазна …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ МУНШӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ МУНШӢ (сои таваллуд номаълум – вафот 1853), хаттоти тоҷик (асри 19). Дар навиштани хатҳои арабӣ маҳорат дошт. Аз осори ӯ як нус­хаи девони Носири Хусрав бо хати настаълиқ боқӣ мондааст, ки дар Китобхонаи миллии Теҳрон маҳфуз аст.

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ МУЗНӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ МУЗНӢ Муҳам­мад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаъ­лум – вафот 986), муставфӣ ва вазири дарбори амир Нӯҳ ибни Мансур. Абулҳасани Музнӣ пас аз қатли Абулҳусайни Утбӣ дар соли 981 вазири Нӯҳ ибни Мансур таъин гардид. Саъйи ӯ дар ҳифзи давлати сомониён натиҷаи дилхоҳ надод, чун иқтидор ва нуфузи сиёсӣ дар …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ МЕЪМОР

nomalum

АБУЛҲАСАНИ МЕЪМОР (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмори форс- тоҷик (асри 12). Дар Хуросон таваллуд ва камол ёфтааст. Аз осори меъмории Абулҳасани Меъмор бинои Работа Шараф (Хуро­сон, 1171) боқист. Ин работ аз ҷумлаи биноҳои бисёр зебои он замон буда, дар сохтмонаш меъмор Алӣ ибни Муҳаммади Сарахсӣ низ иштирок кардааст.

Муфассал »