СУРИКОВ Василий Иванович (24. 1. 1848, Красноярск—19. 3. 1916, Москва), рассоми таърихнигори рус. Дар Академияи Рассомии Петербург (1869—75) таҳсил намуд. Узви ҳақиқии Академияи Расомии Петербург (1893). Солҳои таҳсил Суриков ба мавзӯъҳои таърихь муроҷиат намуда, дар мусаввараҳояш ҳақиқати таърихиро тасвир менамуд («Мурофиаи князь», 1974, «Ҳаворӣ Павел догматҳои динро дар ҳузури шоҳ …
Муфассал »«СУРИ ИСРОФИЛ»
«СУРИ ИСРОФИЛ» журнали ҳафтаинаи адабию иҷтимоӣ ва ҳаҷвии эронӣ. Маи 1907— июни 1908 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳарриронаш Мирзо Ҷаҳонгирхони Шерозӣ ва Мирзо Қосимхони Табрезӣ буданд. «Сури Исрофил» соли 1909 дар Швейцария нашр мешуд (4 шумора, муҳаррираш Алиакбари Деҳхудо). Ҳамаги 32 шумораи ин маҷалла ба табъ расид. «Сури Исрофил» дар …
Муфассал »СУРАТГАР Лутфалӣ
СУРАТГАР Лутфалӣ (1900, Шероз—1969, Теҳрон), шоир ва адабиётшиносони эронӣ. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз ва миёнаро дар Ҳиндустон гирифтааст. Солҳои 20 Суратгар маҷаллаи «Сапедадам»-ро таъсис кард, ки он якчанд сол интишор ёфт. Соли 1927 ба Англия рафта, забон ва адабиёти англисиро омӯхт. Ба Эрон баргашта дар донишкадаи адабиёти Теҳрон муаллими забон …
Муфассал »СУР
СУР 1) як павъ кафши қадимист, ки мардуми эронинажод аз ресмон мебофтанд; 2) як навъ шароби қадимист, ки аз биринҷ тайёр мекарданд.
Муфассал »СУПЕР…
СУПЕР… (лотинӣ super — аз боло, дар боло), ҷузъи калимаи мураккаб аст, ки: 1) дар болои чизе (масалан, ҷилди коғазии муқоваи китоб) ҷойгир шуданро ифода мекунад; 2) дараҷаи олии сифати ягон чизро муайян мекунад (масалан, суперэлита); 3) сарвари карданро нишон медиҳад (масалан, суперарбитр).
Муфассал »СУН ЯТ-СЕН
СУН ЯТ-СЕН (12. 11. 1866, уезди Сяншан, ҳозира Чжупшани музофоти Гуандун—12. 3. 1925, Пекин; дар Нанкин дафн шудааст), революционер-демократи Хитоӣ. Соли 1894 Ҷамъияти революционии зиддиманчжурӣ — Синчжунхойро ташкил кард. Пешвои революцияи Синхай (11911—113), аввалин (муваққатӣ) президенти Республикаи Хитой (7 январ,—7 апрели 1912). Ӯ 1912 партияи гоминданро таъсис дод. Дар давраи …
Муфассал »СУНДУКЯН Габриэл Мкртичевич
СУНДУКЯН Габриэл Мкртичевич (11. 7. 1825, Тбилиси.—29. 3. 1912, ҳамон ҷо), нависанда ва драматурги арман. Яке аз асосгузорони реализми танқидӣ дар адабиёти арман. Университети Петербургро хатм намуда (1850) ба Тбилиси баргашт, муддате ба тарҷумюнӣ машғул шуд. Сундукян— яке аз ташкилотчиёни театри арман. Аввалин песаи Сундукян «Атсаи шаб — оқибаташ бахайр» …
Муфассал »СУМБОДИ МУҒ
СУМБОДИ МУҒ (соли таваллуд номаълум — вафот 755, Рай), сардори шӯриши халқист дар Хуросон ва Табаристон (755). Симбоди Муғ яке аз пайравони Абӯмуслим буда, баъди кушта шудани ӯ оммаро ба муборизаи зидди сиёсати хилофати Аббосиён ва ҳокимони маҳаллӣ бархезонд. Нигаред низ Шӯриши Сумбоди Муғайра
Муфассал »СУМАК
СУМАК, найчаест, ки байни пойҳои тифли гаҳворабанд мегузоранд ва тавассути он пешоби ӯ ба тубак (сиба) мерезад. Сумакро бештар аз чӯби суфта (бед, сафедор) месозанд. Он миёншикоф буда, тақрибан 10—15 см дарозӣ дорад, диаметраш 3—4 см аст. Сумак ду хел мешавад: писарона ва духтарона. Пеш Сумаки духтаронаро аз устухони пои …
Муфассал »СУЛҲИ КУЛ
СУЛҲИ КУЛ, ислоҳоти сиёсии давраи ҳукмронии Акбар дар Ҳиндустон. Низоъҳои мазҳабии шиаю суннӣ ва мусулмонону ҳиндуён, ки дар давраи ҳукмронии Темуриён дар Ҳиндустон ба вуҷуд омада буданд, дар аҳди Акбар боз ҳам шиддат гирифтанд. Бо мақсади мӯътадил намудани вазъият ва пешгирии инқирози ҳокимияти Темуриён дар Ҳиндустон донишмандон ва масъулони дарбор …
Муфассал »