«ШАМЪИ АНҶУМАН» тазкираест, ки Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон таълиф кардааст. С. 1875 дар Бҳупол ба табъ расидааст. Шарҳи ҳоли 971 шоиронн мутаахир ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Танҳо ҳарфи аввали ном ва ё тахаллуси шоир риоя шудааст. Бо зикри Анварӣ оғоз шуда, бо Юсуфи Лакҳнавӣ ба анҷом …
Муфассал »ШАМЪ
ШАМЪ, моддаи парафиниеро гуянд, ки барои равшан кардани иқоматгоҳ истифода баранд. Шамъсозон дар гузашта Шамъро аз мум (озакерит) ва чарбу тайёр карда ба дарунаш пилта мегузоштанд. То кашфи чароғи давра ва электрикӣ Шамъ васоили асосии равшаноӣ буд. Шамъро маъмулан дар шамъдон мегузоштанд, Шамъдонҳо низ гуногун буданд. Ҳоло хелҳои гуногуни Шамъро …
Муфассал »ШАМСӢ СОБИР
ШАМСӢ СОБИР (фам. Собиов; тав. 26. 12. 1926, Хуҷанд), тарҷумони советии тоҷик. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1962. УДТ-ро хатм кардааст (1956). Муҳаррири нашриёти «Ирфон» (1956—65), ходимн илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1962—65), ҷонишини сармуҳаррири Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба нашриёт, полигарафия ва савдои …
Муфассал »«ШАМС-УЛ-ЛУҒОТ»
«ШАМС–УЛ–ЛУҒОТ» фарҳангест, ки бо кӯшиши гуруҳи донишмандони Ҳиндустон, таҳти poҳбарии Ҷозеф Баретто с. 1802 мураттаб шудааст. Он ду бор (с-ҳои 1801 ва 1891) ба табъ расидааст. Бештар аз 38500 моддаи луғавӣ (калимаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғ.) -ро дар бар мегирад. Дар ин фарҳанг баробари принципҳои луғатсозии пешина …
Муфассал »ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ
ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ(с. тав. ва ваф. номаълум), Хоҷа Шамсуддини Муҳаммади Тоъӣ, мусиқишиноси форс-тоҷик (а. 13). Дар Хуросон таваллуд ёфта, он ҷо зиндагӣ ва таҳсил кардааст. ӯ аз овони ҷавонӣ илмҳои фалсафа, риёзиёт, бадеъ ва мусиқиро аз бар карда, осори илмию назариявии олимони машҳури замонашро омӯхтааст. Аз осори мусиқии Форобӣ, Ибни Сино …
Муфассал »ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ
ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ Муҳаммад ибни Абдулкарим (с. тав. номаълум — ваф. 1229, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. Аз Хуросон барои таҳсил ба Бухоро омада, минбаъд сокини Самарқанд шуд. Дар охири ҳаёташ қозии ш. Ҳирот буд. Аз Шамсуддини Табасӣ девони ашъоре дар ҳудуди 2 ҳаз. байт (қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, муқатаот ва ғ.) боқист. Шоир …
Муфассал »ШАМСУДДИНИ КОШОНӢ
ШАМСУДДИНИ КОШОНӢ Ибни Муҳаммад ибни Алӣ (с. тав. номаълум — ваф. 1329), шоир ва муаррихи форс-тоҷик. У оид ба таърихи муғул манзумае навишта, «Таърихи Ғазонхон»-ро ба назм даровардааст. Девони ашъораш то замони мо расидааст. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» табъу қудрати шоирии уро таъриф карда, як қасидаашро овардааст. Чанд байте аз …
Муфассал »ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ
ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар ох. а. 19 ва авв. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. У барои такмили дониш ба Бухоро рафта, пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгоҳаш Дарвоз баргаштааст. Бино ба маълумоти Муҳтарам («Тазкират-уш-шуаро») ва Афзалмахдуми Пирмасти («Афзал-ут-таз-кор фи зикр-ип-шуаро вал-ашъор») Шамсуддини …
Муфассал »ШАМСУДДИН Муҳаммад ибни Носири Сиҷзӣ
ШАМСУДДИН Муҳаммад ибни Носири Сиҷзӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Асарҳои манзуму мансур (насри маснӯъ) доштааст, ки яке аз онҳо рисолаи тасаввуфии «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» мебошад. Ғазалу қасидаҳо ва рубоиҳояш дар тазкираҳо (мас., «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ) омадаанд. Абёти зер аз ӯст: Як саҳар бар дили мо боди сабое бифирист, …
Муфассал »ШАМСОИ ГЕЛОНӢ
ШАМСОИ ГЕЛОНӢ (с.тав. номаълум — ваф. 1701), файласуфи эронӣ (а. 17), шогирди файласуфи маъруф Мирдомод мулаққаб ба «муаллими солис». Дар ҳавзаи илмии Исфаҳон таҳсил кард. Ба Сурияву Ҳиҷоз сафар карда, рисолае дар «Ҳудуси олам» навиштааст. Баъзе манбаъҳо «Масолик-ул-яқин» ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба «Қабасот»-и Мирдомод низ шарҳ навиштааст. Дар …
Муфассал »