ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3—2 то м.—а-ҳои 5—6 м., ки дар қисмати ғарбии деҳаи Бободархони p-ни Ашти вил. Ленииобод воқкеъ аст. Қабристон с. 1954 кашф шуда буд. С. 1955 онро бостоншииосони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. таджик, карданд. Ду намуди қурум ошкор гардид; теппаҳои гуруҳи якум шакли …
Муфассал »«ҚАБАСОТ»
«ҚАБАСОТ», асари файласуфи эронӣ Саид Муҳаммадбоқири Астарободии машҳур ба Мирдомод (а. 17). Номи пурраи асар «Қабасот-ул-ҳад-ул-ядян фӣ-қудус-ил-олам». Он масъалаҳои чигунагии судури оламро дар бар мегирад. «Қ.» аз 10 боб иборат буда, ҳар боб «қабас» номида шудааст. Бобҳояш ба масъалаҳои қудуси олам, ҳаракат, замон, макон ва воҷибалвуҷуду имконалвуҷуд оид aст. М. …
Муфассал »ҒУРАОБ
ҒУРАОБ, як навъ нушокии миллии тоҷикист, ки одатан аз ғураи ангур тайёр мекунанд: ғураи ангурро бо гуштқимакунак (теғашро гирифтан зарур) майда карда, обашро аз дока ё дигар софкунак гузаронида намак мепошанд. Сипас онро барои такшин шуданаш дар ягон зарфи сирдор як шаборӯз нигоҳ медоранд. Баъди такшин шудани F. онро ба …
Муфассал »ҒУЛИНГОБ
ҒУЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нушокии миллии тоҷикист. Fyлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25—30’) мерезанд. Сипас, сарпуши зарфро пушида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғулингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғулинг беҳад ширин бошад, ба андозаи нам шудани оби F. ба …
Муфассал »ҒУЛАБУР
ҒУЛАБУР, арраи ғулабурӣ, як навъ арраест барои ғулабурӣ.
Муфассал »ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ
ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ (с. тав. номаълум, Ҳисор — ваф. 1558/59, ш. Аграи Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, нашъу намо ёфт. Ба тасаввуф таваҷҷуҳ дошт. Ба Ҳиндустон рафта, хидмати дарбори Акбарро ба уҳда гирифт. Девонаш то ҳол дастрас нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо омадаанд. Ин байтҳо аз уст: Даҳони …
Муфассал »ҒУРАК
ҒУРАК, Хурак (с. тав. номаълум — ваф. 737). ихшиди Суғд (710 —737). F. баъди аз тахт ронда шудани Тархун ба сари ҳокимият омад. Вақте ки Қутайба баъди ишғоли Бухоро ба Самарқанд ру овард, F. ба ҳокими Шош, ихшиди Фарғона ва хоқони турк муроҷиат карда, онҳоро барои муборизаи якҷояи зидди арабҳо …
Муфассал »ҒУЛОМҶОН Шоҳсолеҳзода
ҒУЛОМҶОН Шоҳсолеҳзода (1888. Мунҷони Афғонистон —1945, деҳаи Баррушони p-ни Рушони ВАБК), шоири халқии тоҷик. Ғ. дар сини даҳсолагӣ аз Мунҷон ба Баррушон оамада, он ҷо муқим шуд. Шеърҳои Б., ки аксар ғазал, мухаммас ва мусаммати мураббаъ мебошанд, дар васфи В. И. Ленин ва ғояҳои абадзиндаи у, большевикон, Ҳукумати Советӣ ва …
Муфассал »ҒУЛОМОВ Минхоҷ
ҒУЛОМОВ Минхоҷ (тав. 3. 9. 1929, Самарқанд), психиатри совети, доктори илмҳои тиб (1965), (1966). профессор 1956). Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷ. 1964). Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1953. Ин-ти тиббии ба номи И. П. Павлови Самарқандро хатм намудааст (1952). С-ҳои 1952 —60 ординатори Ин-ти тадқиқоти илмии …
Муфассал »ҒУЛОМОВ Анвар
ҒУЛОМОВ Анвар (тав. 10. 5. 1920, деҳаи Ҳасании p-ни Свои, вил. Қурғонтеппа —23. 6. 1982, ш. Орҷоникидзеобод), сароянда ва актёри театри халқӣ. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷ (1960). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). С-ҳои 1945—46 котиби дуюми Комитет камсомолӣ, 1946—55 ва 1961—62 мудири …
Муфассал »