Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 31)

Биология

ТУХМДОН

tuxmdon

ТУХМДОН, пестик (рistillum), узви самаровар (репродуктивӣ)-и гулро гӯянд. Тухмдон дар миёнаҷои гул ҷойгир шудааст. Тухмдон аз гардгирак, сутунча ва ғӯрак иборат аст. Дар ғӯрак тухммуғҷа ҷой гирифтааст ва аз он баъди гардолудӣ гухм ташаккул меёбад, аз девораи ғӯрак мевапарда ҳосил мешавад. Тухмдон (ё тухмдонҳо агар тухмдони гул якчандто бошад) баъди …

Муфассал »

ТУТИҲО

Common fig

ТУТИҲО (Moraceae), оилаи буттаву дарахти ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёҳҳост (Dorstema, Fatona). Танаву шох ва барги аксари тутиҳо шираи ширмонанд доранд. 60—85 ҷинси растаниҳоро муттаҳид мекунанд, алалхусус дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаровонанд. Дар Тоҷикистон аз тутиҳо махсусан анҷир ва тут маъмуланд. Инчунин баъзан канакунҷид ва канабро мепарваранд. Тутиҳо …

Муфассал »

ТУТАНҶИР

tutanjir

ТУТАНҶИР, фикус (Ficus), ҷинси буттаву дарахтон ва баъзе лианаҳост аз оилаи тутиҳо. Дарахти тутанҷир то 40 м қад мекашад ва диаметри танааш 3—5 м мешавад. Барги тутанҷир одатан бедандонаи яклухт (дарозиаш дар баъзе намудҳои тутанҷир то 60—70 см) аст. Ҳама узвҳои тутанҷир шираи сафеди ширмонанд дорад. Гулаш майдаи асосан якҷинса, …

Муфассал »

ТУТАКАЛӢ

tutakali

ТУТАКАЛӢ, тутакалит, тутакалак, зангбуя, зангпоя, мушлак, мушбӯяк, алафи муш, шавкарон (Сonium makulatum), як навъ гиёҳи бадбуи хеле pаҳрнок (аз оилаи чатргулҳо). Бехаш дукшакли сафедтоб. Пояаш рост, дарунхолӣ, сершох, то 2 м қад мекашад. Баргҳои қисми поёни поя думчадароз, сегӯшаи паршакл (дарозиашон то 90 см ва барашон то 70 ом), миёна …

Муфассал »

ТУТАК

ТУТАК, тутгулак, тутгазак, тутғӯзак (Роterium роlugamum), як навъ гиёҳи худрӯест аз оилаи настараниҳо. Гиёҳи серпоя ва бисёрсолаест, ки 40—90 см қад мекашад. Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, алафзор, нишебиҳои сантлох ва шағалҷойҳо (қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшов, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ; 1000—2500 м аз сатҳи баҳр), инчунин чун …

Муфассал »

Ангури ТУТАК

angur

ТУТАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз. Баргаш калони 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш хеле калон (андаряк 560 г, баъзан то 1400 г мешавад), ғужбаш калони дарозрӯя, сафедчаи зардтоб, сероб, хуштаъм, пӯсташ нафис, 2—4- то тухм дорад. Охирҳои май гул карда, охири июл мепазад. Барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Даври нашваш 146—150 …

Муфассал »

ТУТ

tut

ТУТ (Могив), як навъ дарахтест аз оилаи тутҳро. То 35 м қад мекашад. Баргу шоху навдааш шираи сафед дорад. Гулаш майдаи дуҷинса, хӯшагулаш «гӯшворак», мевааш серобу сершира ва сертухм (дарозиаш 1—5 см), сафед, гулобӣ, сурх ва бунафши сиёҳтоб. Бештар тути сафед (балхӣ) ва шаҳтут (тути сурх) маъмул аст. Тути сафед …

Муфассал »

ТУРШМУРУД

murud

ТУРШМУРУД, турушмурӯд, як навъ мурӯди маҳаллист. Дарахташ аз 7 то 16 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳои ғафсаш хокистарии сиоҳтоб, шохҳои борикаш бӯртоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 8 см, бараш 4 см), мевааш лӯнда (апдаряк 81 г), пӯсташ ғафсу сахт ва ҷилодор, сабзтоб (тарафи офтобрасаш сурхи зардча), мағааш сафеди гулобитоб, …

Муфассал »

ТУРШАКИҲО

trshak

ТУРШАКИҲО, шабдартуршакиҳо (Охаlidaciae), як оилаи растаниҳои дупаллагиро гуянд, ки асосан гиёҳҳо, баъзе нимбуттаву буттаҳо ва дарахтони хурдро дар бар мегиранд. Барги онҳо панҷащакл ё пармонанд буда, дар шоху навдаҳо пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Гули дуҷинса, меваи «чормағзак» доранд. Туршакиҳо растаниҳои доруӣ, асаловар ва ғизоианд. Барги баъзе уршакиҳо сервитамин (витамини …

Муфассал »

ТУРШАК

trshak

ТУРШАК, 1) оксилис, номи умумии якчанд навъ гиёҳро гӯянд (нигаред низ Шабдартуршак, Шилха), 2)    як навъ себи сурхи ҷойдорист. Махсусан дар баъзе ноҳияҳои водии Фарғона маъмул аст. Одатан ҳар навъ меваеро, ки таъми турш дорад, «туршак» мегӯянд; 3) аштак ва зардолуқоқи бедонакро гӯянд.

Муфассал »