ШИФТ, сақфи биноро гӯянд. Ш.-и ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёнаро ба ҳар намуд месохтанд. Ба сифатяи масолеҳи Ш. хишти хому пухта, санг, чуб ва ғ. истифода мешуданд. Дар гузашта ба шакли гумбаз сохтани шифти биноҳои бузурги бошукуҳ (масҷид, мақбара, Мадраса, корвонсарой ва ғ.) маъмул буд. Аксари биноҳои истиқоматие, ки дар а-ҳои …
Муфассал »«ШИФО»
«ШИФО», ниг. «Китоб-уш-шифо».
Муфассал »ШИРШАВЛА
ШИРШАВЛА, шулла, шуллаи ширӣ, як навъ хуроки миллист, ки аз қадим байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи пухтани Ш. дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон қариб як хел аст. Ба деги обдор биринҷи шустаро андохта, то нимпаз шуданаш меҷӯшонанд. Баъд ба дег шир андохта (ба 300 г биринҷ …
Муфассал »ШИФЕР
ШИФЕР (нем. Schiefer), масолеҳи бинокориро гӯянд, ки маъмулан аз асбоцемент тайёр карда шуда, барои пушидани бом истифода мебаранд.
Муфассал »ШИРЧОЙ
ШИРЧОЙ, як навъ таоми миллӣ, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Онро ин тавр тайёр мекунанд. Обро дар дег ҷӯшонида ба он каме чои хушк (бадали чой, ягон чизи дигар: алафи ҷояк, чойкаҳак, навдаи санҷид, чормағз ва ғ.) ва мувофиқи табъ намак ҳамроҳ карда, …
Муфассал »ШИРУ ШАКАР
ШИРУ ШАКАР, ниг. Муламмаъ.
Муфассал »ШИРРАВҒАН
ШИРРАВҒАН, ширрӯған, як навъ хуроки миллист. Ш.-ро дар дег ҷушонда баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехуранд. Ш.-ро баъзан ҳамчун хуроки парҳезӣ мехуранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон Ш. ро дар туйи арусӣ дар таги чодар аввал арусу домод, баъд ҳозирон ба ҷои шарбат …
Муфассал »ШИРПОЛО
ШИРПОЛО, полояк, асбоби чанбардорест, ки дар он ширро полоянд, як навъ филтрест (ниг. Филтр),барои тоза кардани шир аз омехтаҳои механикӣ. Қисми асосии кории Ш.элементи софкорист, ки дар роҳи ғулбаҳои ширгузар ҷой гирифтааст. Элементи софкорӣ аз филтри фланелин ивазшавандае, ки он дар ҷилди турин ҷойгир шудааст иборат мебошад. Шир зери фишор …
Муфассал »ШИРМОЛ
ШИРМОЛ, як навь нон, ки аз қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Хамири Ш.-ро аз орди гандум, нахуди куфта тайёр мекунанд. Ба ин хамир (хамири Ш. бояд сахт бошад), андак шакар, зира, равғани гусфанд ҳамроҳ менамоянд. Дар баъзе маҳалҳои Ленинобод ба хамири Ш. барои хушхур шуданаш …
Муфассал »ШИРКАДУ
ШИРКАДУ, як навъ таом. Аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷдумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Ш. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел аст. Кадуи расидаро аз пуст ҷудо карда мешуянд, онро одатан чоркунҷа-чоркунҷа бурида, дар об маҳин меҷушонанд. Баъд ба вай шир андохта ба мисли …
Муфассал »