Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУЛОМОВ Минхоҷ

ҒУЛОМОВ Минхоҷ

ҒУЛОМОВ Минхоҷ (тав. 3. 9. 1929, Самарқанд), психиатри совети, доктори илмҳои тиб (1965), (1966). профессор 1956). Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷ. 1964). Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1953. Ин-ти тиббии ба номи И. П. Павлови Самарқандро хатм намудааст (1952). С-ҳои 1952 —60 ординатори Ин-ти тадқиқоти илмии психиатрии Москва ва аспирант Ин-ти умумииттифоқии психиатрияи умумию судии ба номн В. П. Сербский, с-ҳои 1957—60 ассистент, аз с. 1960 мудири кафедраи психиатрия ва дар як вақт (аз с. 1974) проректори Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон. Ғ. муаллифи зиёда аз 215 асару мақолаҳои илмист. Тадқиқоти Ғ. ба масъалаҳои актуалии психиатрия оиданд. Ғ. аввалин шуда алоқаи патогенези (мабдаъ)-и синдроми Кандинский (автоматизми руҳия)-ро бо бемориҳои асосие (мас., шизофрения), ки зимни онҳо иллати номбаршуда инкишоф меёбад, муайян кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷ. ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Бо орденҳои Революцияи Октябрь, «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …