Маълумоти охирин

СЕНОР

СЕНОР, сенёр (лотинӣ senior — калон, бузург), дар Европаи Ғарбӣ шахси ба синфи ҳукмрон мансуб, феодал. Сенор ҳуқуқ дошт, ки мулк ва деҳқононро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Феодалони майда, вассалҳо низ тобеи Сенор буданд. Истилоҳи «Сенор» нисбат ба намояндагони табақаи доро ба маънои ҷаноб ҳам ба кор бурда мешуд. Сенори олӣ (шоҳ, княз, герцог) – ро сюзерен меномиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …