Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 199)

Гуногун

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович

shahidi-z

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович (4. 5. 1914, Самарқанд —25. 2. 1985, Душанбе), композитори советии тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1950. С. 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то с. 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошкент, Самарқанд ва Сталинобод кор кард. С-ҳои 1939—52 роҳбари Ансамбли …

Муфассал »

ШАҲИДИ ҚУММӢ

ШАҲИДИ ҚУММӢ  (1431/32, Қуми Эрон —1529/30, Гуҷароти Ҳиндустон), шоири форс-тоҷик. Баъди фаро гирифтани илму дониши  маъмулӣ он давра ба шеъргуӣ шуғл варзид ва ба мартабаи маликушшуарои волии Табрез султон Яъқуб расид. Аз намунаҳои ашъори дар маъхазҳо овардашудаи Шаҳиди Қуммӣ бармеояд, ки у бештар ба сурудани ашъори ишқӣ таваҷҷуҳ доштааст: Тират …

Муфассал »

ШАҲИДИ БАЛХӢ

ШАҲИДИ БАЛХӢ Абулҳасан ибни Ҳусайни Варроқи Ҷахудонакӣ (879, Балх—937), .шоири форс-тоҷик. Падараш аз Ҷаҳудонак буда, ба шаҳри Балх кучидааст. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, илмҳои замонашро аз худ намуда, дар ҳамон ҷо нашъунамо ёфтааст. Шаҳиди Балхӣ яке аз ҳамкорони наздики Рудакӣ буд ва марги у Рудакиро сахт андуҳгин кардааст, ки у …

Муфассал »

ШАҲДӢ Ҳоҷимуҳаммад

ШАҲДӢ Ҳоҷимуҳаммад (1789, Истаравшан—1840, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оиялаи ҳалвогар. Маълумоти ибтидоиро дар оила ва назди мактабдори гузар гирифта, таҳсили минбаъдаашро дар мадрасаи Кукгунбази Истаравшан идома дод. Аз хурдӣ эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарро аз худ намуда, дар ҳамон давра ба шеъргуӣ cap кардааст. Аз …

Муфассал »

ШАҒАЛ

shaghal

ШАҒАЛ, сангчол, қисми куҳии таҳшиниро гуянд, ки аз ҷинспораҳои суфтаи андозаашон 1—10 см иборат аст. Одатан пораҳои қиррадори ҷинсҳои куҳӣ дар обҳои равон ва аз мавҷи оби баҳру кулҳо ба якдигар молиш хурда, ба Шағал табдил меёбанд. Шағал масолеҳи бинокорӣ буда, онро бештар дар роҳсозӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ШАХТА

shaxta

ШАХТА (Schacht), корхонаи саноати истихроҷи сарватҳои табиатро гуянд. Шахта маъданро ба истеъмолкунандагон ё ба фабрикаҳои маъдантозакунӣ мефиристад. Шахта иншооти рӯизаминӣ (копёрҳо, биноҳо, анборҳо ва ғ.) ва маҷмуи воситаҳои коркарди зеризаминии маъданро муттаҳид менамояд. Шахта корхонаи механиконида ва автоматонида мебошад, ки бо мошин ва механизмҳои босамари истеҳсол ва нақлу ҳамли маъдан, …

Муфассал »

ШАХСИ ЮРИДИКӢ

yuridicheskaya-lico

ШАХСИ ЮРИДИКӢ, дар ҳуқуқи гражданӣ, ташкилот, муассиса ё корхонаеро гуянд, ки мувофиқи қонун он дорои (субъекти) ҳуқуқу уҳдадориҳои гражданӣ мебошад. Дар СССР Шахси юридикӣ соҳиби молу мулки алоҳида буда, ҳуқуқи молумулкӣ ва ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ дорад. Он вазифаҳояшро ба ҷо оварда, дар суду арбитраж ва ё судҳои ҳакамӣ даъвогар ё …

Муфассал »

ШАХСИ ЭЪТИМОДНОК

intixobot

ШАХСИ ЭЪТИМОДНОК, дар СССР шахсеро гуянд, ки дар давраи маъракаи интихобот ба Советҳои депутатҳои халқӣ барои шинос намудани ннтихобкунандагон бо номзад ба депутатӣ пешбарӣ мешавад. Мувофиқи «Қонуни Итоифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ дар бораи интихоботи Совети Олии СССР» (мод. 38—40) Шахси эътимоднокро ташкилотдои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, маҷлисҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва маҷлисҳои …

Муфассал »

ШАХСИ ХОЛИС

konun

ШАХСИ ХОЛИС, дар ҳуқуқи советӣ шахси бетараферо гуянд, ки бо таклифи муфаттиш ё барандаи тафтишоти пешакӣ ҳангоми азназаргузаронӣ, кофтуков, кушодани мукотибот ва дигар амалиёти тафтишотӣ иштнрок мекунад. Маъмулан қабл аз оғози амалиёти тафтишотӣ камаш ду наф. Шахси холис таклиф карда мешаванд.

Муфассал »