ШИРИНОВА Ҳалимахон (тав. 1924, p-ни Тӯрақурғони вил. Намангони РОС Узб.), пахтакор. Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1947. Колхозчӣ, сардори звено, сардори бригадаи пахтакорӣ, ҷонишин ва раиси к-зи ба номн Карл Маркс (1939—57), раиси С. к.-и Гулистон, Қуштеппаи p-ни Ленин (1957—69) ва аз с. 1969 ҷонишини раиси С. …
Муфассал »ШИРИНИ БУХОРОӢ Муҳаммадшариф ибни Абдурраҳими Балхӣ
ШИРИНИ БУХОРОӢ Муҳаммадшариф ибни Абдурраҳими Балхӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) шоир ва хаттоти тоҷик (а. 19). Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо касби камол кардааст. Забонҳои туркӣ, арабӣ ва илми мусиқиро медонист. Бино ба маълумотп С. Айнӣ («Намунаи_ адабиёти тоҷик») ва Возеҳ («Туҳфат-ул-албоб фӣ тазки-рат-ил-асҳоб») Ш. Б. шахси …
Муфассал »ШИРИН БУНЬЁД – Қурбонмамадов Хушқадам Буньёдович
ШИРИН БУНЁД (фам. ва номаш Қурбонмамадов Хушқадам Буньёдович; тав. 14 12. 1941, деҳаи Риҷиси p-ни Шуғнони (ВАБК), шоири советви тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1976. УДТ-ро хатм кардааст (1973). Чанд сол ҷонишини директори Театри драмаи мусиқии ба номи Рудакии ш. Хоруғ буд. Аз с. 1960 мудири шуъбаи …
Муфассал »ШИРБИРИНҶ
ШИРБИРИНҶ, як навъ таоми маъмули миллист. Ш.-ро дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон як хел табёр мекунанд. Биринҷро тоза карда, шуста ба деги каме обдор андохта, то нимпаз шуданаш меҷушонанд. Баъд ба вай ширу намак ҳамроҳ намуда, то пухтанаш бо кафгир кофта меистанд. Сипас таомро ба табақ кашида, ба руяш равғани зард …
Муфассал »ШИР
ШИР, лобан, моегиеро гуянд, ки дар ғадуди шири одаму ҳайвоноти ширхор ҳосил мешавад. Ш.-и чорво маҳсулоти пурбаҳои хурокист. Асосан Ш.-и гов, қисман Ш.-и буз, меш, байтал, шутур, говмеш, зебу, гажгов (қутос), гавазни шимолӣ ва ғ-po истифода мебаранд. Аз Ш.-и чорво маҳсулоти гуногуни ширӣ, равған, яхмос тайёр мекунанд. Таркиби Ш.-я гов …
Муфассал »ШИПАНГ
ШИПАНГ, бинои тобистонаест барои истироҳати одамон. Ш. аз асрҳои миёна дар баёни тоҷикон маъмул аст. Онро одатан дар дохили ҳавлию чорбоғ ва полиз месохтанд. Сақфи Ш. дар болои сутунҳо меистод ва деворе надошт. Сутунҳою сақфи Ш. бо кандакории руи чуб ва наққошӣ оро дода мешуд. Ҳоло Ш.-ро дар колхозу совхозҳо …
Муфассал »Ширинӣ
ШИННӢ, ширинӣ, як навъ шарбати мева. Шира ё оби тут, ангур, ва харбузаро гирифта, дар дет ҷушонида Ш. тайёр мекунанд. Дар давраҳои пеш Ш.-ро ба ҷои шакар истифода бурда, аз он ҳалво, нишоллою мураббо ва ғ. мепухтанд. Ш.-ро барои тайёр намудани ҳалвои сурхак ҳам истифода мебаранд. М. Ҳомидҷонова.
Муфассал »ШИМЪУНИ ҲОХОМ
ШИМЪУНИ ҲОХОМ, Шамъуни Ҳаким (1830—1909), адиб, тарҷумон, ношир. Аз яҳудиёни тоҷикзабони Осиёи Миёна. «Амнуну Томор» ном достони манзуму мансури халқиро ба вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ аз забони ибрӣ ба тоҷикӣ гардонда, дар он инчунин аз достони Низомӣ иқтибосҳои зиёде овардааст. Ш. X,. асарҳои Шоҳини Шерозӣ («Ардашер ва Эстер», …
Муфассал »ШИМАНСКИЙ Юлиан Александрович
ШИМАНСКИЙ Юлиан Александрович (17. 12. 1883, Тошкент—.11. 4. 1962, Ленинград), олими советӣ дар соҳаи кшптисозӣ, акад. АФ СССР (1953; аъзо-корр. 1933). С. 1905 Омузйшгоҳи инженерии баҳрӣ, с. 1910 Академияи баҳрии Петербургро хатм намуд. С-ҳои 1910—12 дар з-ди Балтика кор кард. С-ҳои 1912—16 дар омузишгоҳи баҳрӣ (Кронштадт), 1920—34 дар Академияи ҳарбии …
Муфассал »ШИЛЛИНГ
ШИЛЛИНГ, 1) тангаи англисӣ ва воҳиди пули Британияи Кабир (то февp. 1971), ки ба 12 пенс ё 1/20 фунт стерлинг баробар аст; 2) воҳиди пули Австрия, ки ба 100 грош баробар аст. Мувофиқи қурби Банки давлатпи СССР (май 1982) 100 Ш.-и австр. ба 4-суму 40 тин баробар; 3) воҳиди пули …
Муфассал »