ЭРКАБОЕВ Рустам Сулаймонович (29. 1. 1913, Хуҷанд — 13. 6. 1963, ҳамонҷо), актёр ва режиссёр» советии тоҷик. Арт. Халқии РОС Тоҷ. (1960). Аъзои КПСС аз с. 1947. Фаъолияти санъаткориашро аз с. 1933 cap карда, то охири умр дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод кор кард. Ролҳои …
Муфассал »ЭРЕНБУРГ Илья Григорьевич
ЭРЕНБУРГ Илья Григорьевич (27. 1. 1891, Клев —31. 8. 1967, Москва), нависандаи советии рус, ходим» ҷамъиятӣ. Дар романҳои «Хулио Хуроппто» (1922), «Шикасти Париж» (1941) сохти буржуазиро танқид кардааст. Мавзуи романи «Рузи дуюм» (1933) тасвири рузгори советӣ, сохтмони социализм, «Туфон» (1940—47) Ҷанги дуюми ҷахонист. Дар китоби «Ҷанг» (1642— 44) асарҳои публицистии …
Муфассал »ЭРГАШЕВА Ҷаҳон
ЭРГАШЕВА Ҷаҳон (тав. 1928, р-ни Пролетари вил. Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948), қаҳрамонмодар (1972). Аъзои КПСС аз с. 1963. Курси 3-солаи аграномии Сталинободро (1957) хатм кардааст. С-ҳои 1941 —44 колхозчӣ, 1944—50 сардори звено, 1950—53 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1957—1966 агрономи к-зи «Съезди 22-юми партия», 1966—71 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз …
Муфассал »АБУТОҲИРИ ТАРТУСӢ
АБУТОҲИРИ ТАРТУСӢ Муҳаммад ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафот номаълум), достонсарои форс-тоҷик (асри 11). Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Тарсусӣ низ зикр шудааст. Абутоҳирӣ Тартусӣ дар сарчашмаҳо муаллифи достонҳои «Абумуслимнома», «Қаҳрамоннома», «Искандарнома», «Қирони Ҳабашӣ», «Мусайибнома», «Қиссаи Ҷамшед», «Ҳушангнома», «Доробнома», «Айёрнома» ёд шудааст. Абутоҳирӣ Тартусӣ достонҳояшро забонӣ гуфтааст, сипас онҳоро касони …
Муфассал »АБУТАММОМ ҲАБИБ
АБУТАММОМ ҲАБИБ (796, деҳаи Ҷосими назди Димишқ – 843, Мавсил), шоири араб. Аз насрониён буд, вале ба дини ислом гаравид ва худро ба қабилаи Тай нисбат медод. Ба кишварҳои гуногуни араб – Шом, Миср, Ироқ сафар кардааст. Муддате дар хидмати дарбори халифа Муътасим буд. Аз Абутаммом Ҳабиб девони ашъор иборат …
Муфассал »АБУТАЙИБИ ТОҲИР
АБУТАЙИБИ ТОҲИР, (861, Марв -913, Бухоро), мусиқишиноси форсу тоҷик. Аз донишмандони илми мусиҷии аҳди Сомониён. Асосҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро назди Абулаббоси Сарахсӣ (вафот 899), Аҳмади Сарахсӣ (вафот 901), Абулаббоси Бахтиёр (вафот 920) омӯхтааст. Дар омӯзишу тарғиби осори хаттии паҳлавӣ, шарҳу тафсири асарҳои донишмандони Юнони Қадим – Арасту, Афлотун, Никомах, …
Муфассал »АБУТАЙИБИ САРАХСӢ
АБУТАЙИБИ САРАХСӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Аз шоирони давраи Сомониён. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳо (масалан, «Маҷмаъ- ул-фусаҳо»-и Ҳидоят) намунаҳои ашъорш омадаанд. Абёти зерин аз ӯст: Эй подшохи рӯи замин, давр аз они туст, Андешаи тақаллуби даврон куну замон. Бехе нишон, ки давлати …
Муфассал »ЭРБЕЛО Моленвили де Бартелеми
ЭРБЕЛО Моленвили де Бартелеми (1625—1695), шарқшиноси франсавӣ. Дар Коллеҷи Франция аз забонҳои Шарқ дарс гуфтааст. Китоби сеҷилдаи «Фарҳанги шарқшиносӣ…»-ро с. 1627 таълиф намудааст. Дар он Э. дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоирону адибони форс-тоҷик Рудакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хисрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва диг. маълумот додааст. Асари Э. …
Муфассал »ЭРАҶ МИРЗО Ҷалолулмамолик
ЭРАҶ МИРЗО Ҷалолулмамолик (1874, Табрез—1926, Теҳрон), шоири эронӣ. Аз оилаи шоҳзодаи фақиргаштаи қочор. Аз хурдӣ ба шеъргуи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмҳои мантиқ, фалсафа, маонӣ ва баёнро омухт. Забонҳои арабӣ, туркӣ, франсавӣ ва русяро аз бар кард ва ҳунари хаттотиро низ ёд гирифт. Фақирона мезист. С. 1892 ба дарбори …
Муфассал »ЭРАТОСФЕНИ КИРЕНӢ
ЭРАТОСФЕНИ КИРЕНӢ (тақр. 276—194 то м.) олими Юнони Қадим. Дар Александрия ва Афина маълумот гирифтааст. Асосгузори математикаи ҷуғрофист. Бори аввал радиуси Заминро муайян кардааст. Доир ба математика (назарияи ададҳо), астрономия, фалсафа ва мусиқӣ рисолаҳо дорад. Баъзе қисмҳои алоҳидаи рисолаҳои мазкур то замони мо омада расидаанд.
Муфассал »