СМИРНОВ Владимир Иванович (таваллудаш 31. 1. 1910, Москва), геологи советӣ, академики АФ СССР (1962; аъзо- корреспондент 1958). Қақрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Аъзои КПСС аз 1940. Баъди хатми Институти икиншофи геологии Москва (1934) дар Экспедитсияи Помир ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистон (1934—37) ва дар як вақт дар Институти иктишофи геологии Москва (1934-41 …
Муфассал »СМЕТА
СМЕТА, 1) Сметаи муассисаҳои бюҷетӣ — ҳуҷҷати асосии планӣ барои таъмини молиявии хароҷоти муассисаҳо аз ҳисоби бюҷети давлатӣ. Дар СССР ҳаҷм ва тақсими маблағгузории бюҷетиро барои тамоми хароҷоти корхона Сметаи муассисаҳои бюҷетӣ муайян мекунад. 2) Сметаи хароҷоти истеҳсолот — дар СССР мувофиқи план ҷудо кардани маблағи хароҷоти корхона, иттиҳодия …
Муфассал »СМЕЛЯКОВ Ярослав Василевич
СМЕЛЯКОВ Ярослав Василевич (8. 1. 1913, шаҳри Луск—27. 11. 1972, Москва), шоири советии рус. Аз оилаи коргар. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Асарҳояш аз соли 1931 нашр шудаанд. Аввалин маҷмаҳои ашъори Смеляков «Меҳнат ва муҳаббат», «Шеърҳо» соли 1932 ба табъ расидаанд, ки дар онҳо шоир ҳаёти нав ва меҳнати зарбдоронаро …
Муфассал »«СМЕНА»
«СМЕНА», журнали адабӣ-бадеӣ ва оммавӣ-сиёсии КМ ВЛКСМ. Аз соли 1924 дар Москва аввал барои коргар ҷавонон нашр мешуд, ҳоло чун журнали оммавӣ дар ҳар ду ҳафта 1 маротиба мебарояд. Адади нашр 1,2 млн нусха (1981). Бо ордени «Нишон Фахрӣ» мукофотонида шудааст (1974).
Муфассал »СЛЮНКОВ Николай Никитович
СЛЮНКОВ Николай Никитович (таваллудаш 26. 4. 1929, деҳаи Городеси райони Рогачеви вилояти Гомел), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), Коркуни Хизматнишондодаи Саноати РСС Белоруссия (1972). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1954. Институти механизатсияи хоҷагии қишлоқи Белоруссияро хатм намудааст (1962). Аз соли 1950 дар заводи тракторбарории …
Муфассал »СЛОНИМСКИЙ Анатолий Григоревич
СЛОНИМСКИЙ Анатолий Григоревич (таваллудаш 5. 11. 1919. Калуга), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1978). Профессор (1981). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1943. Слонимский 1946 факултети таърихи Университети Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кард. 1947—50 аспиранти хамон университет. Соли 1951 дотсент, аз соли 1966 мудири кафедраи таърихи …
Муфассал »СЛЕЙТОН Доналд
СЛЕЙТОН Доналд (таваллудаш 1. 3. 1924, Спарта, штати Вискоисий), кайҳоннаварди америкоӣ, майори мустаъфии ҚҲД и ШМА. Дар ҚҲҲ аз соли 1942. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Баъди хатми Университети Миннесот (1949) ба унвони бакалаври илмҳои табиатшиносӣ соҳиб шуд ва дар компанияи авиатсионии «Боинг» (дар Сиэтл, штати Вашингтон) кор кард. Соли 1951 …
Муфассал »Абудулаф Мисъор ибни Муҳалҳил
АБУДУЛАФ Мисъор ибни Муҳалҳил ал-Хазраҷии Янбӯӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), сайёҳ ва географи араб. Дар чоряки аввали асри 10 ба Бухоро омада, солҳои 914 – 942 дар дарбори амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад хизмат кардааст. Абудулаф соли 942 бо ҳайати сафорати Хитой дар Бухоро ба саёҳати Туркистони Шарқӣ, Тибет, …
Муфассал »АБУБАКРИ ХОРАЗМӢ
АБУБАКРИ ХОРАЗМӢ Муҳаммад ибни Аббос (935, Хоразм – 993, Нишопур), шоир ва донишманди арабизабони тоҷик. Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (839 – 923) будааст, аз ин рӯ ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд. Бо мақсади омӯзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар …
Муфассал »СКРИБИН Константин Иванович
СКРИБИН Константин Иванович (7. 12. 1878, Петербург —17. 10. 1972, Москва), гелминтологи советӣ, асосгузори илми гедминтологӣ дар СССР, академики АФ СССР (1939), ВАСХНИЛ (1935), АИТ СССР (1944), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Институти ветеринарии Юрьев (Тарту)-ро хатм кардааст (1905). То соли 1911 дар Осиёи Миёна духтури ҳайвонот буд. Солҳои 1917—20 профессори …
Муфассал »