Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН

ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН

ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3—2 то м.—а-ҳои 5—6 м., ки дар қисмати ғарбии деҳаи Бободархони p-ни Ашти вил. Ленииобод воқкеъ аст. Қабристон с. 1954 кашф шуда буд. С. 1955 онро бостоншииосони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. таджик, карданд. Ду намуди қурум ошкор гардид; теппаҳои гуруҳи якум шакли муайяни геометрӣ надоранд. Дар байни ин қабил теппаҳо гури чоркунҷа ҳаст, ки онро бо тахтасанги калон пушонидаанд. Гурхонаи гуруҳи дуюми қурумҳо байзашакл буда, сақфаш муқаррарист. Кенотафҳо (кабрҳои бемайит) низ дучор меоянд. Аз қабрҳо асбобу анҷоми зиёди биринҷӣ (ҳалқаҳо, ангуштаринҳо, пораҳои оинаҳо), маснуоти оҳанин (сагаки тасма, пайконҳо, кордҳо), зарфҳои сафолӣ, чархдук, муҳраҳои сангину шишагӣ ва ғ. ёфт шуданд.

Ад.: ЛитвинскийБ. А., Курганы и нурумы Западной Ферганы, М., 1972.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …