СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ, як гурӯҳ стансияҳои электрии обиро гӯянд, ки қад-қади маҷрои дарë паи ҳам сохта шуда, режими ягонаи хоҷагии об доранд. Сохтани Стансия ба пурра истифода бурдани захираи энергетикии дарë, баланд бардоштани дараҷаи танзими миқдори об имконият медиҳад, ки ин ба зиёд шудани иқтидори Гидро Электро Стонсия ва …
Муфассал »СИЛОҲХОНА
СИЛОҲХОНА, нигаред Қӯрхона.
Муфассал »СИЛОС
СИЛОС (испанӣ —silos , аз silo зерканд, чоҳи ғалладона), хӯроки сершираест ки бо роши консервонӣ тайёр карда мешавад. Силосро аз ҷуворимакка, картошка, офтобпараст, мушунгу сулӣ ва ғайра тайëр мекунанд. Қимати хӯрокии Силос ба намуди растанӣ, инкишофи он дар давраи ҳосилғундорӣ, технологияи силосхобонӣ ва шароити нигоҳдории он вобаста аст. 100 кг …
Муфассал »СИЛОВСИН
СИЛОВСИН (Ғelis Lunx), як навъ ҷонвари ширхӯри даррандаест аз ҷинси гурба. Дарозии танаш 82—109 см, думаш 20—24 см, вазнаш одатан 8—19 кг (баъзан то 32 кг); пойҳои дарози боқувват ва панҷаҳои бисëр паҳн дорад. Рангаш сурхча ë зарди якранг, баъзан ходхол. Силовсин аксаран шабона шикор мекунад. Дар Европа, Осиёи Шимолӣ, …
Муфассал »СИККАХОНА
СИККАХОНА, зарробхона, корхонаи давлатиест, ки ба сикказании пул (танга), сохтани орден, медал ва дигар нишонаҳои давлатии металлии фахрӣ, инчунин маснуоти гуногуни заргарию зарҳаллӣ ва ғайра машғул аст. Сиккахона баъди барқарор шудани давлати миллӣ ва монополияи давлатӣ шудани сикказании танга ба вуҷуд омадааст. Сиккахона бори аввал дар Россия соли 1534 дар …
Муфассал »СИККА
СИККА, 1) олотест, ки бо он ба филизот мӯҳр ва ба пул зарб зананд; 2) пули филизӣ, ки ба рӯяш номи шоҳ ё тамғаи расмии давлат ё сулолаи муашш зарб шудааст; 3) роҳи росту ҳамвор, кӯча, маҳалла ва раставу бозорро гӯянд.
Муфассал »СИКАНҶАБИН
СИКАНҶАБИН, муарраб (шакли арабишуда)-и сиркангабин.
Муфассал »СИЁМ
СИЁМ (арабӣ), Сиёма, Сом, номи кӯҳе воқеъ дар байни Қаршӣ ва Шаҳрисабз, ки он ҷо гӯё Ҳокими Ато маъруф бо Ибни Муқаннаъ бо амали кимиёӣ моҳи маснӯе сохта будааст. Ниаред низ Моҳи нахшаб.
Муфассал »СИДОРЕНКО Александр Васильевич
СИДОРЕНКО Александр Васильевич (19. 10. 1917,деҳаи Новониколаевка, ҳозира вилояти Ворошиловоград 23. 03. 1982, Москва), геологи советӣ, арбоби партиявӣ ва давлатӣ, академики Академияи Фанҳо СССР (1966; аъзо-коррепондент 1953), ноиб-президенти Академияи Фанҳои СССР (аз 1975). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Университети давлатии Воронежро хатм кардааст (1940). Солҳои 1943—1950 ҳодими …
Муфассал »СИДИРҒ
СИДИРҒ, номи дигари мулк.
Муфассал »