СУЛТОНМАҲМУДИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асрҳои 15—16). Баъзе тазкиранависон ӯро Бухороӣ номидаанд, Фарзанди хаттоти номӣ Иброҳими Астарободист. Султонмаҳмуди Ҳиравӣ аслан аз Ҳирот аст. Шояд ӯ низ ҳамроҳи устодаш Миралии Ҳиравӣ ба Бухоро рафта, он ҷо муқим шуда, нисбати Бухороиро гирифта бошад. Аз рӯи маълумоти Мустафо Алии …
Муфассал »СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ
СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ (соли таваллуд намаълум — вафот 1508), хаттоти форс-тоҷик. Шогирди Азҳари Табрезӣ. Аввал дар Табрез зиста, вазифаи котибии дарбори Султон Яъқуби Оққуюнлуро ба ӯҳда дошт. Пас аз марги Яъқуб хизмати дарбори Рустами Оққуюнлуро адо кардааст. Аз Табрез муддате ба Ҳиҷоз меравад ва аз он ҷо ба Ҳирот сафар карда, …
Муфассал »СУЛТОНИ ТАНБУРӢ
СУЛТОНИ ТАНБУРӢ (1848, Самарқанд —1926, Бухоро), навозанда, оҳангсоз ва мақомдони тоҷик. Аз оилаи санъаткор. Султони Танбурӣ барои такмили маҳорат ба Бухоро рафта, бо Отаҷалол, Отағиёс, Мирзоназруллоҳ ва дигар устодони мусиқи унс гирифт ва «Шашмақом»-ро мукаммал омӯхта, дар иҷрои қисмҳои созии он шӯҳрат ёфт. Султони Танбурӣ асарҳои ҷолиб тасниф кардааст; «Савти …
Муфассал »СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНӢ
СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНӢ (соли таваллуд ва вафотномаълум), олим ва табиби тоҷик (асри 16). Дар Хуросону Самарқанд таҳсил кардааст. Аз асарҳои Султоналии ТабибиXуросонӣ «Дастур-ул-илоҷ» (соли 1526—27) маълум мешавад, ки ӯ ба омухтани масъалаҳои беҳдошти хӯрок, нушокиҳо, мавриди хоб, сару либос, машғулият ва варзиш, кори ҷисмонӣ, иқлим ва ғайра эътибор додааст. Султоналии …
Муфассал »СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ
СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ Низомуддин (тақрибан соли 1432, Машҳад —1520, ҳамон ҷо), бузургтарин хаттот ва музаҳиби форс-тоҷик, устоди хати настаълиқ. Дар давраи зиндагиаш бо лақабҳои «Қиблатулкуттоб», «Зубдатулкуттоб», «Султонулхаттотин», «Котибуссултони» машҳур гаштааст. Падараш Муҳаммад аз тоҷикони илмдӯсту ҳунарманди Машҳад буд. Султоналии Машҳадӣ то 20 солагӣ дар яке аз мадрасаҳои Машҳад таҳсил карда, ба …
Муфассал »СУЛТОН ҲУСАЙН
СУЛТОН ҲУСАЙН, нигаред Ҳусайн Бойқаро.
Муфассал »СУЛТОН ИБРОҲИММИРЗО
СУЛТОН ИБРОҲИММИРЗО, нигаред Иброҳиммирзо Султон.
Муфассал »СУЛТОН ВАЛАД Муҳаммад Баҳоуддин
СУЛТОН ВАЛАД Муҳаммад Баҳоуддин (1226, Қаромон—1312, Қунил), шоири мутасаввиф. Писари Ҷалолуддини Румӣ. Пас аз касби камол ба ҷои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид. Ба қалами Султон Валад девони ашъор, маснавви «Валаднома» (1299—1302) ва рисолаи «Маорифнома» мансубанд. «Валаднома», ки сужети ягона надорад, дорои 25 ҳазор байт буда, аз се қисм — …
Муфассал »СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА
СУЛТОН АҲМАДИ ДЕВОНА машҳур ба Аҳмади Девонаи Ноӣ (соли таваллуд вавафот номаълум), машшоқ, ҳофиз ва оҳангсози тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд, дар оилаи олим ба дунё амадааст. Ба сабаби лоуболӣ ва шӯхтабиатиаш ӯро аҳли дин «Девона» номидаанд. Султон Аҳмади Девона алалхусус дар найнавозӣ устод буда, дар ин соз ихтироот дорад …
Муфассал »СУЛТОН
СУЛТОН (арабӣ — ҳоким, малик, волӣ), унвони олии ҳоким дар мамлакатҳои исломӣ. Онро ба исми подшоҳ ва шоҳзодагон ҳамроҳ карда ном мебурданд. Истилоҳи Султон дар ибтидои паидоишаш мафҳуми ҳукмрон, ҳокимият ва давлатро дошт. з асри 11 Султон ҳамчун унвони хос ба сулолаи ҳукмрон дода мешуд. Баъзе қабилаҳои Африкаи ҒарбӣваАрабистони Ҷанубӣ …
Муфассал »