Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 270)

Гуногун

СЕНОР

СЕНОР, сенёр (лотинӣ senior — калон, бузург), дар Европаи Ғарбӣ шахси ба синфи ҳукмрон мансуб, феодал. Сенор ҳуқуқ дошт, ки мулк ва деҳқононро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Феодалони майда, вассалҳо низ тобеи Сенор буданд. Истилоҳи «Сенор» нисбат ба намояндагони табақаи доро ба маънои ҷаноб ҳам ба кор бурда мешуд. …

Муфассал »

СЕНТ-ЭКЗЮПЕРИ

antuan

СЕНТ–ЭКЗЮПЕРИ (Saint – Exupery) Антуан де (29. 06. 1900, Лион —31.07. 1944), нависандаи франсавӣ. Ашрофзода. Дар мактаби саноеи нафиса дарс хонд (1919—1921); дар хизмати ҳарбӣ (1921—1923) буд; пас аз ин дар завод кор кардааст. Соли 1926 лётчики гражданӣ; ҳамон сол ҳикояи аввалинаш «Лётчик»-ро навишт. Сардори аэродром дар Африкаи Шимолӣ (1927—1929), …

Муфассал »

СЕНТИМО

СЕНТИМО (испанӣ сentimo, аз лотинӣ сentum—сад), пули майдаи (тангаи) Испания, Венесуэла, Гаити, Коста- Рика, Парагвай ва Гвинеяи Экваторӣ. Сентимо 1/100 ҳиссаи воҳиди миллии пули онҳост.

Муфассал »

СЕНТЕСИМО

СЕНТЕСИМО (испанӣ sentesimo, айнан — аз сад як қисм, аз лотинӣ сеntum — сад), пули майдаи Панама, Уругвай ва Чили. Сентесимо баробари 1/100 ҳиссаи воҳиди миллии пули онҳост.

Муфассал »

СЕНТАВО

СЕНТАВО (испанӣ ва португалӣ сеntavo, айнан — аз сад як қисм, аз лотинӣ centum— сад), пули майдаи якчанд мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ (Аргентина, Бразилия, Боливия, Гватемала, Гондурас, Республикаи Домипикан, Колумбия, Куба, Мексика, Никарагуа, Перу, Салвадор, Эквадор) ва Португалияю Филиппин. Сентаво  1/100 ҳиссаи воҳиди миллии пули онҳост.

Муфассал »

СЕН-СИМОН

СЕН–СИМОН (Saint Simon) Клод Анри де Рувруа  (17.10. 1760, Париж —19. 05. 1825, ҳамон ҷо), граф, мутафаккир, сотсиолог, сотсиалисти хаёлии франсавӣ. Сен – Симон чун офисери армияи франсави барои истиқлолияти мустамликаҳои Америкаи Шимолӣ дар ҷанги зидди Англия иштирок кардааст. Дар солҳои Револютсияи бузурги франсавӣ сарвати зиёд ғун кард, вале сонӣ …

Муфассал »

СЕНАТ

СЕНАТ, номи палатаҳои болоии парламентҳои аксар мамлакатҳои буржуазӣ (Белгия, Ирландия, Италия, Франсия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Канада, Мексика, Бразилия, Малайзия, Туркия, Лесото, Либерия ва ғайра). Дар баъзе мамлакатҳо Сенат бо роҳи интихобот (Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Италия) ё зина ба зина (Франсия) ташкил шуда, дар баъзеи онҳо пурра (Канада, Иордания) ё қисман …

Муфассал »