Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 266)

Гуногун

АБЁТИ ШАШМАҚОМ

shashmaqom

АБЁТИ ШАШМАҚОМ-  рисолаи мусиқӣ оид ба «Шашмақом», ки охири асри, 18 – ибтидои асри 19 дар Бухоро таълиф гардидааст. Муаллифаш номаълум. Рисола сохт ва шакли анъанавӣ дошта, аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст ва бо хати хонои настаълиқ ба за­бони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар мукаддима тафсири муҷази мусиқӣ чун …

Муфассал »

СИНАНТРОП

СИНАНТРОП (аз лотинӣ Sina-Хитой ва юнонӣ anthrops — одам), намояндаи қадимтарин одамони ҳафриётие, ки боқимондаҳои скелети он аввалин маротиба солҳои 20 асри 20 аз ғори Коустанги наздикии стансияи роҳи оҳан Чжоукоудян, тақрибан 45 км ҷануби ғарбии Пекин ëфт шудааст. Боқимондаи косахонаи сар, ҷоғи поëн, устухонҳои узвҳои бадан ва дандонҳои зиëда …

Муфассал »

СИМОНОВ Константин (Кирилл) Михайлович

СИМОНОВ Константин (Кирилл) Михайлович (28. 11. 1915, Петроград — 28. 8. 1979, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти адабиёти ба номи М. Горкийро хатм кардааст (1938). Асарҳояш аз соли 1934 нашр мешаванд. Солҳои 30—40 шеъру манзумаҳо, инчунин песаҳо «Таърихи як …

Муфассал »

СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ

СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ (таваллудаш 1927, Теҳрон), шоираи эронӣ. Симини Беҳбаҳонӣ баъди касби маълумоти миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Университети Теҳрон дохил шуда, зимни таҳсил бё омӯзиши забону адабиёт машғул шуд. Баъд аз хатми донишгоҳ омузгорӣ мекард. Нахустин шеърҳои Симини Беҳбаҳонӣ солҳои 40 дар матбуоти Эрон ба табъ расиданд. Симини  Беҳбаҳонӣ ашъори худро …

Муфассал »

СИМЕНС Эрнст Вернер

СИМЕНС (Simens) Эрнст Вернер (13. 12. 1816, Ленте, назди Ганновер —06. 12. 1892, Берлин), электротехник ва соҳибкори немис, аъзои Академияи Фанҳои Берлин (1874). Асосгузор ва соҳиби ширкатҳои электротехникии «Сименс да Галске», «Сименс ва Шуккерт» ва ғайра.   Солҳои 70 Сименс дар соҳаи электротехникаи шадидҷараён (танвири электрӣ, трамвай, стансияҳои электрӣ ва …

Муфассал »

СИМЕНОН Жорж

СИМЕНОН Жорж (таваллудаш 13. 2. 1903, Леж, Белгия), нависандаи франсавӣ. Аз соли 1951 аъзои Академияи подшоҳии забон ва адабиёти франсавӣ (Брюссел). Аз оилаи хизматчӣ. Асарҳояш аз соли 1919 чоп мешаванд. Романи «Питер-латыш» (1931) сарахбори силсилаи романҳои детективии машҳури Сименон дар бораи комиссари полисия Мегрэ мебошад («Саёҳати Мегрэ», 1958; «Мегрэ ва …

Муфассал »

СИМАКОВ Иван Михайлович

СИМАКОВ Иван Михайлович (05. 01. 1920, деҳаи Богатиревкаи райони Шуйск, вилояти Ивановск —1973, Душанбе), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945), дорандаи ордени Шараф (дараҷаҳои 1, 2, 3). Старшина. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1944. То давраи ҷанг дуредгари комбинати саноати маҳаллии Шуйск. Аз соли 1940 дар сафи Армияи Советӣ. …

Муфассал »

СИМ

СИМ, маснуоти металлии дарозу борикест, ки буришаш одатан мудаввар, баъзан чорқирра, шашқирра, секунҷаю байзашакл ва ғайра мешавад. Симро дар дастгоҳҳои прокату симкашӣ ва пӯлод, алюминий, мис, никел, титан, рӯҳ ва хӯлаҳои онҳо, инчунин аз металлҳои душворгудоз ва асил тайёр мекунанд. Буриши  Симҳо аз 0,005 то 17 мм мешавад. Симро барои …

Муфассал »

СИЛВЕСТР ДЕ САСӢ

  СИЛВЕСТР ДЕ САСӢ  Антуан Исаак (21. 09. 1758, Париж—21. 02. 1838, ҳамон ҷо), шарқшиноси франсавӣ, аъзои Академияи катибаҳо (1792), профессори Мактаби забонҳои шарқӣ (1/95), Коллеж де Франс (1806). Директори Коллеж де Франс (1823) ва Мактаби забонҳои шарқӣ (1824). Асосгузор (1821) ва нахустин президенти Ҷамъияти осиёӣ, ношири «Журнал азиатик», «Журнал …

Муфассал »