Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 123)

Гуногун

ТАБАРОВ Нур

tabarov-nur

ТАБАРОВ Нур (таваллуд 15. 7. 1941, деҳаи Ғешии раёни Орҷоникидзеобод), нависанда ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи зиёӣ. Аъзои КПСС аз соли 1969. Университети Давлатии Тоҷикистон (1962) ва Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии КПСС-рохатм кард (1976). Ходим ва ҷонишини муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1962— б8), мухбири газетаи «Комсомолская правда» …

Муфассал »

ТАБАРЗИН

tabarzin

ТАБАРЗИН як навъ яроқи табаршакл, ки онро сипоҳиён дар пеши зини асп овезон мекарданд ва қаландарон ба даст гирифта мегаштанд. Табарзин дар асрҳои миёна аслиҳаи ҷангии саворагон низ ба шумор мерафт. Зиреҳпӯшро чун табарзин задӣ, Гузар кардӣ яз марду бар зин задӣ. (Саъдӣ)

Муфассал »

ТАБАР

113754_1

ТАБАР, асбоби рӯзгор, олати филизиест барои буридани чӯбу дарахт, майда кардани ҳезум, гӯшт ва ғайра.Дараввалинеолитпайдошуд. Аввалҳоаз санг месохтанд. Табари сангӣ фонашакл буда, онро ба нӯги дастаи чӯбӣ мебастанд. Дар охири неолит Табариҳои сангин суфта маъмул гардиданд; Дар асри биринҷӣ Табарҳои мисӣ ва биринҷии сӯрохдор пайдо шуданд. Дар асри оҳантабари оҳанаш …

Муфассал »

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абӯлфутӯҳ

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абӯлфутӯҳ Яҳё ибни Ҳабаш ибни Амирак (тақрибан 1153, Сӯҳраварди Эрон —29. 7. 1191, Ҳалаб), файласуфи форс-тоҷик, муассиси ҷараёни фалсафии ишроқия (мулаққаб ба Шайхулишроқ ва Шайхулмақтул). Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба Мароға сафар намуд, он ҷо аз устодаш Маҷдуддияи Ҷилӣ улуми динва ҳикматро омӯхт ва …

Муфассал »

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Шайхулислом (1144, Сӯҳраварди Эрон—1234, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони Сӯҳравардия. Дар Бағдод дар назди амаки худ Абӯнаҷиб Абдуллоҳи Сӯҳравардӣ улуми расмию шаръӣ ва тариқати сӯфияро омӯхт. Сӯҳравардӣ дар охири умраш ба ориф ва шоири маъруфи Миср Ибни Форис вохӯрд, бо Ибни …

Муфассал »

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ

СӮҲРАВАРДӢ Абӯнаҷиб Абдулқодир ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба Зиёуддин (1097, Сӯҳраварди Эрон—1167 Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони силсилаи Сӯҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омад. Баъди касби улуми расмӣ фиқҳи шофеиро аз Асадии Миҳонӣ омӯхта, муддате дар мадрасаи Низомия мударрис шуд. Аҳмади Ғазолиро дар тариқат муршиди худ медонад. Муддате дар Димишқ …

Муфассал »

СӮҲРАВАРДИЯ

СӮҲРАВАРДИЯ (аз номи маҳаллаест дар Эрон), як силсилаи тасаввуфро гӯянд, ки асосгузори он Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммади Сӯҳравардӣ буд. Мувофиқи маълумоти сарчашамҳои асрҳои миёна Суҳравардӣ шогирд ва бародарзодаи Абӯнаҷиби Сӯҳравардист. Шаҳобуддин Муҳамади Сӯҳраварди Сӯҳравардияро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуд ва зинаҳои асосии маърифати ирфониро инкишоф дод. Силсилаи Сӯҳравардияро Баҳоуддин …

Муфассал »

СУФӢ Сӯфихоҷаи Бухороӣ

СУФӢ Сӯфихоҷаи Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1877), шоири тоҷик. Дар Бухоро зиндагӣ ва таҳсил кардааст. Ба қавли Возеҳ «… дар ҳар илм аз маъқулу манқул ҳозиру воқиф» буд. Муддате вазифаи қозикалони шаҳрҳои Самарқанду Бухороро ба ӯхда дошт. Дар айёми пирӣ мударриси мадрасаҳои Говкушон ва Кӯкалтош буд. Ашъори Суфӣ …

Муфассал »

СУФИХОНОВА Фотима

СУФИХОНОВА Фотима (таваллуд 6. 10 1928, деҳаи Паткиноби ноҳияи Қалъаихум, ВАБК), кирмакдор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1960), қаҳрамонмодар (1973). Аз соли 1942 ин ҷониб кирмакдори совхози ба номи Юлиус Фучики раёни Қалъаихум. Суфихонова аз ҳар қуттии тухми кирмак муттасил 110—115 кг пилла мегирад. Дар инкишофи кирмақдории район саҳми арзанда дорад. Бо …

Муфассал »