Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 210)

Гуногун

ЧИНӢ

chini

ЧИНӢ (аз Чин, яъне хитой), чинивор, як навъ сафоли нафисеро гўянд, ки аз гилмояи сафед, хамирак минералҳо, оксидҳо ва диг. моддаҳои ғайриорганикӣ тайёр мекунанд. Аз сафол ва фаянс бо он фарқ мекунад, ки гилмояаш ниҳоят нафис буда, обу рутубатро аз худаш намегузаронад, рангаш сафед ва гармитобовар мебошад. Гилмояи Чинӣ аз …

Муфассал »

АБУЛВАФОИ БУЗҶОНӢ

АБУЛВАФОИ БУЗҶОНӢ Муҳам­мад ибни Муҳаммад ибни Яҳё ибни Исмоил ибни Аббос (1. 6. 940, Бузҷони Хуросон – 1. 7. 998, Бағдод), риёзидон, муҳандис ва ҳайатшиноси маъруфи форсу тоҷик. Абулвафои Бузҷонӣ яке аз шахсиятҳои машҳур дар илмҳои хандаса, ҳайат, риёзиёт маҳсуб ёфта, ба натиҷаҳое расидааст, ки пеш аз ӯ касе бар …

Муфассал »

АБУЛБАШАР

АБУЛБАШАР, Булбашар, дар асотири мусулмонон нахустин одам, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор меравад. Муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқоҳири Бағдодӣ силсилаи тамоми пайғамбаронро аз 313 нафар иборат медонад, ки аввалини онҳо Абулбашар ва охиринашон Муҳаммад (с) аст. «Инсони қадим»-и Монӣ, «Ода­ми кадмун»-и яҳудиён, «Ахнух»-и иброниён ва «Мардук»-и бобулиён низ Абулбашарро …

Муфассал »

Абулбаракоти Бағдодӣ

АБУЛБАРАКОТИ БАҒДОДӢ Ҳуббатулло ибни Алӣ ибни Мулко (соли таваллуд  номаълум – вафот 1132, Балх), файласуф ва табиби машҳури яҳудитабори мусулмон. Дар овони ҷавонӣ аз Мавсил ба Бағдод омада, дар он ҷо монд. Абулбаракоти Бағдодӣ илми тибро дар назди Абулҳасани Саид омӯхт. Баъди касби  маҳорати табибӣ ба хизмати дарбори хулафои Аббосӣ …

Муфассал »

АБУЛБАРАКАТ Муҳаммад Вақоятуллоҳи Бухороӣ

АБУЛБАРАКАТ Муҳаммад Вақоятуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот, заргар ва мӯҳркани тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Дар хушнависӣ машҳури замонаш буда, тамоми анвои хати настаъликро хеле зебо менавиштаааст. Аз намунаи хати настаълиқ танҳо «Девони мунтахаб»-и қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (китобаташ 1901) ба мо расида, ки …

Муфассал »

АБУЛБАРАКАИ ФИРОҚӢ

АБУЛБАРАКАИ ФИРОҚӢ (соли таваллуд номаълум, Самарқанд – вафот 1507, ҳамон ҷо), шоир ва донишманди тоҷик. Улуми мутадовилаи даврро дар зод- гоҳаш омӯхта, дар Шаҳрисабз, Са­марқанд, Ҳирот, Табрез қозигӣ кардааст. Мувофики маълумоти манбаъҳои адабӣ шоири тавоно, дорои истеъдоди баланд будааст. Ба ин ҳунари ӯ писаронаш Хоҷа Айюб ва Баҳоуддин пайравӣ кардаанд. …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ ТОШ

АБУЛАББОСИ ТОШ (соли таваллуд но­маълум – вафот 987), сипаҳсолор ва волии Хуросон дар давраи Сомониён. Пас аз аҳли Абулҳасани Симҷур бо рахнамоӣ ва ҳимояти Абулҳусайни Утбӣ, бар маснади сипаҳсолории Ху­росон расид ва лақаби «Ҳисомуддавла»-ро мушарраф гардид. Дар замони ҳукумати Фахруддавлаи Дайламй Абулаббоси Тош муддате волии Омул ва баъдан ҳокими Астарободу …

Муфассал »

ЧИНГИЗХОН

chingizxon

ЧИНГИЗХОН (номи аслиаш — Темуҷин, Темучин (тақр. 1155, мавзеи Делпун-Болдани соҳили д. Онон—25. 8. 1227), асосгузори давлати ягонаи муғул, лашкаркаш. Ташкилотчии шӯришҳои забткорона ба муқобили халқҳои Осиё ва Европаи Шарқӣ. Шӯришҳои ӯ боиси харобиҳо ва маҳвшавии халқҳо мегардиданд.

Муфассал »

ЧИМЗАМИН

chimzamin

ЧИМЗАМИН, чимтол, чимхок, қабати болоии замннро гўянд, ки онро решаву решапоя ва навдаи ба ҳам печидаи растаниҳои бисёрсола фаро гирифтаанд. Дар Чимзамин моддаҳои органикӣ бисёранд. Чимзамин ба даштҳои бекорхобида, заминҳои партов, марғзору чарогоҳҳои дарёбод, шибарзамин ва ғ. хос аст. Чимзамин назар ба қабатҳои поёнии замин ҳосилхезтар аст

Муфассал »

ЧИМ

chim-zamin

ЧИМ, як порчаи чимзамин аст, ки дар шакли росткунҷа (тахта-тахта) буранд. Чимро барои зудтар сабзазор кардани ҷойҳои бегиёҳ, мустаҳкам намудани нишебии дарғот, канори р. о. ва ба мақсадҳои диг. (мас., барои сабзамайдон ва ба гулгаштҳо тақсим кардани он) истифода мебаранд.

Муфассал »